ҶУМҲУРИЯТ » ҲУҶҶАТҲО » ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА  БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»

ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТУ ИЛОВА  БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН  «ДАР БОРАИ БОҶИ ДАВЛАТӢ»

17 ноябр 2023, Ҷумъа
111
0


Моддаи 1. Ба моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 2, мод. 51; с. 2005, № 12, мод. 630; с. 2006, № 12, мод. 541; с. 2008, № 6, мод. 460, № 12, қ. 2, мод. 1000; с. 2009, № 3, мод. 88; с. 2010, № 1, мод. 8, мод. 10, № 12, қ. 1, мод. 823; с. 2012, № 12, қ. 1, мод. 999; с. 2013, № 3, мод. 190; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 408; с. 2015, № 11, мод. 968, мод. 969, мод. 970; с. 2016, № 5, мод. 368; с. 2019, № 4-5, мод. 231; с. 2020, № 1, мод. 26, № 7-9, мод. 615; с. 2023, № 1-3, мод. 15, мод. 16.) тағйироту иловаи зерин ворид карда шаванд: 
- қисми 1 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:
«1. Боҷи давлатӣ тариқи ғайринақдӣ аз ҳисоби боҷсупоранда бо пули миллӣ тавассути ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва инфрасохтори дигари қабули пардохтҳои ғайринақдӣ пардохт карда мешавад.»;
- ба қисми 4 пас аз калимаи «пурра» калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ» илова карда шаванд; 
- дар қисми 7 калимаи «дода» ба калимаҳои «тариқи ғайринақдӣ пардохт карда» иваз карда шаванд. 
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
 
Президенти 
Ҷумҳурии Тоҷикистон            Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2006

Қарори Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон 
«Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни 
Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси   намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» қабул карда шавад.

Раиси Маҷлиси намояндагони 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                         М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1123

Қарори Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид 
намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 «Дар бораи боҷи давлатӣ»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» ҷонибдорӣ карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии 
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 428

Санаи нашр: 17.11.2023 №: 229-230
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив