ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » НОҲИЯИ ДӮСТӢ.  ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ИҚДОМИ ТОЗАИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ

НОҲИЯИ ДӮСТӢ.  ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ИҚДОМИ ТОЗАИ РОҲБАРИЯТИ ВИЛОЯТ

29 декабр 2023, Ҷумъа
10
0


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ қабули сайёри шаҳрвандонро баргузор кард. Раис бо фаъолон ва сокинони ноҳия мулоқот анҷом дода, ба арзу дархости онҳо расидагӣ намуд. Бо ишора ба таъкиди Роҳбари давлат, ки дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, зикр гардид, ки тамоми хизматчиёни давлатӣ дар сатҳи маҳал бояд ба халқи азизи Тоҷикистон содиқона хизмат кунанд ва дар ҳама ҳолат дар паҳлуи халқ қарор дошта бошанд.
Сокинон доир ба масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони хона ва коргоҳҳои истеҳсолӣ, тоза   кардани  заҳбуру  заҳкашҳо,  гирифтани  гранти   раиси  вилояти  Хатлон, расондани кумак  барои  табобат, дастгирии оилаҳое, ки фарзандони маъюб доранд, нарасидани оби полизӣ, насби симчӯбҳо барои интиқоли барқ дархосту пешниҳод ироа доштанд. Давлаталӣ Саид ба масъулони ташкилоту идораҳои дахлдор ҷиҳати баррасӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои матраҳшуда дастуру супоришҳои мушаххас дод. 
Таъкид шуд, ки ҳадафи олии давлат таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ тавассути баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳои мавҷуда, дарёфти манбаъҳои нави рушд, тараққӣ додани соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, тандурустӣ ва бо ин роҳ, мунтазам беҳтар кардани сатҳу сифати зиндагии мардум мебошад. Вобаста ба ин, раиси вилоят аз саҳми кишоварзони заҳматдӯсти ноҳия дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ ёдовар шуд.
Дар вохӯрӣ, ҳамчунин, оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон, таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ, экстремистӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, бемориҳои сироятӣ, хурофотпарастӣ, ифротгароӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, омӯзиши илмҳои муосир ва технологияи замонавӣ, иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, касбомӯзӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз сухан рафт. 
Дар идомаи сафар раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Дӯстӣ аз хоҷагии деҳқонии тухмипарварӣ ба номи Эргаш Султонов дидан карда, ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшид. Майдони умумии хоҷагӣ 620 гектарро ташкил дода, аз он дар 60 гектараш сабзавот, аз ҷумла карам, гулкарам, лаблабу, инчунин, дар 3 гектараш гармхонаи помидору бодиринг парвариш мешавад. Хоҷагидорон дар майдони 350 гектар пахта ва 75 гектари дигар  гандум, 60 гектар полизӣ, 80 гектар беда низ кишт кардаанд. 
Давлаталӣ Саид дар суҳбат бо кишоварзон ва масъулони ноҳия таъкид намуд, ки тибқи дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдонҳои кишти такрорӣ бояд аз ғалладонагӣ, лӯбиёгиҳо ва макаи дон иборат бошад. 
Ҳамчунин, бо ҷараёни корҳои сохтмонии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 8 огоҳ гардиданд. Муассиса дар деҳаи Ғалабаи деҳоти Ҷиликӯл воқеъ буда, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон бо усули муосири меъмориву шаҳрсозӣ тарҳрезӣ шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки Муассисаи мазкур дорои 20 синфхона барои 540 хонанда дар як баст, ҳуҷраҳои фаннӣ, китобхона ва толори хониш, ошхона барои 220 ҷойи нишаст, толори варзиш дар масоҳати 240,6 метри мураббаъ, маҷлисгоҳ барои 200 ҷойи нишаст, толор барои гузарондани маҳфилҳои хонандагон мебошад. Дар қисми берунаи бино трансформатор, ҳавз барои оташнишонӣ, ҳавз барои оби нӯшокӣ ва полизӣ, ҷой барои нуқтаҳои гармидиҳӣ ва майдончаи варзиш пешбинӣ шудааст. Масоҳати умумии қитъаи замини барои Муассиса ҷудошуда 3,00 гектарро ташкил медиҳад. Масоҳати барои сохтмон ҷудошуда 3880 метри мураббаъ, кабудизоркунӣ 12543 метри мураббаъ, роҳҳо 12655 метри мураббаъ, майдончаи варзиш 1716 метри мураббаъ, роҳравҳо барои давидан 1536 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Фармоишгари сохт-мон Сафорати  Туркманистон буда, пудратчии асосии сохтмон Ҷамъияти хоҷагидории «Довлет Гурлушык»-и Туркманистон мебошад. Корҳои сохтмонӣ аз 21-уми июни соли 2023 шуруъ шуда, лоиҳакаши бино ҶДММ “Хатлонлоиҳасоз” мебошад. Ба раиси вилоят иттилоъ дода шуд, ки айни ҳол корҳои сохтмонӣ идома дошта, 48 дарсади корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст. Сохтмон то Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 9-уми сентябри соли 2024 ба истифода дода мешавад. Давлаталӣ Саид таъкид намуд, ки корҳои ободониро дар иншооти ҷашнӣ босифат анҷом дода, дар муҳлати муқарраргардида мавриди истифода қарор диҳанд.
Раиси ноҳияи Дӯстӣ Даврон Нишонзода пас аз анҷоми сафару вохӯриҳо зикр кард, ки дар доираи омодагиҳо ба таҷлили сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ кӯшиш дорад, ки сари вақт онҳоро ба анҷом расонад. 
  
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, 
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив