ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РАМЗИ  ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

РАМЗИ  ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

28 ноябр 2023, Сешанбе
54
0


Моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар  он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон тарҳрезӣ гардида буд, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллии сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Баробари андешидани тадбирҳои  зарурӣ доир ба таъмини сарҷамъии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин, рамзҳои давлати соҳибистиқлол, аз ҷумла Парчами давлатӣ, қабул гардиданд.

Дар ҷаҳони муосир доштани Парчами давлатӣ нишони истиқлол ва яке аз рамзҳои асосии давлатдориву ваҳдати миллӣ мебошад,  яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Парчами давлатӣ рамзи гиромидошти яке аз муқаддасоти миллати соҳибмаърифат, нишонаи муборизаву ҷоннисориҳои халқи тоҷик барои озодиву истиқлол, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи  миллат ва ҳидоятгару раҳнамои мардуми кишварамон ба сӯи сарсабзиву шукуфоӣ ва зиндагии пурсаодат мебошад. Он ифодагари иқболу истиқлол,  иттиҳоду  сарҷамъӣ,  нангу номус,  ватандӯстиву ватанпарастӣ  ва ҳувияти миллии мардуми  куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду  мароми тоҷиконро  дар ҷилои  рангҳои худ инъикос намудааст.
Имрӯз Парчами давлатӣ ҳамчун  нишони азму иродаи  устувори мардум  барои ободии  кишвари  зебоманзарамон ҳаммароми  «Дирафши Ковиён»-и  аҷдоди ориётаборамон  бо тобиши  се ранг: сурх - озодиву истиқлол, сафед – сулҳу оромӣ,  сабз – ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллии  давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Истиқлоли давлатӣ ба мо барои таҷлили пуршукӯҳи тамоми санаҳои таърихии миллиамон, аз ҷумла гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ ва дигар рамзҳову муқаддасот, шароити мусоидро фароҳам овард.
Гиромидошти парчам беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи арзишҳои волои таърихиву фарҳангии халқамон мебошад.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами давлатии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлоли Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон  намудан вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа буда, қадрдонии онҳо барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд сарчашмаи ифтихор ва арҷгузорӣ ба давлату давлатдорӣ бошад.
Агар дар аҳди Давлати Сосониён тасвири заррини парандаи бахту саодат – мурғи  ҳумо нақш баста буд ва, инак, мардуми тоҷик дар зери Парчами давлатии худ бо ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯи ояндаи дурахшон қадам мебардоранд.

Ғозибек САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод 

Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив