ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН»
Моддаи 1. Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» аз 20 марти соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, № 3, мод. 194; с. 2013, № 7, мод. 525; с. 2018, № 1, мод. 32; с. 2019, № 6, мод. 331; с. 2020, №7-9, мод. 617) тағйироти зерин ворид карда шаванд:
1. Дар қисми 6 моддаи 29 калимаҳои «пардохти маблағ барои пешниҳод намудани» ба калимаҳои «ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда пардохт намудани маблағ барои пешниҳоди» иваз карда шаванд.
2. Аз сархати якуми қисми 1 моддаи 32 калимаҳои «(ба ариза пардохтномаи хизматрасонии мақоми бақайдгиранда замима мегардад)» хориҷ карда шаванд.
3. Дар қисми 2 моддаи 35 калимаи «пардохти» ба калимаҳои «ба суратҳисоби мақоми бақайдгиранда пардохт намудани» иваз карда шавад.
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз 1 моҳи интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 2023, № 2008
Қарори Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. ЗОКИРЗОДА
ш. Душанбе, 11 октябри соли 2023, № 1127
Қарори Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами ЭМОМАЛӢ
ш. Душанбе, 3 ноябри соли 2023, № 430