ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СУҒД. СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД

СУҒД. СОҲАИ МОҲИПАРВАРӢ РУШД МЕКУНАД

29 декабр 2023, Ҷумъа
11
0


Дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд ҷиҳати рушди соҳаи моҳипарварӣ тадбирҳои муҳим амалӣ мегарданд. Алҳол дар вилоят ин соҳа ба марҳилаи рушд расидааст. Масъулон мегӯянд, ки рушди чашмраси соҳа аз имтиёзу сабукиҳое маншаъ мегирад, ки Ҳукумати кишвар тайи чанд соли охир амалӣ мегардонад.  

Яке аз тадбирҳои муҳим имтиёз дар андоз мебошад. Мувофиқи тағйиру иловаҳои ахир ба Кодекси андоз, хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз шаш намуди андоз озод гардиданд. Ин ва дигар имтиёзҳо боис шуданд, ки шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ дар вилоят ба 63 адад расонда шавад. Ин хоҷагиҳо дар шаҳру навоҳии Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Ашт ва Айнӣ фаъолият доранд. 
Ҳаҷми истеҳсоли гӯшти моҳӣ дар вилоят сол ба сол меафзояд. Мувофиқи маълумоти сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд то   1-уми ноябри соли ҷорӣ истеҳсоли гӯшти моҳӣ ба 684 тонна расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 185 тонна бештар аст. 
ҶДММ “Хайри сафо” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов яке аз  хоҷагиҳое мебошад, ки бо ташкили ҳавзҳои нави моҳипарварӣ ҳаҷми истеҳсоли моҳиро марҳила ба марҳила афзун намуданист. 
Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Ҷамъияти мазкур тасмим дорад, ки дар ояндаи наздик то 1000 тонна моҳӣ   содирот кунад. “Хайри сафо”  хоҷагии навтаъсисест, ки аз хориҷи кишвар тухми моҳӣ  оварда, ҳар моҳ то 300 ҳазор моҳича истеҳсол менамояд.  Бино ба иттилои масъулони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ҷаббор Расулов, дар ноҳия 7 хоҷагии моҳипарвар мавҷуд буда, масоҳати ҳавзҳои онҳо 10 гектарро ташкил медиҳад. 
ҶДММ “Корпоратсияи моҳии тоҷик” яке аз калонтарин хоҷагиҳои моҳипарвари ноҳияи мазкур мебошад. Марҳалаи аввали фаъолияти ин коргоҳ соли 2021 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта буд.
Бо дастури Сарвари давлат моҳи апрели соли равон марҳалаи дуюми ҳавзҳои моҳипарварии хоҷагӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин ҳавзҳо, ки масоҳати умумиашон як гектарро ташкил медиҳад, парвариши сад ҳазор гулмоҳӣ ба роҳ монда шудааст. 
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, ки чанде қабл бо фаъолияти хоҷагиҳои моҳипарварии ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд, таъкид кард, ки таъмини бозори дохилӣ бо гӯшти парҳезии моҳӣ ва дар оянда ба роҳ мондани содироти маҳсулот ба хориҷи мамлакат яке аз ҳадафҳои асосӣ мебошад. 
Хоҷагиҳои моҳипарварии дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят  низ кӯшиш доранд, ки   масоҳати ҳавзҳоро васеъ намуда,  истеҳсоли моҳиро зиёд намоянд.

Бобоҷон ҚУРБОНОВ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив