ДАВЛАТИ МИЛЛӢ ВА ФАРҲАНГИ ХУДШИНОСӢ
(Дар ҳошияи мақолаи профессор С. Ятимов «Эҳёи миллат – бақои давлат»)
Яке аз нигоштаҳои бунёдии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон С. Ятимов, ки бо номи «Эҳёи миллат – бақои давлат» дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ( 24. 08. 2023, № 171) нашр гардид, ҳарчанд аз лиҳози ҳаҷм чандон бузург нест, аз нигоҳи муҳтаво бисёр пурбор, гуногунҷанба ва муфиду фундаменталӣ мебошад.
Ба андешаи профессор С. Ятимов, асоситарин омилҳое, ки пояҳои давлати миллиро халалдор намуда, барои рушду инкишофи ҳамаҷонибаи он монеа эҷод менамоянд, таассуб, хурофот, фанатизми динӣ ва мазҳабӣ мебошанд, ки омилҳои мазкур эҳсоси тоҷик будан, тоҷикият, эҳтиром, муҳаббат ва садоқатро ба мафҳуми миллат, Ватан ва ватандорӣ нобуд месозанд.
Ба таври куллӣ, дар низоми андешаи профессор С. Ятимов арзишҳои фарҳангӣ ва маънавиёти миллӣ бахши қобили мулоҳизаро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла, ба назари профессор С. Ятимов «фосила гирифтан аз арзишҳои миллӣ, саҷда овардан ба хурофот ва фарҳанги бегона ҳамчун натиҷа раванди босуръати рӯз ба рӯз ифротишавии ҷомеа, ҷилвагар шудани номи намояндагони миллат дар ҳар кунҷу канори дунё дар алоқамандӣ бо кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ обрӯ ва манзалати миллатро дар назди оламиён шадидан коста мегардонад».
Бидуни шак, таъмини амнияти миллии давлатро танҳо бо тақвияти иқтидори дифоӣ, афзудани коромадии фаъолиятҳои неруи низомӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ метавон таъмин кард. Пояи аслии амнияти миллӣ замоне гузошта мешавад, ки мардум бо фарҳанги аслии худ шиносоии комил дошта, арзишҳои онро бишиносанд ва аз тавонмандиҳои он бар муқобили таҳоҷуми фарҳангҳои бегона дуруст истифода карда тавонанд.
Амнияти миллӣ ва фарҳанги миллӣ миёни ҳам иртиботи ногусастанӣ доранд. Бинобар ин, агар ҳар душмане бихоҳад, бар миллате ва ё пайкари ҳувиятии он зарба бизанад ва аслҳои ҳувиятии онро нобуд созад, дар марҳалаи аввал пояҳои фарҳангии онро заиф намуда, шохисаҳои аслиашро аз миён мебарад. Нобудӣ ва таҳрифи миллат аз заволи арзишҳои миллию фарҳангӣ оғоз ёфта, дар натиҷа таъсиргузории фарҳангҳои бегона ва ҳадафҳои аҷнабиён, ба мисли хурофот, таассуб, даҳшатафзоӣ, хирадзудоӣ ва ғайра дар қолаби «фарҳанг» ба омма таҳмил мешавад.
Аз ҷумлаи чунин омилҳо, ки хатари мустақим ва таҳдиди ҷиддӣ ба истиқлоли давлат, якпорчагию ҳамдилии миллат, фарҳанг ва ҳувият маҳсуб мешаванд, терроризм, ифротгароӣ ва таассубу хурофот мебошанд. Омилҳои мазкур, ҳам дар алоҳидагӣ ва ҳам дар алоқамандӣ, ба низом ва сохтори воҳиди дилхоҳ ҷомеа осебҳои маргбор ворид намуда, пайкари устувори онро рахнадор сохта ва, ҳатто метавонанд аз миён бубаранд. Ин омилҳо ба осонӣ ҷомеаи солимро аз масири таббии рушду инкишофи худ берун сохта, аз ҷомеасозии қонунманд, фарҳангсозӣ, нақшофаринӣ дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа, маънавиятгароӣ, коромадӣ, шодзистӣ ва ғайра дур мекунанд.
Мутаассифона, майдони тохтутози хурофотгароёну хурофотгустарон ва бадандешону террористон замоне боз ва густарда буд ва колбаду руҳ ва равони устувори давлату миллати тоҷикро дардманд сохт. Хушбахтона, тавассути ҷоннисориҳо ва азхешгузаштанҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсатгузориҳои дурусту дурандешона майдонашон барчида шуд.
Вале, бо ин вуҷуд, чуноне ки профессор С. Ятимов таъкид мекунад, «бо нохун роҳ дар хоро буридан, фурӯ рафтан ба оташдон нагунсон басе осонтар» аз бозсозӣ ва дигаргун сохтани шуури онҳоест, ки гирифтори ҳамин тарзи ҷаҳонбинии устуравӣ (мифологӣ) ва бедалел ҳастанд. Аз ин рӯ, вазифаи мо аҳли фарҳангу маориф аст, ки бо такя ба ҷаҳонбинии илмӣ, фарҳанги ноби тоҷикӣ ва арзишҳои он бар муқобили андешаҳои носолими чунин афрод мубориза барем.
Мо бо итминон гуфта метавонем, ки фарҳанги тоҷикӣ иқтидор ва тавонмандии мубориза бо тамоми хатарҳову таҳдидҳои минтақавию ҷаҳониро дорад. Фарҳанги миллии тоҷикӣ дарвоқеъ, ба унвони як фарҳанги ғанӣ аз он қудрате бархӯрдор аст, ки ба шоистагӣ метавонад барои таъмини амнияти миллӣ таъсиргузор бошад. Фарҳанги тоҷикӣ фарҳанги ҳувиятофарин аст. Бо такя ба низоми арзишҳо ва шинохти дурусти онҳо шахс ба унвони як фарди маданӣ ба камол мерасад.
Дарвоқеъ, нақши фарҳанг дар падид овардан ва шакл бахшидани ҳувияти ҳар як фард муҳим аст. Фарҳанги миллии тоҷикӣ бар асоси унсурҳои хеш тарбиятгари хуби дилхоҳ фард ва дар маҷмуъ, тамоми ҷомеа мебошад. Ҳар касе мехоҳад, ба камоли фитрию маънавӣ бирасад ва рушд кунад, фарҳанги тоҷикӣ метавонад, мӯҷиби рушду пешрафти ӯ гардад. Илова бар ин, фарҳанги тоҷикӣ хусусияти тамаддунсозӣ низ дорад. Нақши ин тамаддун дар бахши бузурге аз ҷаҳон машҳур аст. Ҳамчунин, муҳимтарин хусусияти фарҳанги миллии мо – тоҷикон ҷанбаи амниятии он маҳсуб мешавад, зеро он хусусияти инсонсозӣ дорад. Осори мондагори давраҳои гуногуни инкишофи миллати тоҷик ва ҷанбаҳои башардӯстии ин осор инкорнопазиранд.
Яке аз нукоти таъкидии профессор С. Ятимов дар навиштаи мазкур масъалаи дарки манофеи миллиро аз муҳимтарин вазифаҳои маорифи саросарии кишвар унвон кардан мебошад: «дарки манфиат, аз ҷумла манофеи миллӣ муҳимтарин вазифаи маорифи саросарии кишвар, воситаи моил намудани омма ба арзишҳои тамаддунӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ба ин восита пешгирӣ кардани бархӯрди омма бо хатари эҳтимолии фоҷиаи умумимиллӣ мебошад».
Ба назари бархе муҳаққиқон фарҳанг ва таълиму тарбияро ба унвони ҳавзаҳои муҳими пайкари иҷтимоӣ, ки бар амнияти миллӣ таъсир мегузорад, тавзеҳ дода, онро «унсури асосии зиндагии ҳар фард ва ҷомеа» унвон мекунанд. Аз ҷумла, ба андешаи Н. А. Бердяев ҳадафҳои ҷомеа на дар сиёсат ё иқтисод, балки дар фарҳанг таҳаққуқ меёбанд. Як қавм замоне зинда аст, ки фарҳанг зинда аст.
Аз ин рӯ, мо – омӯзгорон ва аҳли маорифу фарҳангро зарур аст, ки ба хурдтарин шохисаҳои фарҳангӣ, ки барои сохтани як фарди ақлгарову хирадсолор, хештаншиносу боҳувият, ватандӯсту меҳандӯст ва дорои ҷаҳонбинии илмӣ заруранд, таваҷҷуҳ намуда, аз онҳо истифода намоем. Зеро, чунонки профессор С. Ятимов таъкид мекунад: «эътиқод, тасаввур, хаёлот, орзуву ормони ғайриилмӣ, таассуб, хурофот, фанатизм, дилбастагӣ ба мавҳумот ва абстраксия наметавонанд ҷойгоҳи манфиатро иваз кунанд».
Муаллиф дар ин нигоштаи худ ба дурустӣ баён медорад, ки «ҳақиқати эътирофгардида аст, ки Даврони Эҳёи миллати тоҷик дар марҳилаи навин аз суханони Роҳбари тозаинтихобгаштаи давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Қасри Арбоб оғоз гардид. Минбаъд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханрониҳои барномавӣ, паёмҳо, таълифот ва таълимоти бунёдии худ барои ҳар фарди тоҷик ҳаётан муҳим будани Эҳёи миллатро асоснок кард. Принсипҳои асосӣ, сарчашма, роҳ, восита ва усулҳои ба он ноил гаштанро фаҳмонд. Ин равандро дар сиёсати амалӣ бо азму разми ҷавонмардӣ тавассути бузургтарин чорабиниҳои дар таърихи миллати тоҷик беназир собитқадамона тасдиқ намуд».
Бидуни шак, барои миллати тоҷик ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳадяҳои тақдир буд. Ин фарди фидокор аз табори мардони асили халқи худ – Куруши Кабиру шоҳ Исмоили Сомонианд ва бо истифода аз таҷрибаи таърихи гузаштагони пурифтихори хеш, истеъдод ва ҷасорати фитрӣ баҳри осоиштагии Тоҷикистон ҷадал намуда, истиқлолро таҳким бахшиданд.
Профессор С. Ятимов ба таври воқеӣ яке аз иқдомҳои наҷиби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таърихию сиёсӣ, шахсиятҳои сиёсӣ, фарҳангӣ ва илмию адабӣ медонад: «Бо ҷашн гирифтани 1100-солагии давлати Сомониён (соли 1999), эълони Соли тамаддуни ориёӣ (соли 2006), навиштани асарҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» (1996, 2002, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016) ва чандин таълифоти илмӣ-таърихӣ, сохтмони иншоотҳои бунёдии аср Пешвои муаззами миллати тоҷик худро ҳамчун эҳёгари анъана, суннат ва азамати ниёкон, зиндакунандаи маънавиёти Зардушт, Курушу Доро, роҳбари забардаст, масъулиятшинос ва худогоҳ, бунёдгузори таърихи навини миллати тоҷик муаррифӣ намуд ва мардумро ба истифода аз ин ганҷи бепоён, санадҳои худшиносиву меҳанпарастӣ, истиқлолхоҳиву меҳанпарастӣ даъват кард».
Воқеан, дар сиёсати Пешвои миллат арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва расму оинҳои мардумӣ, инчунин, баргузории солгарди бузургони илму адаб, сиёсат, маориф ва фарҳанги гузаштаву муосир, тарғибу ташвиқ, таҳқиқ ва таълими осору афкори онҳо мавқеи меҳварӣ дорад. Дар ин замина, дар кишварамон бо ибтикори Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои амалие, ба монанди дар сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифтани солгарди фарзандони фарзонаи миллат, аз қабили 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, 1100-солагии давлати Сомониён, 2700-солагии китоби муқаддаси «Авасто», Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ, 1000-солагии Носири Хусрав, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 1310-солагии Имоми Аъзам Абуҳанифа, 600-солагии Нуриддин Абдурраҳмони Ҷомӣ, 700-солагии мутафаккири барҷастаи Шарқ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таҷлил гардиданд. Мусаллам аст, ки ин иқдомот дар густариши эҳсоси ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва болоравии сатҳи маънавиёти ҷомеа такони ҷиддӣ бахшиданд.
Дар охир ба ин нукта таъкид кардан зарур аст, ки истиқлол асос ва пояи аслии ҷаҳони имрӯзии миллати тоҷик буда, ормонҳову ҳадафҳои миллӣ, таърихию фарҳангӣ ва инсонии моро дар худ таҷассум менамояд. Дар ин замон низ бо таваҷҷуҳ ба воқеоти сиёсие, ки дар минтақа рух медиҳанд, вазифаи аслии ҳамаи мо ҳифзи истиқлол ва тобеият аз раҳнамоиҳои ҳушмандонаву боҳикмати Пешвои миллат мебошад.
М. НИЗОМӢ, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, профессор,
А. АМИНӢ, муовини ректор оид ба илм ва рушди инноватсионӣ, дотсент