ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА  ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА  ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ИХТИРОЪ»

16 ноябр 2023, Панҷшанбе
21
0


Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №2, мод. 49; с. 2012, №7, мод. 707; с. 2013, №3, мод. 199; с. 2016, №11, мод. 888; с. 2019, №1, мод. 15) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми панҷуми моддаи 12, қисми якуми моддаи 19 ва қисмҳои шашум ва ҳафтуми моддаи 27 калимаҳои «пардохти боҷ» ва «боҷ» ба калимаи «пардохт» иваз карда шаванд.
2. Дар қисми ёздаҳуми моддаи 20, қисми ёздаҳуми моддаи 21 ва қисми якуми моддаи 34 калимаҳои «пардохта шудани боҷи» ва «пардохти боҷи» ба калимаи «пардохти» иваз карда шаванд.
3. Дар моддаи 25 калимаҳои «пардохта шудани боҷ», «пардохти боҷ», «пардохти боҷи» ва «пардохтани боҷро» мувофиқан ба калимаҳои «пардохт», «пардохт», «пардохти» ва «пардохтро» иваз карда шаванд.
4. Дар сархати сеюми қисми якуми моддаи 33 калимаҳои «напардохтани боҷи» ба калимаҳои «насупоридани пардохти» иваз карда шаванд. 
5.  Дар моддаи 39: 
- номи модда дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«Моддаи 39. Пардохтҳо»;
- дар матни модда калимаҳои «боҷ», «пардохтҳои корбарӣ», «пардохтҳои корбариро» ва «Боҷ ва пардохтҳои корбариро» мувофиқан ба калимаҳои «пардохт», «пардохт», «пардохтро» ва «Пардохтро» иваз карда шаванд.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон   Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 1997

Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1139

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад: 
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 419

Санаи нашр: 16.11.2023 №: 227-228
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив