ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АНДУҲИ ХАЁЛОЛУД ВА Ё ХАЁЛИ АНДУҲОЛУД

АНДУҲИ ХАЁЛОЛУД ВА Ё ХАЁЛИ АНДУҲОЛУД

19 декабр 2023, Сешанбе
11
0


Бардошт аз намоиши асарҳои рассом Сабзаалӣ Муродзода Шариф бахшида ба ҷашни 70-солагии нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ
Ҷаҳон саросар ҳама рангу нақшу нишона аст, ки аз бурун ба дарун роҳ меёбад ва вуҷуди одамиро дар баробари таҳрику тағйир бармеангезанд. Пас дар шакли ёдҳо, руъёҳо хоҳу нохоҳ, гоҳу ногоҳ, огоҳу ноогоҳ аз худ дарак медиҳанд. Дар ин ҳол гоҳ шодӣ ба армуғон меорад ва гоҳ ғам. Бешак, як ғаме, ки мондагор ва дар он ҷилваҳои рӯзгор аст.
 
Ин рангҳо, рангҳое, ки дар вуҷуди як эҷодкор аст, ба назар асиранд ва гӯё мемиранд, дар асл озоданд ва ҳаргиз намемиранд. Умри тулонӣ, яъне зиёд меёбанд, вақте аз раҳи андешаҳову хаёлҳо мегузаранд ва ба василаи қалам, мӯқалам рӯи коғаз, рӯи матоъ меоянд.
Ин бор ҳам (7-уми декабри соли 2023), ки намоиши асарҳои рассом Сабзаалӣ Муродзода Шариф, Рассоми халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ, дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон ба хотири гиромидошти нависандаи маъруфу марҳум Сайф Раҳимзоди Афардӣ баргузор гардид, ин ҳақиқатро дар худ собит сохт. Агарчи дар ин хусус ками кам ишора шуд, аммо асарҳои рассом бо нақшҳову рангҳо ҳамаро, балки бештар аз онро изҳор медошт. Ман ба рангҳову нақшҳо, ки менигаристам, аз зеҳнам мегузашт: “Андуҳи хаёлолуд ва ё хаёли андуҳолуд”.
Рангҳо ва нақшҳои берунӣ дар вуҷуди ин эҷодкори нотакрору чирадаст сад маъно ва шакли дигар гирифтаанд. Онҳо дар дунёи дигаре, дунёи хаёлу андеша ва руъёҳо ба навъе парвариш меёфтанд. Мо ба рангҳои асарҳои ӯ бояд аз ҳамин дунё бингарем. Оре, гӯё ториканд, вале ин торикӣ зоҳирист. Ин нақшҳову рангҳо аз бинанда огоҳиро хосторанд. Ба як асар (ва ин ҷо чанд асар буд) наметавон дар соате ошно шуд ва ба умқи ҳар маънӣ , ранг, андеша, хаёл, андуҳ, шукӯҳ, шодӣ расид. Асари рассомро бояд аз ҳар ҷониб бингарӣ: на аз чор ҷониб ё шаш ҷониби маъмулӣ. Сабзаалӣ Муродзода Шариф, рассом, ин як расмро на ба як соат дидаву андешидаву кашидааст. Аммо набояд талабро, кӯшишро аз даст бидиҳем ва ноумедона баргардем ва ба дурӯғ бигӯем, ки асарҳо, асарҳои ӯро фаҳмидем, дарк кардем, олӣ буданд. Ҷода, яъне роҳи садсоларо ба оҳе гоҳе метавон тай кард. 
Роҳ бурдан ба дунёи эҷодкоре чун Сабзаалӣ Муродзода Шариф, ба яқин, осон нест, душвор аст. Дарк накардани ҳатто як хат, надидани як ранг низ дар асар тамоми саъйи касро барҳам мезанад ва пеши роҳро мебандад.
Дар асарҳое, ки ба намоиш гузошта шуда буданд, на як ҷаҳон, балки ду ҷаҳони эҷодкоре, ки дар андешаву хаёл бо ҳам наздикӣ доштанду доранд, мавҷуд буд, ду ҷаҳоне мутафовит аз ҷаҳони дигарон. Дар ин сурат, албатта, бинанда огоҳтар, комилтар бояд бошад. Ба ду дунёи эҷодкор, агар роҳ бурдан мушкил аст, ба дунёи якшуда аз ду ё худ омехта мушкилтар мебошад. Агар нафаре бигӯяд, чунонки бархе мегӯянд, фаҳми асарҳои нависанда Сайф Раҳимзоди Афардӣ душвор аст, ба яқин наметавонад асарҳои рассом Сабзаалӣ Муродзода Шарифро ҳам бифаҳмад. Забони рамзҳо, рангҳо, нақшҳо ба вожаҳо роҳ намеёбанд. Оре, ончунон ки моҳиёнро баҳр нагзорад бурун, ҳамчунон хокиёнро нагзорад дарун.
Аммо муҳим дидану дидану дидан аст, шунидану шунидану шунидан. Сабзаалӣ Муродзода Шариф ин бор меҳрномаи худро нисбат ба дӯсту нависандаи зиндаёд Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар ихтиёри ҳаводорони худ ва ин эҷодкори асил гузошт. Хост бигӯяд:
Ҳама чиз пирӣ пазирад, бидон,
Магар дӯстӣ, к-он бимонад ҷавон.
Ва ҳам хост бигӯяд: эҷодкори асил ба миллаташ бо сидқ хизмат мекунад ва онро накутару беҳтар муаррифӣ менамояд. Инчунин, ӯ дар ин роҳ ҳастӣ, дониш, таҷрибаи андӯхтаи худро бедареғ мебахшад.

Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 18.12.2023 №: 244
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив