ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ ДАР ШАҲРИ ХОРУҒ

23 феврал 2023, Панҷшанбе
46
0
 
Бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати мамлакат иборат аз роҳбарони вазорату кумитаҳо таҳти  сарварии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар кард. 
Гурӯҳи корӣ сараввал аз мавзеи аз офати табиӣ зарардидаи маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ дидан кард. Сарвазири мамлакат бо оилаҳои аз офати табиӣ зарардида мулоқот анҷом дода, таъкид намуд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввали сар задани офати табиӣ дар фикру зикри  мардуми зарардида буда, дастур доданд, ки ҳарчи зудтар  барои  онҳо  сарулибос, рахти хоб ва маводи ғизоӣ  дастрас карда шавад ва, аллакай, мошинҳо бо  маводи зарурӣ  ба самти вилоят ҳаракат доранд. Таъкид гардид, ки ягон оилаи зарардида аз таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат дар канор намонда, барои дар фурсати кӯтоҳтарин ҷуброн ва барқарор кардани ин зарар тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ  мешаванд.
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо вазъи саломатии шахсоне, ки дар натиҷаи фаромадани тарма осеби ҷисмонӣ бардошта, ҳоло дар касалхонаи вилоятӣ ва дигар муассисаҳои табобатии шаҳри Хоруғ  табобат мегиранд, шинос шуд. Таъкид гардид, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои табобати саривақтӣ ва босифати ҳар шахси осебдида ба сохторҳои дахлдор дастурҳои мушаххас додаанд ва ҷиҳати  таъмини онҳо бо маводи зарурии доруворӣ чораҳои зарурӣ  роҳандозӣ  шудаанд. 
Таҳти раёсати Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода оид ба рафъи офатҳои табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласа баргузор гардид. Дар ҷаласа  Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Насрулло, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Мирзонабот Алишер Худобердӣ ва роҳбарони як қатор вазорату кумитаҳо иштирок намуданд. Раиси вилоят  дар оғози ҷаласа ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамешагиашон  ва, хусусан ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ дар вилоят, изҳори сипос  намуд. 
Сарвазири мамлакат саломи гарму самимии Роҳбари давлатро ба сокинони вилоят расонда,  ба касоне, ки ҳангоми рух додани офати табиӣ  наздиконашонро аз даст доданд, ҳамдардӣ  баён намуд. Зикр гардид, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз намегузорад, ки шаҳрвандони он ҳангоми рух додани ягон ҳодисаи нохуш худро танҳо ҳис намоянд. Гурӯҳи корӣ, ки алҳол дар вилоят  қарор дорад, нишонаи ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба шаҳрвандони он мебошад.
Таъкид шуд, ки аз лаҳзаҳои аввали сар задани офати табиӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъиятро таҳти назорат қарор дода, бо дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат тамоми имконият ва воситаҳои зарурӣ ҷиҳати расондани кумак ба сокинони зарардида ва бартараф намудани оқибатҳои фалокатбори офати табиӣ сафарбар гардиданд. Бо такя ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат иброз намуд, ки бо назардошти минтақаи кӯҳистон будани Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳатман бояд дар ин ҷо миқдори муайяни маводи озуқаворӣ, сӯзишворӣ ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи аввал захира бошад. 
Сарвазири мамлакат ба аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба баҳодиҳӣ ба оқибатҳои офати табиӣ ва бартарафсозии онҳо супориш дод, ки вазъиятро ҳаматарафа таҳлил намуда, ахбори мушаххасу муфассалро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
Дар навбати худ, сокиноне, ки бар асари тармафароӣ дар маҳаллаи Носири Хусрави шаҳри Хоруғ манзилҳои истиқоматиашон хароб гардид, ҷиҳати кумакҳои саривақтӣ ба роҳбарияти олии мамлакат, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос  карданд. 
Сарвазири мамлакат ва ҳайати ҳамроҳонаш дар ин сафар, ҳамчунин, аз иншоотҳои ҷашнии шаҳри Хоруғ дидан намуданд.
 
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив