ВМКБ. БА МАҲАЛҲО НОМИ АСЛИАШОН БАРГАРДОНДА МЕШАВАД
Бештари номҳои ҷуғрофии ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба меъёрҳои забони давлатӣ мувофиқат намекунанд. Бинобар ин, комиссияи номгузории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тасмим гирифтааст, ки чунин номҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишин ба меъёрҳои қонуни забони давлатӣ мувофиқ гардонда шаванд. Дар ин бора, Алишер Мирзонабот Худобердӣ, раиси вилоят иттилоъ дода, бо нигаронӣ таъкид дошт: “Қувваҳои алоҳидаи бадхоҳи кишвар ҷиҳати ноором сохтани вазъи минтақа, барангехтани кинаву адоват байни аҳолӣ аз ин омил ҳам истифода бурданӣ мешаванд”.
Бисёре аз иншооти ҷуғрофӣ, маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилоят ба тағйири ном ниёз доранд. Аз ҷумла, ноҳияи дурдасттарини кишвар Мурғоб, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Мардумии Чин, Қирғизистон ва Афғонистон қарор дорад, бо гузашти солҳои зиёд бо таъсири баъзе омилҳо номашро дигар намудааст. Ба гуфтаи олимони забоншинос, номи аслии минтақа Марғев, яъне ҷойи марғзор буда, баъдан он ба Марғоб ё Мурғоб табдили ном кардааст. Бояд зикр намуд, ки дар ноҳияҳои Шуғнон ва Роштқалъа ҳам ҳоло бо номи Марғев мавзеъҳои алоҳида мавҷуданд, ки аз дурустии ин ақида дарак медиҳанд. Дар худи ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар гуфтугӯи сокинони маҳаллӣ ноҳия бо номи Марғов ёд мешавад, аммо дар садаи ХХ ноҳия Мурғоб (Мургаб) номгузорӣ гардидааст, ки аз асл дур мебошад.
Мутаассифона, ин ягона мисол нест, ки бо мурури замон номи маҳалҳои аҳолинишин ва объектҳои ҷуғрофӣ дигар шудааст. Масалан, номи шаҳри Хоруғ низ имрӯз аз назари забоншиносон баҳсбарангез аст. Ин объекти ҷуғрофӣ дар асл Харағ ном дошта, ҳоло ҳам байни сокинони он ва гирду атрофаш бо ҳамин ном ёд мешавад. Вале, дар навишт бо забони тоҷикӣ Хоруғ ва забони русӣ Хорог сабт мегардад, ки бо асли худ ягон қаробат надорад. Бо забонҳои маҳаллӣ: шуғнонӣ ва рӯшонӣ он Хатсон (Хатс-об суффикси ҷамъбандии он) –обҳо талаффуз мешавад, ки далолат аз ҷойи сероб мекунад ва дар воқеъ ҳам ин ҷамоат бо обҳои мусаффо ва рӯдхонаҳои пуртуғёнаш беназир аст. Дар ибтидои асри ХХ он зери таъсири омилҳои гуногун Сучон сабти ном шуд ва тавре мушоҳида мешавад, ин калима ба номи аслии маҳал рабте надорад. Дар ноҳияи Мурғоб маҳаллаи зебоманзаре бо номи Чичтеби ҷой дорад. Ин маконро аз шаш тараф теппаҳо иҳота кардаанд. Забоншиносон бар он боваранд, ки номи мавзеъ ҳам ба ҳамин теппаҳо рабт дошта, дар асл Шаштеппаи тоҷикист. Чун садсолаи охир ба ин ҷо қирғизҳои кӯчманчӣ омада, муқимӣ шуданд ва бо таъсири забони онҳо Шаштеппа Чичтеби шуда монд.
Тавре аз иттилои раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимҷон Муҳаммадҷонзода бармеояд, ин ҳолат танҳо дар ҳудуди ВМКБ ҷой надошта, амсоли он дар тамоми манотиқи кишвар ба мушоҳида мерасад ва Кумитаи мазкур барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта чораҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Ба гуфтаи раиси Кумита, айни ҳол дар Тоҷикисттон 12 778 маҳал ба қайд гирифта шудааст, ки номҳояшон ба қоидаҳои забони давлатӣ ва қонунгузории кишвар мутобиқат намекунанд. Аз ин шумора, 7695 объекти ҷуғрофӣ ва 5083 шаҳру маҳали аҳолинишин ва шаҳраку навоҳӣ мебошад.
Тибқи муқаррароти қонун, як самти фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳот танзими истилоҳот, ба меъёрҳои санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ мутобиқ намудани онҳо бо риояи хусусиятҳои забонӣ ва суннатҳои таърихии номгузорӣ мебошад.
Ҳоло Кумита барои тағйири номи иншоотҳои ҷуғрофӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ғайримеъёридошта ба сохторҳои дахлдор пешниҳодҳо ирсол кардааст ва масъала мавриди омӯзиш қарор дорад.
Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 27.11.2023 №: 234-235