ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » КОХИ НАВРӮЗ.  МУЪҶИЗАИ САНЪАТИ МЕЪМОРИИ МИЛЛӢ

КОХИ НАВРӮЗ.  МУЪҶИЗАИ САНЪАТИ МЕЪМОРИИ МИЛЛӢ

29 декабр 2023, Ҷумъа
59
0

Кохи Наврӯз асари мукаммалу нурбори санъати меъморӣ, наққошӣ, бозёфти эҷоди даҳҳо ҳунармандони асил ва зебоишинос буда, далели ҷонфидоӣ, эҳёгари ҳунару анъанаҳои волову гуногунҷабҳаи миллати тоҷик ба шумор меравад. Кохи мазкур, ки дар офаридани он 4000 усто аз тамоми  минтақаҳои Тоҷикистон меҳнат карда, саҳми арзанда гузоштанд, бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохта шудааст. Лоиҳаи бино аз ҷониби меъмори ҷавону боистеъдод Азизиён Самӣ Солӣ таҳия шуд. Ӯ писари кандакори маъруфи тоҷик усто Азизиён Солии Истаравшанӣ мебошад.
Дастаи устоҳо барои тарроҳии маҷмаа ва толорҳои он аз ҷониби Бунёди рассомии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи санъати Тоҷикистон ҷамъ оварда шуд. Ҳунармандон аз тамоми гӯшаҳои Тоҷикистон ҷалб карда шуданд, ки ин аз хусусияти сохтори бадеӣ гувоҳӣ медиҳад. Бино аз 5 ошёна, 15 айвони хурду калон иборат аст. 40 ҳазор м2 масоҳати уфуқӣ ва амудӣ бо нақшҳо, витражҳо, кандакорӣ ва гаҷ, 3 гунбази калон ва якчанд гунбази хурд қасрро ба кохҳои бостонии мо монанд карда. Гунбазҳо аз берун бо кошинкорӣ ва аз дохил бо наққошӣ оро дода шудаанд. 
Дар қисми марказии даромадгоҳ шаршара бо муҷассамаҳои ҷонварони нодири Тоҷикистон бунёд гаштаанд, ки ин манзара рамзи кӯҳистон будани ҷумҳурӣ мебошад. Дар ҳар ду тарафи бино деворҳо бо усули сграффито бо истифода аз технологияи итолиёвӣ оро ёфтаанд. Ба сифати мавзуъҳои тасвир рамзҳои ваҳдати миллӣ, давлатдории Тоҷикистон, амнияти озуқавории кишвар ва шуои истиқлол “сграффито” хизмат кардаанд. Ин асарҳоро усто Ёдгор офаридааст. Ӯ ғайр аз сграффито, маҷмааи “Кохи Наврӯз”-ро бо сутунҳои мармарӣ ва нақшу нигори миллӣ оро додааст. Бинои маҷмаа аз 12 толор иборат аст. Дар 5 толор муассисаҳои ҷамъиятӣ: 2 чойхона, толори синамо, толорҳои билярд ва  боулинг ҷойгир шудаанд. Панҷ толори боқимонда барои меҳмонон кушода мебошанд, ки яке аз онҳо барои гузарондани маросими тӯю маъракаҳо ба иҷора дода мешавад.
Дар Кохи Наврӯз тамоми намудҳои санъати вижаи ороишӣ ва амалии мардуми тоҷик пешниҳод шудаанд. Толори аввал оинабандӣ мебошад, ки дар ороиши он Анваршо Абдуллоев бо шогирдонаш кор кардааст. 
Нахустин чорабинӣ, ки дар ин толор баргузор гардид, саммити Созмони ҳамкории Шанхай буд. Парчамҳои кишварҳо дар деворҳои оинадори толор рӯйдоди таърихӣ – хотира аз ин саммит боқӣ мондаааст. Дар шафати толор як утоқи хурди интизорӣ мавҷуд аст. Шифти ин ҳуҷра бо нақшу нигорҳо оро дода шудааст, ки онҳо мавзуи ороиши толори калони оинабандиро идома медиҳанд. Ҳуҷраи дуюм “Гулистон” ном дорад, ки бо кандакорӣ дар чӯб оро дода шудааст. Барои сохтмону тарроҳии он аз дарахти ҷалғузаи Новосибирск истифода бурдаанд. Масоҳати толор 6500 м2 аст. Тамоми ҷузъҳои ороишро Устобурҳон Алибоеви Исфарагӣ бо дастаи корияш иҷро кардаанд. Толорро қандили 3-тоннагӣ, ки имкони пасту баланд шудан дорад, равшан менамояд. 
Ошёнаи дуюми ин толорро барои оркестр тарҳрезӣ намудаанд. Ба ин ҷо бо ёрии зина, ки бо кандакориҳои зебо оро дода шудааст, баромадан мумкин аст. Фарши толорро аз 94 навъи чӯб бунёд кардаанд. Дар сатҳи фарш нақшҳои анъанавии тоҷикон ва, инчунин, нақшу нигори мазмунашон ориёӣ ва зардуштӣ тасвир шудааст. Ҳар як нақш таърих, рамз ва маънои худро дорост. Ҳамаи ин корҳо дар асоси фармоиш иҷро шудаанд. Дар девори толор тасвири Нишони давлатии Тоҷикистонро бо оби тилло андудаанд. Толор бе сутуни асосии марказӣ сохта шудааст. Бари толор 36 ва баландиаш 46 метр аст. Ин толор бебаҳост, зеро ҳамаи ҷузъҳо дастӣ иҷро шудаанд. Ба шарофати оинаҳо, дар толор асари равшании беруна инъикос мешавад. Ин толор “Гулистон” ном дорад ва танҳо барои қабули расмии давлатӣ истифода мешавад. Қандили толор “Президент” ном дорад. Толори сеюм Зарандуд аст, ки он танҳо барои маҷлисҳои давлатӣ пешбинӣ шудааст. Дар ин ҷо ҳамаи дарҳо дастӣ сохта шудаанд ва нақши онҳо такрор намешавад. Барои сохтани ин дарҳо аз ҷалғузаи сурх истифода бурдаанд. Дар толор як қандили булӯрии вазнаш 6,7 тонна ҳаст, ки дорои 1600 чароғ мебошад. Ин қандил бо дизайни ҳунармандони тоҷик аз булӯри мисрӣ сохта шудааст. Деворҳои толорро тоҷи тиллоии дорои ҳафт ситора ва кандакорӣ дар гаҷ оро медиҳанд. Дар ин толор 16 сутун ҷойгир аст, ки ба Рӯзи Президент алоқаманд мебошад.
Сарсутунҳо ва деворҳои толор бо тилло оро дода шудаанд, ки, аз ин рӯ, онро толори Заррин меноманд. Ин толор дар таркиби маҷмаа баландтарин мебошад, ки гунбази азимтаринро дар бар мегирад. Фарш – паркети ин толор аз чанд намуди чӯб сохта шуда, бо нақшҳои миллӣ оро дода шудааст. Дар паҳлуи толор 4 утоқи оинабандии пешбинишуда барои фароғат ҷойгиранд. Дар ин ҳуҷраҳо дар яке аз деворҳо Нишони давлатии Тоҷикистон бо ёрии сангҳои сваровски тасвир шудааст.
Толори чорум мармарӣ буда, “Аржанг” ном дорад. Дизайни пештоқҳои ин толор, ки масоҳати 1650 м2-ро дар бар мегирад, ороиши мақбараи Сомониён дар Бухоро тасвир гардидааст. Дар толор акси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо модари бузургашон, инчунин тасвири симурғ, ки бо истифода аз техникаи кошинкории флорентӣ иҷро шудааст, метавон дид. Муаллифи ин асарҳо ҳунарманди ҷавон Ҷамшед Ҷӯраев мебошад. Сутунҳои толор аз чӯби ҷалғӯза тарошида шудаанд. Дар маркази ҳуҷра гунбаз мавҷуд аст, ки дохили онро кандакорӣ дар чӯб оро медиҳад. Аз шифти гунбаз қандили вазнаш 3,2 тонна овезон аст. Нақши шифти ин гунбаз дар дигар толорҳо такрор намешавад. Ороиши толор бо 29 намуд сангҳои маҳаллии нимқиматбаҳои табиӣ ба иҷро расида, санги сулаймонӣ аз Шаҳринав, мармари Даштак аз Ванҷ, лоҷувард аз Помир, туфсанг ва санги габра аз ноҳияи Спитамен, мармари Панҷакент ва ғайра. Миқдори умумии сангҳои истифодашуда (бе назардошти хоросанг ва мармар) 52 тоннаро ташкил мекунад. 
Толори панҷум “Дидор” унвон гирифта, пурра бо мусаввара, кандакорӣ дар гаҷ ва чӯб нақшин аст. Устувории рангҳои табиии истифодашуда 100 солро ташкил мекунад. Дар ин толор бо супориши Президенти кишвар рамзи Офтоб тасвир ёфтааст. Мавзуи кундали дар шифти болои даромадгоҳи толор мавҷудбуда «Ваҳдат» ном дорад, ки рамзи ҳамдилию иттиҳоди миллиро инъикос мекунад. Ҳар як намуди нақш, ки дар ороиши дохилӣ ва берунии Кохи Наврӯз истифода шудааст, маънои худро дорад ва вижагии минтақаи муайяни Тоҷикистонро таҷассум мекунад. 
Дар умум, Маҷмааи фарҳангӣ-фароғатии “Кохи Наврӯз”, бешубҳа, рамзи таъриху фарҳанг ва ҳам намоди истиқлолу ваҳдати халқи тоҷик аст. 

Садриддин ҲАСАНЗОДА, нависанда

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив