ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЧОРВОИ КАЛОНИ ЗОТИ АЛОИ ТОҶИКӢ. КОМЁБИИ БУЗУРГИ СЕЛЕКСИОНӢ

ЧОРВОИ КАЛОНИ ЗОТИ АЛОИ ТОҶИКӢ. КОМЁБИИ БУЗУРГИ СЕЛЕКСИОНӢ

23 феврал 2023, Панҷшанбе
86
0
 
Дар Тоҷикистон аввалин чорвои калони зоти алои тоҷикӣ офарида шуд. Барои ба даст овардани ин зот ба докторони илми кишоварзӣ Нормат Аҳмадалиев ва Тӯйчӣ Рӯзиев 63 сол зарур омад. Чорвои калони зоти алои тоҷикӣ 10-уми январи соли 2022 аз ҷониби Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун комёбии бузурги селексионӣ тасдиқ гардид ва расман ба қайд гирифта шуд. 
Солҳои 1959 – 1960 дар кишвар фермаҳои калони механиконидашудаи чорводорӣ ташкил ёфтанд ва барои таъмини онҳо бо чорвои зотӣ масъала ба миён омад, зеро модаговҳои маҳаллӣ барои ширдӯшӣ мувофиқат намекарданд, маҳсулнокиашон кам буд, ҳамагӣ солона то 600 кг шир медоданд. Ин нишондод аҳолиро бо маҳсулоти ширӣ таъмин карда наметавонист ва барои баланд бардоштани истеҳсоли ширу гӯшт Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Вазорати кишоварзӣ ва олимони Институти чорводорӣ вазифа гузошт, ки аз хоҷагиҳои мамлакатҳои хориҷии иқлимашон муътадил зоти говҳои ширдеҳ ворид намоянд. Мақсади асосӣ мутобиқ сохтани ширдӯшии модаговҳо ба мошинаҳои ширдӯшӣ, баланд бардоштани маҳсулнокии шир ва гӯшт, беҳтар намудани сохти бадан, шакли сина ва дар як вақт нигоҳ доштани равғаннокӣ буд. Дар муддати солҳо 15 намуди гови ширдеҳ аз хоҷагиҳои кишварҳои ИМА, Канада, Олмон ва дигар минтақаҳо зотҳои гови шведӣ, хокистарранги карпатӣ ва латвиягӣ, лебеденӣ, сибирӣ, сарсафеди украинӣ, алатовӣ ворид карда шуданд. 
Олими маъруф Нормат Аҳмадалиев ёдовар мешавад, ки танҳо барои мутобиқ сохтани зотҳои воридгашта ба иқлими Тоҷикистон 15 сол сипарӣ шуд, баъдан муайян намудем, ки дар иқлими гарм ва сарди Тоҷикистон танҳо барои зоти говҳои ҳолландӣ ва голштинӣ шароити беҳтар фароҳам аст. Бисёр солҳо барои ба тартиб даровардани қад, ҳаҷм ва маҳсулнокии чорво сарф шуданд. 
Дар натиҷаи истифода бурдани буққаҳои зоти голштинӣ дар ҷумҳурӣ типи говҳои тоҷикии зоти сиёҳало офарида шуд, ки ҳоло дар заводу хоҷагиҳои зотпарварӣ, фермерӣ, деҳқонӣ ва шахсии вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ парвариш карда мешаванд. 
Модаговҳои зоти нав дар як давраи ширдӯшӣ, ки 305 рӯзро ташкил медиҳад, аз 5000 то 7000 кило шир медиҳанд. Таҷрибаҳо исбот намуданд, ки истифода бурдани буққаҳои зоти голштинӣ маҳсулнокии чорвои дурагаро баланд бардошта, сохти баданашонро беҳтар кард. Вазни зиндаи модаговҳои калонсол 500 – 550 кг ва буққаҳои ин зот ба 800 – 1000 кг расонда шуд. Равғаннокии шир аз 3,8 то 4,0 дарсадро ташкил медиҳад.
Тӯйчӣ Рӯзиев иброз дошт, ки имрӯз зоти гови алои тоҷикӣ бояд дар ҷумҳурӣ яке аз захираҳои  асосии баланд бардоштани маҳсулнокии  чорвои аҳолӣ гардад, чунки он хусусиятҳои хуби ирсӣ, тавоноии қудратманди генетикӣ ва маҳсулнокии баландро доро буда, ба иқлими ҷумҳурӣ тобовар аст.
Айни ҳол дар кишвар 2030 сар гови зоти алои тоҷикӣ дар 20 хоҷагии зотпарварӣ парвариш карда мешавад. 
 
Латифабону РУСТАМЗОДА, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 23.02.2023 №: 42
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив