ТОҶИКИСТОН ВА МАСЪАЛАҲОИ ҶАҲОНИИ ОБУ ИҚЛИМ
Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамчун кишвари сулҳофарину ташаббускор мақоми хоси худро дорад. Ба таъкиди Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, маҳз ҳамин омил сабаб гашта, ки Президенти маҳбуби мо “ба эҳтироми шоистаи ҳамватанон ва аҳли башари бурунмарзӣ ноил шаванд”.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш низ, дар як номаи худ ба унвони Пешвои миллат навишта буд: “Ман ба фаъолияти муассири мамлакати Шумо дар таҳкими Созмони Милали Муттаҳид ва пешбурди талошҳои мо ба сӯи ояндаи беҳтар барои ҳама эътимод дорам”.
Чунин боварӣ ва эҳтироми шоиста ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, албатта, аз замири поку қалби бузурги Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Зеро Ҷаноби Олӣ дарди имрӯзаи башариятро хеле хуб дарк намудаву барои рафъи он чораҳои саривақтиро пешниҳод менамоянд. Яке аз мушкилоти асосии глобалӣ норасоии оби тозаи ошомиданӣ мебошад. Тибқи хулосаи мутахассисон, агар масъала то соли 2025 ҳалли худро наёбад, қариб 3 миллиард аҳолии Замин ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ шуда, қурбони фоҷиаи ташнагиву бемориҳои гуногун мешавад.
Ин мушкили башариятро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1999 дарк карда, дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ) пешниҳод намуданд, ки соли 2003 Соли оби тоза эълон карда шавад. Бо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ 20 сентябри соли 2000-ум дар Иҷлосияи 55-уми МУ СММ соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон шуд ва рӯзҳои 29 август-1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид.
Бо ташаббус ва пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2003 Маҷмаи умумии СММ дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул намуда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” эълон кард. Соли 2013 бошад, ҷомеаи байналмилалӣ, бинобар Қатъномаи МУ СММ таҳти рақами 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро қайд намуд. Ҳамин тавр, 21 декабри соли 2016 МУ СММ бо қабули Қатъномаи дигар солҳои 2018-2028-ро Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон кард. Ин ташаббус аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ҳанӯз 12 апрели соли 2015 зимни Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд. Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” аз 22 марти соли 2018 оғоз ёфт ва 22 марти соли 2028 анҷом меёбад. Дар доираи Даҳсолаи мазкур бисёр чорабиниҳои сатҳи баланд ва дигар тадбирҳои муҳим оид ба ҳалли мушкилоти мазкур амалӣ мешаванд, ки, албатта, дар саргаҳи ҳамаи онҳо донишу таҷриба ва муҳаббати бузурги Пешвои миллат нисбат ба аҳли башар меистад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардид, таъкид намуданд: “Боиси қаноатмандист, ки Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим эътироф шудааст. 14-уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қарор қабул кард”.
Дар асоси Қатъномаи мазкур, чуноне ки дар Паём ишора шуд, дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис ёфта, вобаста ба ин мавзуъ, соли 2025 дар шаҳри Душанбе Конфронси сатҳи баланди Созмони Милали Муттаҳид баргузор мегардад. Хушбахтона, ин панҷумин ибтикори ҷаҳонии кишвари мо оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар миқёси сайёра амалӣ хоҳад шуд, ки боиси шодиву ифтихори бузург аст.
Бо назардошти вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, аз ҷумла гармшавии иқлим, ки пайомадҳои гуногуни манфиро дорад, чунин ташаббус муҳиму саривақтӣ буда, амалӣ гардидани он барои ҳифзи сайёра аз хатарҳои воқеӣ ва ба ин васила боз ҳам баланд бардоштани мавқеъ ва обрӯи Тоҷикистон дар дунё нақши муассир мегузорад.
Бо зикри ин нуктаҳо ҳар фарди худшиносу ватандӯст ба чунин хулоса меояд, ки Тоҷикистон дар самти татбиқи ҳадафҳои умумибашарӣ пешсаф ва Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Пешвои кулли мардуми хайрхоҳи ҷаҳон аст. Мо бо чунин Ватан ва бо чунин Пешвои ташаббускору башардӯст ифтихор мекунем.
Фахриддин ЗОКИРОВ,
узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ
дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мастчоҳ
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
Шарҳҳо (0)