33 СОЛ БО «ҶУМҲУРИЯТ». ПОРАЕ АЗ ЗИНДАГИНОМАИ МУҲАММАДЗОИРШОҲ ШАРИФЗОДА
Ӯ дар Ванҷ, дар синаи кӯҳ, дар оғӯши боғу роғу доманаҳои пур аз гулу гиёҳ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Ҳамон рӯз ҳавлии падарӣ чун ҳамеша сермеҳмон буду баробари шунидани гиряи тифли навзод ҳама дар ҷустуҷӯи номи мувофиқ ба андеша рафтанд.
– Номашро Муҳаммадзоиршоҳ мемонем, – мегӯяд падар. – Имрӯз Зоиршоҳ дар тахти шоҳии Афғонистон салтанат дорад, ҳамноми ин шахсияти бузург будан писари маро ҳам, албатта, шуҳратёр мегардонад.
Рӯзҳову ҳафтаҳо чун сонияҳо пушти сар шуданду Муҳаммадзоиршоҳ дар наврасӣ мисли як ҷавони баркамол дидадаро шуд. Чун дигар ҳамсолонаш аз меҳнат камол меёфт. Кори хонаву хоҷагӣ ҷисмашрову ҳавои чун шабнам тозаи кӯҳистони Ванҷ руҳияашро қувват мебахшиданд. Дар хизмати падар, ки буд, бо дуои хайри ӯ дар қатори дигар ҷавонони деҳа ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Дар қисми разведка хизмат мекард. Бо тақозои масъулияте, ки дар қисми ҳарбӣ дошт, ҷаҳондида шуд, аксар кишварҳоро бо чашми сар дид.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро баъди хизмат хатм намуду ҳамон сол бо маълумоти олӣ ба рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») ба кор омад. Барои аксарият бовар нокарданист, вале инак, 33 сол мешавад, ки ӯ дар ҳамин як идора содиқонаву софдилона фаъолият мекунад. Пастиву баландӣ ва ғаму шодии се даҳсолаи ахирро бо «Ҷумҳурият»-и азизаш бо ҳам дидаву ба якдигар содиқ мондаанд. Муҳаммадзоиршоҳ имрӯз дар мактаби эҷодии нашрияи рақами яки кишвар устод аст. Дар ин муддат даҳҳо шогирдонро сабақ додаву камолоти касбӣ бахшидааст.
Муҳаммадзоиршоҳ хислати аҷиб ва дили меҳрубону ҳассосе дорад. Ҳар субҳ як каф-ду каф гандум ва ё биринҷро ба паси тирезаи дафтари кориаш, ки дар идораи рӯзномаи “Ҷумҳурият” аст, мепошад ва дар як зум кабӯтарҳои зиёде ҷамъ омада, бо паропару қум-қумгӯӣ дон мехӯранд. Ин амали вай нав ё яксола набуда, солҳо боз идома меёбад. Аз ин рӯ, кабӯтарҳои ваҳшӣ аз вай намераманд, ҳаросе надоранд, барояшон одами худӣ, нигаҳбон шудааст. Махсусан, дар рӯзҳои сербарф ва ё яхбандӣ, ки дарёфти ғизо душвор мегардад, кабӯтарҳо бешумор ҷамъ меоянд, вақти донпошӣ, ҳатто, ба рӯи мизи кориаш, ба китфонаш мебароянд. Якеаш аз кафаш низ натарсида дон мегирад ва онро Муҳаммадзоиршоҳ Мухтор ном кардааст. Мухтори якпо, мухторе, ки аз дигарон бештар ба ғамхорӣ ниёз дорад.
“Биё Мухтор, биё”, – гӯяд, кабӯтар гардан ба боло меёзонад, пар меафшонад, хиромон-хиромон омада, ба кафи пурдонаш оҳиста нӯл мезанад.
Мо, ҳамкорон, ин лаҳзаҳоро бисёр дидаем, илҳом ҳам гирифтаем аз кабӯтарони Муҳаммадзоиршоҳ. Ба устувории иродаи ӯ ҳам қоил мондаем, зеро як амалро ҳар субҳ такрор намудан, фаромӯш накардан кори саҳлу сода набуда, аз хислатҳои ҳамидаи инсони ҳақиқие чун Муҳаммадзоиршоҳ гувоҳӣ медиҳад. Дар рӯзҳои рухсатӣ ҳам аз ҳоли кабӯтаронаш хабар мегирад, соате бо онҳо нишастан, барояш кайфияте дорад.
Хирадмандон ҳам гуфтаанд ва, ҳамчунин, аз бисёр ривоятҳо, ки аз халқ ба мо мерос расидаанд, ҳамин маънӣ бармеояд, ки шахси табиатдӯст дили нарм дораду аз вай ба ҳама танҳо некӣ мерасад.
Аз дафтари кории ӯ, ки ҷои пазируфтани реклама ва эълонҳои гуногун аст, на танҳо кабӯтарон, балки пиру барно ва одамони касбу кори гуногун розиву мамнун бадар меоянд, зеро вай муошират, дилёбӣ ва дипломатияи кориро бисёр хуб омӯхтааст ва медонад, ки бо кӣ бо кадом шева суҳбат орояд.
Як хислати наҷиби дигари ӯ озодагиву олуфтагист, ки ҷавонон метавонанд пайравӣ кунанд. Дар ҳама рӯзҳои корӣ либоси шинаму озода пӯшида аст. То ҳол касе дар ёд надорад, ки Муҳаммадзоиршоҳ бо ришу мӯи расида, бо либоси муқаррарӣ, бар замми ин, ба кор дер омада бошад. Масъулият, тозагӣ, ҷиддият, муносибат бо корафтодагон, ба ҷойи кор мисли хонаи худ муносибат кардани Муҳаммадзоиршоҳ сутуданист. Офаринаш бод!
Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245