ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ВАХШ. ДАРЁИ НУРБАХШИ МО

ВАХШ. ДАРЁИ НУРБАХШИ МО

02 январ 2024, Сешанбе
59
0


Соли 1972  НБО “Норак”, ки иқтидораш 3 ҳазору 015 мегаватт аст, ба тавлиди барқ шуруъ намуд ва бо ин нурофаринии дарёи бузурги Вахш оғоз ёфт. Вахш дар ҳамон шабу рӯзи таърихӣ на балки ҳамчун ободгару сарсабзибахши табиат, балки ҳамчун тавлидкунандаи барқи аз назари экологӣ безарар низ шинохта шуд.

Баъдтар, илова ба иншооти мавҷуда неругоҳҳои “Сантӯда-1” бо иқтидори 670 мегаватт, “Сангтӯда-2” 220 мегаватт ба фаъолият пардохтанд. Бо роҳбарии хирадмандонаву пофишорӣ, иродаи қавиву устуворӣ ва пуштибонии пайвастаи Пешвои маллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони неругоҳи пурқудрати “Роғун” оғоз шуд.
Дар маҷрои Вахш ба ҷуз аз иншоотҳои мавҷуда боз бунёди неругоҳҳои “Симчароғ” бо иқтидори 420 ҳазор квт/с, “Шӯроб” бо иқтидори 900 ҳазор квт/с дар назар дошта шудааст. Дар  маҷрои дарёи Панҷ 14 неругоҳ, ки иқтидорашон аз 300 ҳазор то 5,3 млн квт/с бунёд хоҳад гашт. Дар Панҷи Поён (1,1 млн квт/с), “Кукча” (800 ҳазор квт/с), “Маскав” (800 квт/с) “Чумар” (2 млн квт/с), “Даштиҷум” (5,3 млн квт/с), “Қалъаи хум” (1,5 млн квт/с), “Туған” (2 млн квт/с), “Рӯшон” (3,1 млн квт/с) фаъол хоҳанд шуд. Бояд гуфт, ки танҳо НБО “Даштиҷум” дар сурати ба истифода додан, 19 миллиард квт/соат барқ истеҳсол менамояд, ки талаботи давлатро қариб пурра қонеъ месозад. Дар айни ҳол корҳои лоиҳакашӣ ҷиҳати бунёди неругоҳи “Шӯробод”, “Нуробод-1”, “Нуробод-2”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” давом доранд. Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3 ҳазору 600 мегаватт дар як сол 17 миллиард квт/с барқ тавлид хоҳад намуд. Шаш агрегати он (ҳар яки он 600-мегаваттӣ иқтидор дорад) аз маҷрои Вахш баҳра хоҳанд бурд. Сарбандаш бо баландии 335 метр бузургтарин садди хокию сангӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин Неругоҳ дар минқа калонтарин асту вежагии он Роғунро тамоми Тоҷикистон месозад!
Дар иншоот 15 ҳазор кас кор мекунад, ки байнашон намояндагони ҳама минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. “Роғун” майдони бузурги бунёдкорист, ки дар он ваҳдати миллӣ, дӯстиву рафоқат, далерию шуҷоат тавлид ва кафшер мешавад. Ҳеҷ аз ёд намеравад, 29-уми октябри соли 2016 Пешвои миллат бо ҷасорати азим ва бовару руҳбахшӣ ба миллат пушти фармони техникаи азим нишаста, пеши дарёи Вахшро баста, корро дар сарбанди ин иншоот оғоз бахшиданд. 
Натиҷаи аввал ин раванди созандагии он гардид, ки моҳи ноябри соли 2018 чархаи (агрегат) якуми НБО “Роғун” ба гардиш омад, сентябри соли 2019 агрегати дувуми он ба кор даромад. Пас аз пурра ба кор андохтани ҳамаи чархаҳои “Роғун” Тоҷикистон ба як кишвари содиркунандаи неруи барқи “сабз” табдил хоҳад ёфт ва барои иқтисод ва соҳаҳои иҷтимоии кишвар як ҷаҳиши бузурге ба миён хоҳад омад. Ҳамзамон, Тоҷикистон имконият пайдо карда метавонад, ки интиқоли барқро дар қаламрави худ тамоми сол таъмин намояд.
Бо амалӣ шудани лоиҳаи CАSА-1000 содироти неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза афзоиш ёфта, интиқоли он то 10 миллиард киловатт/соат ба давлатҳои ниёзманди энергетикии Афғонистон ва Покистон зиёд мешавад. “Роғун” рушди корхонаҳои саноатиро таъмин, иқтисодиёти мамлакат ва Меҳани моро ба давлати индустриалӣ-аграрӣ табдил хоҳад дод.

Ҷасур ҲАСАНОВ, 
мудири кафедраи энергетика ва шабакаҳои телекоммуникатсионӣ, номзади илмҳои техникӣ,
Нуралӣ ВАЛИЕВ, 
устоди Донишгоҳи 
технологии Тоҷикистон

Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив