ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ЛАҲЗАЕ ДАР ҲУЗУРИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

ЛАҲЗАЕ ДАР ҲУЗУРИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

29 декабр 2023, Ҷумъа
7
0


Дар шаҳри Москва, он замон пойтахти Иттиҳоди Шуравӣ, бо иштироки тарғибгарони сиёсӣ зуд-зуд чорабиниҳои гуногун мегузаштанд. Аз ҷумла, моҳи октябри соли 1969 дар шаҳри Москва машварати умумумииттифоқии кормандони ҷамъияти «Дониш»-и Иттифоқи Шуравӣ барпо гардид. Боиси хурсандӣ буд, ки аз Тоҷикистон ба ин машварат раиси вақти ҷамъияти «Дониш»-и шаҳри Хуҷанд, доктори илмҳои таърих Ғафур Ҳайдаров ва ман, котиби масъули ҳамин ҷамъият даъват шуда будем.
Пеш аз сафари Москва дӯсти наздики академик Бобоҷон Ғафуров – Иноятулло Домуллоҷонов таъкид намуданд, ки ба Москва рафта,  Бобоҷон Ғафуровро хабар нагирифтан, гуноҳи азим аст. Аввал ҳайрон шудам. Гуфтам, ки академик маро намешиносанд. Лекин Иноятулло Домуллоҷонов  маро шердил карда, гуфтанд: “Барои устод шиносу ношинос, калонсолу ҷавон фарқе надорад. Чун донанд, ки аз Тоҷикистон, шуморо бо камоли мамнунӣ қабул мекунанд”.
 Дар ин сафар имкон ёфта, ба ҷои таъиншуда рафтам. Маро ёвари Бобоҷон Ғафуров – Иван Скримник бо хушнудӣ пазируфт. Устод Бобоҷон Ғафуров дар сари мизи корӣ нишаста, саргарми эҷод буданд. Бо самимияти афзун, аз ҷой бархоста, маро истиқбол ва барои вохӯрӣ даст дароз карданд. Ишора намуданд, ки нишинам. Пурсиданд, ки аз куҷои Тоҷикистон мешавию бо кадом мақсад ба Москва омадӣ. Ба ростӣ, аввал худро камтар ноҳинҷор ҳис кардам. Дар назди чунин олими варзида ва инсони баландмартаба ба забонам ҳарфе наомад. Пас аз лаҳзае худро  ба даст гирифта, салому паёми дӯсташон Иноятулло Домуллоҷоновро ба устод расондам.   
Аз ҳамкорону дӯстонам шунида будам, ки устод Бобоҷон Ғафуров ба ҳар нафаре, ки ба қабулашон медарояд, чунин рафтор мекунанд. Бахусус, агар сокини Тоҷикистони офтобрӯя бошад,  муносибати самимӣ доранд ва ҳатман ёрмандиашонро пешниҳод менамоянд. 
Чун саҳифаҳои ҳаёти сиёсӣ ва илмиву ҷамъиятии ин мутафаккири бузурги Шарқро варақ занем, дармеёбем, ки он тимсоли барҷастаи хидмат кардан ба халқу диёр аст. Мавсуф фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятии худро ба манфиати кулли шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, зиёда аз ин, барои тамоми Иттифоқи шуравӣ ва мардумони тараққипарвари ҷаҳон бахшиданд. Ба ҷаҳониён Тоҷикистонро ҳамчун мамлакати мутамаддин ошно намуданд, садҳо шогирдони рашид тарбия карда, ба камол расонданд, ки анъанаҳои мактаби роҳбарӣ ва илмии он марди хирадро имрӯз бомуваффақият идома дода истодаанд. 
Медонем ва қадр мекунем, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 7 июли соли 2022 ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров соли 2023 Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» эълон гардид.
Комиссияи давраи сеюми озмун дар вилояти Суғд 24 кас, аз ҷумла 5 нафар калонсоли касбу кори гуногун, нафақагирону собиқадоронро ғолиби озмун муқаррар намуд. Боиси ифтихор аст, ки дар озмун на танҳо ҷавонону миёнасолон, балки нафақагирону собиқадорон низ ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Аз ҷумла собиқадорон Саидмуҳаммад Олов (67-сола) муовини раиси Шурои ташкилоти собиқадорони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷои якум, омӯзгори фанни физикаи МТМУ ба номи Садриддин Айнии ноҳияи Ашт Мамадҷон Халилов (78-сола) ва нафақагир Мақбула Ҳакимова (86-сола) аз деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ҷои сеюмро сазовор гардида, ба озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷамъбастӣ низ маҳорати хуб нишон дода, барои насли нав  намунаи беҳтарини ибрат шуданд.
Мо, собиқадорон аз мардуми шарифи Тоҷикистон дар ҳавои ин иқдомҳои наҷиби Сарвари кишвар даъват ба амал меорем ки ба қадри ранҷҳои илмиву амалии аллома Бобоҷон Ғафуров бештар бирасанд ва дар рушди Тоҷикистон ҳамвора саҳм бигиранд. 

Шавкат АЛИЕВ, муовини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Санаи нашр: 26.12.2023 №: 248
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив