ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ҶАМЪБАСТИ СОЛ

ҶАМЪБАСТИ СОЛ

26 декабр 2023, Сешанбе
24
0


Даҳ варзишгари беҳтарини сол аз нигоҳи АЖРВТ
Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон (АЖРВТ) даҳ варзишгари беҳтарини соли 2023-ро эълон кард.
Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назарпурсии хабарнигорони риштаи варзиш ба даҳгонаи беҳтарини сол намояндагони се намуд – бокс, ҷудо ва кураш дохил шуданд.
Баҳодур Усмонов (бокс) – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Тошкент ва ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе беҳтарин варзишгари сол гардид. Ба даҳгона Сомон Маҳмадбеков (ҷудо) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, ғолиби Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе, барандаи медали биринҷии Гранд-слами Тошкент; Давлат Болтаев (бокс) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе; Темур Раҳимов (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, медали нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешт (Венгрия), медалҳои нуқраи Гранд-слами Остона ва Гран-прии Душанбе; Миҷгона Самадова (бокс) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024; Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, медалҳои нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешт ва Гран-прии Душанбе; Хайрандеш Муродзода (кураш) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё дар Ҳангжоуи Чин, медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон дар Ашқобод (Туркманистон); Эмомалӣ Нуралӣ (ҷудо) – барандаи медали тиллои Гранд-слами Тошкент; Абубакр Шеров (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон миёни ҷавонон дар Одивеласи Португал, медали нуқраи Чемпионати Осиё миёни ҷавонон дар Тошкент ва Фариноз Абдуллоева (бокс) – барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон миёни наврасон дар Ереван (Арманистон), медали биринҷии Чемпионати Осиё миёни наврасон дар Остона (Қазоқистон) ворид шуданд.
- Бояд гуфт, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳонии бокс натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар риштаҳои олимпӣ мебошад. Бинобар ин, ӯ барои ин дастовардаш беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф гардид. Инчунин, Миҷгона Самадова, ки дар риштаи бокс барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми Осиё шуда, дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 гардид, беҳтарин варзишгари сол дар миёни бонувон маҳсуб мешавад”, – иброз дошт Нарзулло Латипов.

ҶУДО
Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” – барандаи медали нуқраи “Jenys Cup 2023”
Клуби ҷудои “Ҳоҷӣ Шариф” дар аввалин Мусобиқаи байналмилалӣ миёни клубҳо “Jenys Cup 2023” сазовори ҷои дуюм гардид.
Мусобиқа миёни мардон 21-уми декабр дар шаҳри Алмаато (Қазоқистон) баргузор шуд. Рақобатҳо дар вазнҳои -66кг, -73кг, -81кг, -90кг ва +90кг сурат гирифта, дар он 17 клуб аз Россия, Фаронса, Туркия, Испания, Муғулистон, Беларус, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гурҷистон ширкат намуданд. 
Клуби “Ҳоҷӣ Шариф” дар финал аз клуби “Шеварденӣ”-и Гурҷистон мағлуб шуд. Ду ҷои сеюмро дастаҳои “Эделвейс” (Россия) ва “Женус” (Қазоқистон) гирифтанд.
Дар ҳайати клуби “Ҳоҷӣ Шариф” Муллораҷаб Халифаев (-66кг), Абубакр Шеров, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов (-73кг), Қурбон Кудиев (-81кг), Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Мансур Раҳмон (+90кг) шомил буданд.  
Фонди ҷоизавии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дода, ба ғолиб 30 ҳазор доллари ИМА, ҷои 2-юм – 20 ҳазор ва ду ҷойи сеюм 10 ҳазор долларӣ тақдим шуд. Инчунин, беҳтарин ҷудочӣ, беҳтарин техника ва гаронарзиштарин ширкаткунанда муайян ва бо ҷоизаҳои пулӣ қадр гардиданд.

ФУТБОЛ
Чемпионати Тоҷикистон 
миёни дастаҳои Лигаи олӣ анҷом ёфт
32-юм Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии тими “Истиқлол”-и Душанбе анҷом ёфт. 
Тими Душанбе бори 12-ум ба унвони чемпиони Тоҷикистон даст ёфт. Ин даста қаблан солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016, 2017, 2018, 2019, 2020, 2021 ва 2022 сазовори медалҳои тилло шуда буд. “Истиқлол” дар мавсими 2023 дар 22 бозӣ 52 хол ба даст овард. Ҷои дуюмро бо 38 хол тими “Равшан”-и Кӯлоб гирифт. “Эсхата”-и Хуҷанд бо 33 хол соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ки дар ду ҷои охири ҷадвал мавқеъ гирифтанд, лигаи олиро тарк мекунанд ва дар мавсими оянда дар Лигаи якум бозӣ хоҳанд кард.
33-юм Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ 30-юми марти 2024 оғоз шуда, мисли ду соли охир дар ду қисм баргузор мешавад. Дар қисми аввал даҳ даста дар ду марҳала бозӣ мекунанд. Баъдан, дастаҳо дар қисми дуюм ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Дар умум, ҳар дас-та дар Чемпионат 22 бозӣ анҷом медиҳад.
Ҳамчунин, дар мавсими 2024/25 ду даста аз Тоҷикистон дар мусобиқаҳои Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) баромад мекунанд. “Истиқлол” дар марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои Осиё бозӣ хоҳад намуд, “Равшан” бошад, дар плэй-офф барои роҳхат ба марҳалаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо бозии гузаришӣ анҷом медиҳад. Дар сурати аз плэй-офф нагузаштан тими Кӯлоб дар “Challenge League”-и AFC ҳунарнамоӣ мекунад.

Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.12.2023 №: 247
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив