ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР САММИТИ БАРНОМАИ МАХСУСИ СММ БАРОИ ИҚТИСОДИЁТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ИШТИРОКИ САРВАРИ ДАВЛАТ ДАР САММИТИ БАРНОМАИ МАХСУСИ СММ БАРОИ ИҚТИСОДИЁТИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

28 ноябр 2023, Сешанбе
14
0

 
24-уми ноябр дар шаҳри Боку саммити Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ  баргузор шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он ширкат варзида, сухан ронданд.
Дар оғоз Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев барои дар сатҳи баланд доир намудани саммит ва меҳмоннавозии гарм миннатдорӣ намуда, кишвари бародарро бо мизбонии бомуваффақона дар СПЕКА муборакбод гуфтанд.
Роҳбари давлат таъкид карданд, ки Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманд дар чаҳорчӯби СПЕКА аҳамияти хоса медиҳад. Дар робита ба ин, гуфта шуд, ки тақрибан 30 фоизи гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба кишварҳои узви СПЕКА рост меояд.
Бештари кишварҳои иштирокчии СПЕКА дар миёни шарикони тиҷоративу иқтисодии ҷумҳурӣ мавқеи пешсафро ишғол намуда, соли гузашта гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон бо кишварҳои СПЕКА 24 дарсад афзуд. 
Зикр гардид, ки кишварҳои узви СПЕКА дорои захираҳои бузурги меҳнатӣ, табиӣ ва имкониятҳои фарохи энергетикӣ, нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ мебошанд.
Сарвари давлат аз таъсиси Фонди трастии СПЕКА пазироӣ намуда, пешниҳод карданд, ки солҳои оянда ба чунин самтҳои афзалиятнок, аз қабили содагардонии расмиёти савдо ва бартарафсозии монеаҳои сунъӣ, тавсеаи долонҳои гуногунвасилаи нақлиётию иқтисодӣ, рушди «иқтисоди сабз» ва рақамикунонӣ таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Дар робита ба ин, Тоҷикистон масъалаи таъсиси Котиботи СПЕКА-ро ҷонибдорӣ мекунад.
Иброз гашт, ки тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ҷиҳати содагардонии расмиёти савдо як қатор ислоҳоти назаррас амалӣ шуд. Имрӯз дар Портали савдои Тоҷикистон ним миллион истифодабаранда аз беш аз 100 кишвари ҷаҳон сабти ном аст, ки аҳамияти онро бори дигар тасдиқ мекунад.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки Тоҷикистон дар соҳаи «энергияи сабз» ва умуман «иқтисоди сабз» ба дастовардҳои хуб ноил шудааст. Айни замон 98 фоизи неруи барқи кишвар дар НБО истеҳсол мегардад ва Тоҷикистон аз ҷиҳати «энергияи сабз» дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол мекунад.
Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Стратегияи рушди "иқтисоди сабз" барои солҳои 2023-2037 ният дорад иқтидори "энергияи сабз"-ро ба 10 ҳазор мегаватт расонад. Бо назардошти ин,  Пешвои  муаззами  миллат  пешниҳод намуданд, ки СПЕКА ҷиҳати таъмини рушди иқтисодӣ, ҳамгироии минтақавӣ, пешгирии таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба бахшҳои иқтисоди миллӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба рушди «энергияи сабз» таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори Ҳукуматро дар бораи раёсати Тоҷикистон дар СПЕКА дар соли 2024 иттилоъ доданд. Дар доираи Консепсияи раёсати Тоҷикистон ва нақшаи татбиқи он, афзалиятҳо ба таҳкими натиҷаҳои мавҷуда ва таъмини дастовардҳои нав равона мешаванд.
Баъди анҷоми нишаст сарварони давлатҳои иштирокдори СПЕКА Эъломияи Бокуро қабул карданд.

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив