ВАНҶ. ДЕҲОТ НУРИСТОНРО МЕМОНАД
Мутаассифона, солҳои пеш норасоии қувваи барқ рустоиҳоро сахт ба ташвиш оварда буд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз сафари кориашон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳбарони Вазорати энергетика ва захираҳои оби кишвар, ширкати “Помир энерҷӣ” дастур доданд, ки хатти барқи Шидз – Деҳ –Шипад – Язгуломро бунёд намоянд. Дар фосилаи вақти кӯтоҳ аз ҷониби ширкати мазкур хатти баландшиддати барқӣ кашида шуд.
Ҳамчунин, солиёни пешин сокинони деҳоти водии Ванҷи Боло низ, ба мисли рустоҳои деҳоти Язгулом, аз истифодаи неруи барқ бисёр вақт, хусусан дар фасли зимистон, маҳрум буданд. Хушбахтона, файзу баракати айёми соҳибистиқлолии кишвар ва, пеш аз ҳама, натиҷаҳои дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат дар роҳи аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани мамлакат ва ба амал баровардани барномаи стратегии ба истиқлолияти энергетикӣ расидани мамлакат, ба он мусоидат намуд, ки ба тамоми маконҳои аҳолинишин роҳу пулҳо сохта, неругоҳҳои хурди барқи обӣ бунёд карда, хатҳои баландшиддати барқӣ кашида шаванд. Ҳоло дар ин айёми фархунда ва орому осоишта аз файзу баракати истиқлоли давлатӣ саросари макони аҳолинишини водиҳои баландкӯҳи кишвар аз ҷониби ширкати «Помир энерҷӣ» бо барқи доимӣ таъмин гардиданд.
Сардори маҷмаи минтақавии энергетикии ноҳияи Ванҷ Соҳиб Нағзибеков гуфт, ки тайи солҳои наздик неругоҳҳои барқи обии «Ванҷ- 2», «Андарбак», «Техарв», «Пойи Мазор», «Пшихарв» сохта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Хатти баландшиддати барқии Вомар – Язгулом – Даштак Курговад ва Рохарв – Пойи Мазор – Ванван кашида шуд. Аксари хатҳои интиқоли барқ ва зеристгоҳҳои ҳудуди деҳоти ба номи Муҳаммадулло Абдуллоев, Язгулом, Вотхуд, Ҷовидон, Техарв ва Рованд азнавсозӣ ва таъмиру тармим шуданд. Аз ҳама муҳимаш, иншооти энергетикӣ, зеристгоҳҳо ва ноқилҳои барқии куҳна, ки фарсуда ва корношоям гардида буданд, иваз шуда, ба давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2023-2024 пурра омода гаштанд.
Ба гуфтаи раиси деҳоти Язгулом Мусаниф Меҳмонов, кормандони ширкати «Помир энерҷӣ» дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлатро ба ҷо оварда, бо мадади Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Ванҷ як кори хайри дигарро низ ба ҷо оварданд. Онҳо ба деҳаи Зайч ба масофаи 9 километр хатти барқ кашида, аҳолиро бо рӯшноӣ таъмин карданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР
Санаи нашр: 20.12.2023 №: 245