ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СОЛИ НАВ БОДО МУБОРАК!

СОЛИ НАВ БОДО МУБОРАК!

02 январ 2024, Сешанбе
28
0
Ҳарфи ман дар пешвози Соли нав ин аст,
Зиндагӣ бо ишқ рангин аст,
Зиндагӣ бо сулҳ ширин аст.
Метавон бо сулҳ оламро гирифт,
Ҷанг ҳоҷат нест.
Метавон бо меҳр оламро гирифт,
Санг ҳоҷат нест.
Оламеро метавон тасхир кард 
Бо суруду бо дуруд,
Ҳеҷ  ҳоҷат нест бар тиру туфангу дуд.
Оламеро метавон тасхир кард
Бо як оҳангу тарона,
Бо нигоҳе ошиқона.
Зиндагӣ зебост дар перояи сулҳу саодат,
Бо гули ханда ба лаб, рӯи шукуфон аз муҳаббат,
Бо ҳавои накҳати атри калом,
Ҳамчунон, ки дар диёри ман бувад
Зиндагӣ тасхир мегардад туро бо як салом.
Бо нигоҳе метавон пайки муҳаббат бурд,
Ҳеҷ чизи дигаре ҳоҷат надорад,
Аз ҳавои хайрхоҳӣ, ишқу ёрӣ
Мон ба дӯши одамият меҳр борад.
Ҷанг ҳоҷат нест,
Санг ҳоҷат нест.
Дар диёри ман ҳам оташ мефурӯзанд,
Оташи Ҷашни Сада, 
Оташи меҳру муҳаббат, рӯшаниафзо,
Оташе, к-аз ишқи мо оганда аст,
Лек он сӯзанда не, созанда аст.
Дар диёри ман ҳамеша Меҳргон аст,
Чунки кас бо кас ҳамеша меҳрубон аст,
Чунки ин одоб фарзи мо
Аз ниёкон аст.
Ҳамчунон, андар диёри ман 
чу андар рӯзи Наврӯзи аҷам
Метавон бигзашт аз баҳри гуноҳи ҳамдигар,
Душманон гарданд бо ҳам дӯст,
Одамон ёру бародар...
Ман бар онам, ки бубояд дод таъсис дар ҷаҳон
Рӯзи бахшиши гуноҳонро,
Рӯзи байналмилалии афви ҳамдигар,
Рӯзи байналмилалии оштӣ,
Рӯзи аз кина раҳоӣ, аз хусуматҳо ҷудоӣ
Дар тамоми баҳру бар!
Соли нав бодо муборак, мардуми аҳли башар!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив