ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МОЛИЯИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 июни соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 6, мод. 436; с. 2013, № 3, мод. 189, № 11, мод. 784; с. 2016, № 5, мод. 367; с. 2018, № 5, мод. 286) тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:
1. Дар матни Қонун калимаҳои «маҷмӯи», «Маҷмӯи», «мӯҳлати», «мӯҳлат», «мӯҳлатҳои», «ӯҳдадории», «ӯҳдадорӣ», «ӯҳдадориҳои», «ӯҳдадориҳо», «ӯҳдадор» ва «Ӯҳдадориҳое» мувофиқан ба калимаҳои «маҷмуи», «Маҷмуи», «муҳлати», «муҳлат», «муҳлатҳои», «уҳдадории», «уҳдадорӣ», «уҳдадориҳои», «уҳдадориҳо», «уҳдадор» ва «Уҳдадориҳое» иваз карда шаванд.
2. Дар сархати сездаҳуми моддаи 2 калимаҳои «ин ё он мақсад» ба калимаҳои «мақсадҳои муайян» иваз карда шаванд.
3. Дар сархати шашуми моддаи 8 калимаи «натиҷанокии» ба калимаи «натиҷабахшии» иваз карда шавад.
4. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 10 калимаи «феҳристу» ба калимаҳои «номгӯй ва» иваз карда шавад.
5. Дар қисми 3 моддаи 11 калимаҳои «мақоми ваколатдори» ва «мегардонад» мувофиқан ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори» ва «мегардонанд» иваз карда шаванд.
6. Ба сархати панҷуми моддаи 25 пас аз калимаи «иҷроияи» калимаи «марказии» илова карда шавад.
7. Дар сархати чоруми қисми 1 моддаи 26 калимаҳои «додан ё гирифтани» ба калимаи «додугирифти» иваз карда шаванд.
8. Дар сархатҳои шашум ва ёздаҳуми моддаи 27 калимаҳои «додан ё гирифтани» ва «оид ба танзими муносибатҳои ҳуқуқии» мувофиқан ба калимаҳои «додугирифти» ва «дар соҳаи» иваз карда шаванд.
9. Дар моддаи 30:
- ба сархати дувоздаҳум пас аз калимаи «ҳисоботи» калимаи «молиявии» илова карда шавад;
- дар сархати шонздаҳум калимаҳои «ҳуқуқ дорад» хориҷ ва калимаи «намояд» ба калимаи «менамояд» иваз карда шаванд;
- дар сархати ҳаждаҳум калимаҳои «Бонки давлатии» ва «дар соҳаи қонунгузории буҷетию молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки» ва «дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия ва буҷет» иваз карда шаванд;
- дар сархати бистудуюм калимаи «шӯъбаи» ба калимаи «шуъбаи» иваз карда шавад.
10. Дар сархатҳои якуми қисмҳои 2 ва 3 моддаи 32 калимаҳои «самарабахш» ва «миёнамӯҳлати» мувофиқан ба калимаҳои «самаранок» ва «миёнамуҳлати» иваз карда шаванд.
11. Дар сархати якуми қисми 2 моддаи 33 калимаҳои «натиҷанокӣ, самарабахшӣ» ба калимаҳои «натиҷабахшӣ, самаранокӣ» иваз карда шаванд.
12. Дар сархати чоруми қисми 2 моддаи 34 калимаи «қонунгузорӣ» ба калимаҳои «қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» иваз карда шавад.
13. Дар матни моддаи 35 калимаҳои «миёнамӯҳлат» ва «дарозмӯҳлату миёнамӯҳлат» мувофиқан ба калимаҳои «миёнамуҳлат» ва «дарозмуҳлату миёнамуҳлат» иваз карда шаванд.
14. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 36 калимаҳои «шурӯъ» ва «барномавии стратегии» мувофиқан ба калимаҳои «шуруъ» ва «банақшагирии стратегии» иваз карда шаванд.
15. Дар сархати якуми қисми 4 моддаи 38 калимаи «миёнамӯҳлати» ба калимаи «миёнамуҳлати» иваз карда шавад.
16. Дар сархати якуми қисми 1 моддаи 39 калимаи «инкишофи» ба калимаи «рушди» иваз карда шавад.
17. Дар қисми 1 моддаи 41 калимаи «минтақаҳо» ба калимаҳои «вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо» ва дар сархати якуми қисми 1 моддаи 42 калимаи «миёнамӯҳлат» ба калимаи «миёнамуҳлат» иваз карда шаванд.
18. Ба сархати нуҳуми қисми 1 моддаи 44 пас аз калимаҳои «пешбинӣ мегардад» аломат ва калимаҳои «(ҳангоми зарурат)» илова карда шаванд.
19. Дар матни моддаи 47 калимаи «мӯътадилии» ба калимаи «муътадилии» иваз карда шавад.
20. Дар қисмҳои 1 ва 2 моддаи 50 калимаҳои «соли равон» ва «қонунгузории» мувофиқан ба калимаҳои «соли тақвимӣ» ва «қонуни» иваз карда шаванд.
21. Дар сархати дуюми қисми 5 моддаи 51 калимаи «дарозмӯҳлат» ба калимаи «дарозмуҳлат» иваз карда шавад.
22. Дар қисми 1 моддаи 53 калимаҳои «соли равон» ба калимаҳои «соли тақвимӣ» иваз карда шаванд.
23. Дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи 54 калимаҳои «шӯъбаҳои» ва «самарабахши» мувофиқан ба калимаҳои «шуъбаҳои» ва «самараноки» иваз карда шаванд.
24. Дар сархати якуми қисми 3 моддаи 55 калимаи «самарабахши» ба калимаи «самараноки» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2009
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1141
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 431