ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

НАВИДҲОИ ФАРҲАНГ

26 декабр 2023, Сешанбе
29
0


ЗАНОНИ  ҲУНАРМАНДИ ТОҶИКИСТОН ДАР НАШРИЯИ USAID
Занони  ҳунарманди Тоҷикистон, ки ба оғози фаъолияти ҳунармандияшон гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи воқеӣ гузоштааст, дар нашрияи Агентии Иёлоти  Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) таҳти унвони «Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ» муаррифӣ шуданд. 
Агентӣ ба таври расмӣ нашрияи рақамӣ ва чопиро таҳти унвони «Занони ҳунарманди Осиёи Марказӣ: саёҳат дар байни маҷмуи тасвири ҳунарҳо» оғоз намуд. Дар ин маҷмуа тасвири маҳсулоти ҳунарии 50 зани ҳунарманди Осиёи Марказӣ чоп шудааст.
Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018-ум Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021 - Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин, аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод намудани ҳунармандон натиҷаҳои сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд.

ТАҚДИМИ СОЗҲОИ МУСИҚӢ БА МУАССИСАҲОИ ҲУНАРӢ
Дар Вазорати фарҳанг бо мақсади мукаммал гардондани оркестри симфонӣ, инчунин, барои беҳтар гузарондани дарсҳои инфиродӣ ба муассисаҳои давлатии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, Коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов, Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев, Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ ва Иттиҳодияи давлатии гурӯҳҳои эҷодию консертӣ созҳои мусиқии торӣ, зарбӣ ва нафасӣ тақдим шуд.
Вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода ба донишҷӯёни риштаи санъат рӯ оварда иброз дошт: «Фарҳанг, ҳунар ва мусиқӣ се омили муҳиме ҳаст, ки ҳамеша масири зиндагии ояндаи мардум ба ин омилҳо вобастагӣ дорад. Бинобар ин, густариши фарҳанг ва дастгирии аҳли санъат мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Аз ин хотир, мо бояд бо шукргузорӣ аз ғамхориҳои бевоситаи Пешвои миллат дар рушду инкишофи фарҳангу ҳунар, санъати волои мусиқиро низ боз ҳам вусъат бахшем».                 

“ФАРҲАНГ ВА ТАҲАВВУЛИ ОН ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ”
Китоби Мунаввари Сафар “Фарҳанг ва таҳаввули он дар замони истиқлол”, ки онро Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот ба табъ расондааст, барои кормандони соҳаи фарҳангу санъат, устодону донишҷӯёни шуъбаи фарҳангшиносӣ ва рӯзноманигории муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии кишвар, ҳамчунин, хонандагони касбу кори гуногун туҳфаи хубест.
Он фарогири мавзуи илмии “Таҳқиқи вижагиҳои рушди фарҳанги миллӣ дар даврони истиқлол” (2021-2022) мебошад.

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 25.12.2023 №: 247
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив