ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ

19 декабр 2023, Сешанбе
19
0

Пирамарди нуронӣ Сафарбек Чиллаев ҳарчанд баҳори ҳаштодуми рӯзгорашро пешвоз мегирад, аммо бардаму болидаруҳ, хушгапу боирода ва, аз ҳама муҳим, соҳиби хотираи қавӣ мебошад. Вақте кас бори нахуст бо ӯ ҳамсуҳбат мешавад, гумон намекунад, ки ӯ ронанда, механизатор аст, балки бовар мекунад, ки мавсуф донандаи шеъру адабиёт, таърих ва саргузашти аксари бузургону мутафаккирони тоҷик мебошад.

ПИРАМАРДИ НУРОНӢ БО ХОТИРАИ ҚАВӢ
Вақте писари бобои Сафарбек – Ҳасани Чилла аз падар қисса мекарду навори суҳбати он касро бо ҳамдиёрон дар чойхона нишон дод, дар ҳайрат шудам. Дар навор ӯ рӯзу соли таваллуд, зодгоҳ, асарҳо, номи китобҳо ва корҳои бунёдии ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, шоирону нависандагонро ҳарф ба ҳарфу рақам ба рақам мегуфт ва аҳли нишаст ҳама бо ишораи тасдиқ сар меҷунбонданд. Дар байни гап як ё ду шоҳбайт аз классикон қироат карда, ҳарфашро муҳри тасдиқ мезад. Гӯё бобои Сафарбек гардонандаи маҳфил буду ҳамаро аз маълумоти ҷолибу лозимӣ саршор мекард.
Аз рафти навор бе ҳеҷ дудилагӣ пурсидам: “Қиблагоҳатон аз кадом муассисаи таълимӣ ё фарҳангӣ ба нафақа баромаданд?” Ҳасани Чилла ҳайрон шуд, матлаби маро нафаҳмид ва афзуд: “Падари мо ронандаи трактор буданд, бо ҳамин касб ризқу рӯзии моро таъмин карданд ва бо ҳамин пеша бознишаста шуданд”.
Аз бобои Сафарбек дар суҳбати телефонӣ шӯхиомез мепурсем, ки ин хотираи қавӣ аз куҷост? Посухи ӯ чунин аст: “Ҳанӯз ҷавон будаму пеши худ аҳд кардам, ки аз ҳама шаҳру ноҳияҳои республика аз як то се каси маъруфу хидматнишондодаро бояд бишносам. Охир, ҳамватанони машҳури худро нашинохтан айб аст. Хотираи ман, ба фикрам, худодод аст. Як бор хонам, чашм давонам ё шунавам, иттилоъ дар мағзам ҷой мегирад ва аз ёд намеравад”.
Баъд ба худ гуфтам: “Хуш ба ҳоли чунин пири хушгап ва хушхотира, ки хонандаи китоб ва ошиқи шеъру сухан мебошад, баҳона пеш намеорад, ки касбу кори ман дигар аст”.

СОҲИБИ КИТОБХОНАИ ШАХСӢ
Ҳасани Чилла, аз ҷумла, гуфт: “Падарам аз замоне ки мо худро шинохтем, китоб ва рӯзномаву моҳнома мехонад. Қариб ҳамаи шумораҳои Нашрияи миллии “Садои Шарқ”-ро, ки замоне “Шарқи сурх” ном дошт ва даста-даста рӯзномаи “Ҷумҳурият”-и солҳои гуногун дар хазинаи ӯст. Китобхонае дорад бо фарогирии қариб 600 китоб ва маҷаллаву рисола. Ҳар касро ҳам ба китобхонаи шахсиаш роҳ намедиҳад, китобе агар зарур шуд, худаш ёфта медиҳад, аммо намегузорад, то бирасӣ, онро бетартиб гардонӣ. Аксари дӯстон одати китобдӯстдориву хонанда будани падарамро медонанд ва вақти зиёрат ҳамеша китобу моҳнома ва рӯзномаҳоро ба ӯ ҳадя мебаранд”.
Худи бобои Сафарбек дар ин маврид мегӯяд: “Ба ташкили китобхонаам 25 сол пур шуд. Онро чун гавҳараки чашм эҳтиёт мекунам. Ба фикри ман, дар хонадони тоҷик, новобаста аз он ки дар кадом касбу кор фаъолият мебарад, будани китобхона, хурд ё бузург, ҳатмист. Бовар кунед, фардо аз ману шумо ҷуз некиву китобу ёди хуб ҳеҷ чиз боқӣ намемонад”.
– Аз нахустин суханҳое, ки ба забон меорад, зуд пай мебарӣ, ки бо инсони ҳалиму меҳрубон ва хушмуомилае дар муколама ҳастӣ. Сафарбек Чиллаев гули сари сабади маҳфилҳост. Ӯро ба маҳфилу вохӯриҳо махсус даъват мекунанд. Аз сарнавишту тақдир ва меҳнати хоксоронааш ба ҷавонон нақлҳо мекунад. Маҳорати баланди зарофатгӯӣ имкон медиҳад, ки одамон бо шавқи беандоза қиссаҳояшро бишнаванд. Таҷрибаи зиёд, саргузашти рангину гуворои рӯзгор бо ҳама пастию баландӣ ва мушкилоту фароғаташ барои ҷавонон чун мактаби бузурги омӯзиш пазируфта мешавад, - навишта буд рӯзноманигор Усмон Солиев.

ЗИНДАГИНОМАИ НАМУНАВӢ
Сафарбек Чиллаев 20-уми декабри соли 1943 дар ноҳияи Данғара ба дунё омад. Соли 1959 омӯзишгоҳи касбҳои техникии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бо ихтисоси механизатор хатм кард. Аз соли 1959 то соли 1998 (то нафақа) дар хоҷагиҳои ба номи "Анҷумани XXII партия" ва чорвопарварии ноҳияи мазкур фаъолияти пурсамар дошт. Чандин даъват вакили шуроҳои ноҳиявӣ ва ҷамоат будааст. Дар анҷуманҳои ҳизбӣ ва конфронсҳои ҷавонону пешқадамони соҳаҳои истеҳсолот ва хоҷагӣ ба сифати вакил иштирок дошт. Fолиби чандин мусобиқа ва озмунҳои ҳунарию истеҳсолӣ гардида, бо медалҳои "Меҳнати шоён", ордени "Нишони фахрӣ" қадр гардидааст. Дар замони соҳибистиқлолӣ аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон унвони баланди Корманди шоистаи Тоҷикистонро соҳиб шуд. Аз ҳамон сол гирандаи нафақаи аҳамияти ҷумҳуриявӣ мебошад.
Ҳанӯз соли 1980 дар бораи Сафарбек чунин мегуфтанд: “Ин механизатори пурғайрат ба ҳисоби соли 1983 меҳнат мекунад". Яъне, ӯ аллакай нақшаи истеҳсоли се соли ояндаро иҷро карда буд.
Сафарбек Чиллаев соҳиби 6 духтар ва 5 писар аст. Писари калонӣ омӯзгори забон ва адабиёти рус, писари дувум омӯзгори фанни ҷуғрофия, писари севум табиб, писари чорум ҳунарпеша, писари панҷум омӯзгори химия ва биология. Дар вилояти Хатлон ӯро ҳамчун меҳнатқарин, пешсафи истеҳсолоту кишоварзӣ ва марди ҳозирҷавобу хушсухан мешиносанд.

Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 14.12.2023 №: 243
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив