ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ФОХТА - ПАРАНДАИ СОЛ

ФОХТА - ПАРАНДАИ СОЛ

29 декабр 2023, Ҷумъа
101
0

Шояд барои баъзе аз хонандагони рӯзнома маълум набошад, ки барои ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявии «Парандаи сол» эълон ва интихоб мешавад. Дар соле, ки сипарӣ мешавад, яъне соли 2023, саъба парандаи сол эълон шуда буд. Дар соли нав ё худ соли 2024 фохта эълон ва интихоб гардидааст. Ин Озмун аз кай ва ба чӣ хотир таъсис ёфтааст ва чӣ нафъе дошта метавонад? Хабарнигори рӯзнома бо Маҷид Салим, адиб, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ, табиатшинос, дар ин бора ҳамсуҳбат шуд.
- Нахустин бор ин Озмун соли 2008 дар Олмон эълон шуда буд, - гуфт Маҷид Салим ва афзуд: - Ташаббускори он табиатшиносони ин кишвар буданд. Аз соли таъсисаш, яъне 15 сол инҷониб, кишвари мо ин Озмунро доир мекунад. Ба яке аз нависандагони натуриалисти Олмон суол медиҳанд, ки чаро маҳз озмуни «Парандаи сол» - ро пазируфтанд? Дар посух ба ин пурсиш мегӯяд, ки «парандагон рамзи меҳру муҳаббатанд. Вақте ба чашмони онҳо менигаристам, зиндагии худамро медидам. Инчунин, эҳсос мекардам, ки бо нигоҳашон вуҷуди маро мехонанд ва таҳқиқ менамоянд.»
Ин Озмунро дар дигар кишварҳои тараққикарда хуш пазируфтанд ва онро ба иди бузург табдил доданд.
Дар кишвари мо он бо ташаббуси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ҷамъияти гуногунӣ ва беҳдошти биологӣ доир мегардад. Дар охири ҳар сол гурӯҳе аз олимон ва табиатшиносон ҷамъ меоянд ва парандаи солро интихоб менамоянд.
- Меъёри интихоб чӣ аст?
- Ҳамасола мутахассисони соҳа гурӯҳе аз парандагонро ба ин озмун пешниҳод мекунанд. Олимон дар бораи хусусиятҳои биологии парандаҳои пешниҳодшуда маълумот медиҳанд ва андешаҳояшонро иброз медоранд. Соли гузашта саъба аз миёни 10 парандаи пешниҳодшуда бо тариқи овоздиҳӣ интихоб шуд. Имсол бошад, 8 паранда пешниҳод гардид, ки дар ин миён фохта низ буд. Яъне, парандаеро интихоб мекунанду ба тарафдорияш овоз медиҳанд, ки нодиранд ва ба пуштибонӣ ниёз дошта бошанд. Фохта парандаи бисёр беозор мебошад. Имрӯз шумораи онҳо кам шудааст. Сабаби он тағйирёбии иқлим мебошад. Мавқеи сукунату зиндагиашон низ ҷавобгӯи талабот нест. Фохта дар адабиёти классикии мо хеле машҳур аст ва парандае бо ин ном бисёр ба чашм мерасад. Дар бораи он байту ҳикояту ривоятҳо зиёд мебошад, инчунин, дар миёни мардум машҳур буда, аз маҳбубияти хос бархӯрдор аст. Чор намуд дораду аз оилаи кафтармонандҳост. Он мӯсича ва қумрӣ нест, ончунон ки дар баъзе васоити ахбор нодуруст муаррифӣ гардидааст.
- Хусусиятҳои биологии фохта чӣ гунаанд? 
- Фохта, тавре зикр шуд, ҷисман хурд буда, беозор аст. Ба соле ду тухм мегузорад ва наринаву модинаи он ба навбат тухмҳоро ҳифз мекунанду мебароранд. 20 рӯз, яъне то паррончак шуданашон ҳар ду чӯҷаҳоро мепарваранд. Ба ҷуз ин, фохтаҳо парандаҳои зудбовар мебошанд. Нигоҳи маъсум ва зиндагии сода доранд. Дар аҳд устуворанду дар ишқи ҳамдигар содиқанд. Чор – панҷ соле, ки мезиянд, ба ҷуфти худ ҳеҷ хиёнатеро раво намебинанд. Бисёр зебо, бо нозу карашма ба ҳангоми ишқварзӣ якдигарро меҳрубонӣ мекунанд. Ҳангоми ишқварзӣ як садои зебову форам аз худ бадар мекунанд, ки ин хусусиятҳо дар дигар парандагон ба мушоҳида намерасад.
- Озмунҳо ва эълони парандаҳои сол чӣ натиҷа додаанд ва медиҳанд?  Инчунин, дар ин росто чӣ тадбирҳо андишида мешаванд?
- Бо эълони парандаи сол тақвим ба нашр мерасад ва ба тамоми мактабҳо, донишгоҳҳову донишкадаҳо ва идораҳое, ки ба ҳифзу парвариши парандагон иртибот доранд, он ройгон тақсим мешавад. Яъне, теъдоди нашри тақвим хеле зиёд аст ва ин як навъ тарғиби паранда маҳсуб мешавад. Инчунин, дар бораи он ҳамоишҳоҳи илмӣ доир мегарданд, ба хонандагону донишҷӯён маълумотҳои заруриро зимни суҳбатҳо ироа медоранд. Мурод пуштибонии ин паранда, ғамхорӣ намудан нисбат ба он аст. Ғайр аз ин, китобчаҳо, маълумотномаҳо ба нашр мерасанд. Ин ҳама василаҳо ба хотири ҳифзи муҳити зист, дӯстдорӣ ва нигоҳубини парандагони кишвари маҳбубамон мебошад.
- Аз суҳбати Шумо бармеояд, ки фохта бояд шомили Китоби сурхи Тоҷикистон бошад. Андешаатон дар ин бора чӣ аст?
- Ба маврид суол кардед. Чун мо фохтаро парандаи сол эълон кардем, онро ҷонибдорӣ карданд ва гуфтанд, ки он имсол ҳамчун парандаи нодир ба Китоби сурх ворид мегардад. Ин Китоб дар соли оянда ё худ соли 2024 ба нашр мерасад. Яъне, фохта, ҳамин тавр, мавриди пуштибонӣ ва нигоҳубини махсус қарор мегирад.

Мусоҳиб Абдулқодири РАҲИМ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 27.12.2023 №: 249
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив