ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » IMEI.  БАҚАЙДГИРИИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?!

IMEI.  БАҚАЙДГИРИИ ТЕЛЕФОНҲОИ МОБИЛӢ, ЯЪНЕ ЧӢ?!

20 декабр 2023, Чоршанбе
516
0

 
Тавре мушоҳида мегардад, дар ҷумҳурӣ барои шаҳрвандон зарурати бақайдгирии телефонҳои мобилӣ пеш омадааст. Бархе аз шаҳрвандон бо тартиботи нави бақайдгирӣ шинос нестанд, аз ин рӯ, вобаста ба масъалаи мазкур суолҳои зиёд ба миён меоянд, ки посухи амиқ металабанд.

МАҚСАД АЗ БАҚАЙДГИРИИ ТЕЛЕФОНҲО ЧИСТ?
Зарурати ҷорӣ намудани тартиби нави бақайдгирии телефонҳои мобилӣ ин таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми марти соли 2020, №208 “Дар бораи Тартиби бақайдгирии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ва муайян намудани вазифаҳои системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ” мебошад. Ҳамин тавр, тамоми планшетҳо, смартфонҳо, телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои сафарӣ (портативӣ) ва дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM ҳастанд, бояд ба Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ворид карда шаванд. Мақсад аз ҷорӣ кардани тартиби мазкур таъмини амният ва пешгирии қочоқи телефону планшетҳои ба кишвар воридшуда мебошад. Тибқи иттилои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, дар 11 моҳи соли равон аз тарафи кормандони мақомоти гумрук 11 ҳолати интиқоли ғайриқонунии телефонҳои мобилӣ ва ду ҳолати интиқоли ғайриқонунии аксессуарҳо барои телефонҳои мобилӣ  ошкор гардидааст. Аз рӯйи ин ҳолатҳо парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз ёфта, барои баррасӣ ба суд ирсол шуданд.

IMEI-РО КӢ БОЯД САБТ КУНАД ВА ЧӢ ТАВР? 
Фаридун Мирамонов, роҳбари лоиҳаи «Системаи давлатии муайянсозии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ», изҳор дошт, ки ба қайд гирифтани рамзи IMEI дар системаи давлатӣ комилан ройгон аст. Ворид кардани рамзи IMEI ба система барои муайян намудани воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз 1-уми феврали соли 2023 оғоз ёфт. Дар давоми се моҳ – то 30-юми апрел ва баъдан то 1-уми октябр ҳамаи рамзҳои IMEI-и телефонҳои фурӯзонбуда бо сим-корти фаъол аз ҷониби операторони мобилии маҳаллӣ ба таври худкор ва ройгон ба базаи маълумоти миллӣ ворид карда шуданд. Дар системаи давлатӣ, инчунин, серверҳои Хадамоти гумрук ҳамгироӣ гаштаанд, ки, нахуст, ҳангоми пайдо гаштани рамзи IMEI мавҷудияти қайди гумрукии телефонро месанҷанд. Дар сурати мавҷуд будани қайди гумрукӣ, рамзи IMEI ба рӯйхати сафеди система ворид мегардад ва шаҳрванд метавонад бемонеа аз телефон истифода барад. Вале агар он аз барасмиятдарорӣ нагузашта бошад, рамзи IMEI-и телефон дар системаи давлатӣ ба рӯйхати хокистарранг ворид  мешавад. Дар давоми сӣ рӯз агар таҷҳизот аз барасмиятдарории гумрукӣ нагузарад, ҳамаи хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ, ба монанди зангҳои даромаду баромад, смс-паёмакҳо ва интернет, қатъ мегарданд. Пас аз барасмиятдарории гумрукӣ, IMEI-и телефон ба таври худкор ба базаи маълумот илова мешавад. Агар дастгоҳи мобилӣ аз хориҷа барои истифодаи шахсӣ ё туҳфа оварда шуда бошад, он ҳам бояд дар нуқтаи гумрукӣ бо пур намудани шакли декларатсияи Т-6 аз барасмиятдарорӣ гузарад. Бисёре аз муштариён мепурсанд, ки оё аз мағоза телефони бидуни қайд дар системаи давлатӣ харидорӣ карда шавад? Пеш аз харидани дастгоҳи мобилӣ зарур аст, ки ҳолати коди IMEI-и онро дар системаи давлатӣ бо фармони *3366# тафтиш намоед. Ё худ IMEI-и дастгоҳро дар портали ягонаи www.imei.tj санҷидан лозим аст. Агар  фаҳмед, ки рамзи IMEI-и дастгоҳ ба системаи давлатӣ дохил  нашудааст, аз харидани чунин дастгоҳ  худдорӣ кунед. 
Фаридун Мирамонов, инчунин, иброз дошт, ки ҳоло тибқи тартибот, рамзи IMEI-и ҳамаи телефонҳои фаъол то 1-уми октябри соли ҷорӣ ба системаи давлатӣ ба таври худкор ройгон дохил шудааст. Агар дилхоҳ телефонҳои фаъол, ки бо айби опператорони мобилӣ дар давраи муқарраргардида аз бақайдгирӣ нагузаштаанд, рамзи IMEI бо санҷидани он аз ҷониби опператорон ба система дохил карда мешавад. Дар ҳолати пайдо гаштани ягон мушкилот муштариён метавонанд ба саҳифаҳои иҷтимоии IMEI бо рақами 990003366 муроҷиат намоянд.

БАҚАЙДГИРИИ КОДҲОИ IMEI ЧӢ ҚАДАР АРЗИШ ДОРАД?
Масъулони соҳа бар он назаранд, ки муштариён мафҳумҳои «бақайдгирии дастгоҳи мобилӣ дар системаи давлатӣ» ва «расми гумрукӣ»-ро омехта мекунанд. Бақайдгирии кодҳои IMEI дар системаи давлатӣ комилан ройгон аст. Барасмиятдарории гумрукии мол бошад, масъулияти воридкунанда – фурӯшанда буда, (моддаи 13 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон) воридкунанда – фурӯшандаҳо ҳуқуқи фурӯши моли аз расмиёти барасмиятдарории гумрукӣ нагузаштаро надоранд (моддаи 289 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 578 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон). 
Барои барасмиятдарории гумрукии телефону планшетҳо аз арзиши дастгоҳ 15% андоз аз арзиши иловашуда (Кодекси андоз) бояд пардохт шавад. Дар робита ба ин, аз маркази иттилоот ва робита бо ҷомеаи Хадамоти гумрук, шарҳи бештар доданд, ки тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми ноябри соли 2007, №544 “Қоидаҳои интиқоли молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ тавассути Сарҳади  гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби имтиёзнок ва содагардонидашуда”, шахсони воқеӣ ҳангоми воридоти молҳои (ба истиснои воситаҳои нақлиёт) барои фаъолияти истеҳсолӣ ва ё соҳибкорӣ таъиннагардида, ки арзиши умумиашон аз маблағи баробар ба 1000 доллари ИМА (агар як намуди мол ва ё як маҷмуи як намуди мол бошад – аз маблағи баробар ба 2000 доллари ИМА) ва вазни умумиашон аз 50 кг зиёд намебошад, аз пардохти боҷҳои гумрукӣ ва андозҳо пурра озод  шудаанд. 
Дар ҳолати зиёд будани воридоти мол аз меъёрҳои муқарраргардида, аз қисмати зиёдбудаи мол аз рӯи меъёри ягонаи пардохтҳои гумрукӣ ба андозаи 20 фоиз аз арзиши гумрукии онҳо  пардохтҳои гумрукӣ рӯёнда мешаванд. Барасмиятдарории гумрукии воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ аз ҷониби воридоткунандагон тариқи электронӣ бо истифода аз портали ягонаи системаи давлатӣ, ҳангоми воридоти воситаҳои мобилии алоқаи барқӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ карда мешавад. Пардохтҳо барои барасмиятдарорӣ ба тариқи ғайринақдӣ бо истифода аз воситаҳои электронии пардохтӣ, аз ҷумла ҳамёнҳои электронӣ, амалӣ карда мешаванд. 

Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив