ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ. ТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ ҶАҲОНИИ МЕҲНАТ

РУШДИ ИҚТИСОДИЁТИ РАҚАМӢ. ТАЪСИРИ ОН БА БОЗОРИ ҶАҲОНИИ МЕҲНАТ

02 январ 2024, Сешанбе
224
0


 
Ҷиҳати фароҳам овардани рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии Ҷумҳурии Тоҷикистон васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ тақозои замон буда, яке аз масъалаҳои мубрам ба ҳисоб меравад. Зеро рақамикунонии иқтисодиёт имкон медиҳад, ки модели муосири рушди иқтисодӣ таҳияву татбиқ ва сармояи байналмилалӣ ҷалб карда шавад, истеҳсолоти мавҷуда тағйир ва истеҳсолоти инноватсионӣ ба вуҷуд ояд. Ҳамзамон, ба ин васила, бозори дохилӣ таъмин ва содирот афзоиш меёбад. Дар ин раванд хоҳ-нохоҳ дар самти таъмин ва танзими бозори меҳнат мушкилӣ ба вуҷуд меояд, ки роҳҳои дурусти ҳалли он дар рушди соҳа нақши муҳим мебозад.  

ТАҒЙИРЁБИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ ДАР КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА
Илёсҷон Шамсов, профессори кафедраи системаи иттилоотӣ дар иқтисодиёти  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доир ба ин масъала иброз дошт, ки дар бисёр кишварҳои пешрафта дар натиҷаи ҷорӣ намудани иқтисодиёти рақамӣ истеҳсолот такмил ёфта, роботикунонӣ ва автоматикунонии ҷойҳои корӣ, зеҳни сунъӣ (аз қабили ба вуҷуд омадани хонаҳои интеллектуалӣ, шаҳрҳо, мошинҳо ва ғайра) ташаккул меёбад. Инчунин, иваз кардани шаклҳои анъанавии хизматрасонӣ бо технологияҳои рақамӣ ба таври объективӣ боиси тағйирёбии бозори меҳнат дар кишварҳои пешрафта гардид. Дар мамлакатҳои тараққикарда аксари аҳолӣ ба интернет дастрасӣ доранд ва дар воҳидҳои бузурги истеҳсолӣ автоматикунонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Мусаллам аст, автоматикунонӣ аз иқтидорҳои меҳнатӣ ҷойҳои корро озод мекунад, ки ин метавонад дар оянда шумораи бекоронро зиёд созад. Аммо дар баробари ин, ин раванд боиси пайдо шудани касбҳои нав мегардад, ки ба иқтидорҳои меҳнатӣ дар бобати гирифтани маҳорати иловагӣ ё баланд бардоштани ихтисос талаботи нав мегузорад.      
 
ОМӮЗИШИ ТАҶРИБАИ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА АЗ МАНФИАТ ХОЛӢ НЕСТ
Чунонки аз мушоҳидаҳо бармеояд, рақамикунонӣ, аслан, ҷараёни хеле пурпечутоб ва заҳматталаб буда, марҳалаи мураккаби гузариш аз иқтисодиёти анъанавӣ ба иқтисодиёти муосир мебошад, ки онро бояд кишвари мо низ пушти сар намояд. Дар марҳалаи кунунии рушди Тоҷикистон, дар заминаи рушди умумии иқтисоди рақамӣ маҳз ҳамин таҷрибаи кишварҳои пешрафта қобили таваҷҷуҳ аст. Яъне, омода кардани мутахассисони соҳибихтисос оид ба технологияҳои рақамӣ бояд авлавият дошта бошад. 

МУТАХАССИСИ БАЛАНДИХТИСОС АСОСИ САРМОЯИ ТАШКИЛОТ
Агентиҳои кадрӣ ҳангоми пур кардани ҷойҳои холии корӣ ба душвориҳои муайян дучор меоянд, чунки дар бозори меҳнат мутахассисони баландихтисос талаб карда мешаванд. Мутахассис асоси рушди ташкилот, сармояи инсонии он мегардад, ки қодир ба тавлиди фоида ва арзиши иловашуда мебошад. Ҷустуҷӯи чунин мутахассисон бо зарурати таҳияи пайвастаи барномаҳои ҳавасмандкунӣ ва зиёд кардани музди кор алоқаманд хоҳад буд. Тағйирёбии босуръати технологияҳо боиси зарурати рушди доимии салоҳиятҳои нав мегардад ва дар давраи фаъоли ҳаёт тағйир додани 8-10 ихтисосро талаб мекунад. Номгӯйи талаботи иқтисоди рақамӣ ба захираҳои меҳнатӣ инҳоянд: донистани забонҳои хориҷӣ, зеҳни баланд, ки вазифаҳои мураккабро ҳал карда метавонад, муошират, қобилияти ҳамкорӣ бо одамони гуногун, мутобиқшавӣ ба шароити зудтағйирёбанда, малакаи кор, кунҷкобӣ, қобилияти тафаккури интиқодӣ, маълумоти олии тахассусӣ, вале баландихтисос. Ҳангоми татбиқи иқтисоди рақамӣ дар ҳолати надоштани ин нишондиҳандаҳо дар бозори меҳнат барои дарёфти ҷойи кор мушкилӣ эҷод мешавад.

ОЁ РАҚАМИСОЗӢ БОИСИ БАДТАР Ё БЕҲТАР ШУДАНИ МУШКИЛОТИ СОХТОРИИ БОЗОРИ МЕҲНАТ МЕГАРДАД? 
–  То ҳол муҳаққиқон ба ин савол ҷавоби ягона нагирифтаанд. Фаъолияти бозори меҳнати ҷорӣ ва оянда аз омилҳои гуногун вобаста аст. Рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва соҳибихтиёрии он аҳамияти калидӣ дорад. Ба далели ҷорӣ намудани навовариҳои технологӣ, инчунин, автоматикунонии равандҳо дар муассисаҳои қарзӣ ва бонкӣ кормандони бахши аввалия маҷбуранд, ки ҷойҳои кории худро тарк созанд ва ё дарсҳои бозомӯзӣ гузаранд. Инчунин, ҷараёни баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат дар натиҷаи инқилоби илмию техникӣ ба паст шудани нархҳо дар бозори меҳнат, зиёд шудани талаботи ниҳоӣ, таъмини шуғли зиёд ва ҷуброни хароҷоти ибтидоии интиқоли қувваи корӣ таъсир мерасонад. Дар баъзе соҳаҳо рақамисозии дарпешистода метавонад танҳо сохтори шуғлро тағйир диҳад ё шумораи зиёди ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳад, дар дигар соҳаҳо баръакс, шумораи онҳоро ба таври назаррас коҳиш медиҳад. Дар маҷмуъ, он қариб ба ҳама касбу фаъолият таъсир мерасонад. Ин ба туфайли рушди технологияҳо,  ба монанди: интеллекти сунъӣ, технологияҳои виртуалӣ, технологияҳои коркарди маълумотҳои калонҳаҷм ба вуҷуд меояд, – гуфт И. Шамсов.

МУШКИЛ ДАР ЧИСТ?
Тибқи гузориши BCG, Rosatom ва WorldSkills, вақте ки давлатҳо ба иқтисоди инноватсионӣ мегузаранд, онҳо ҳатман  бо яке аз мушкилоти асосии бозори меҳнат – норасоии шумораи кофии кадрҳои дорои тахассуси зарурӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Бисёре аз донишгоҳҳо мутахассисони технологияҳои иттилоотӣ низ омода мекунанд. Аммо тавре маълум, онҳо то ҳол талаботи иқтисоди рақамиро пурра қонеъ карда наметавонанд. Мушкили асосӣ амали барномаҳои кӯҳнашуда, норасоии  мутахассисони варзида дар байни омӯзгорон ва набудани лоиҳаҳои зарурии амалкунанда мебошад. Ҳамзамон, ҳангоми гузариш ба иқтисоди рақамӣ муаммоҳои нав, аз қабили ҳаракати афзояндаи меҳнат, густариши автоматикунонӣ ва роботикунонӣ, нопадид шудани касбҳои муайян, эҷод мешаванд. Нишасту вохӯриҳо ҳам дар асоси татбиқи технологияҳои иттилоотӣ коҳиш меёбанд, – изҳор дошт Илёсҷон Шамсов.
Чунонки аз андешаи мутахассисону муҳаққиқон бармеояд, бозори меҳнат таъсири дуҷониба дорад. Аз як ҷониб,  автоматикунонӣ ва роботикунонии истеҳсолот боиси афзоиши бекорӣ мегардад, ки танзими фаъоли давлатиро тақозо мекунад. Аз тарафи дигар, технологияи нав боиси пайдоиши касбҳои нав мешавад, ки нисбат ба сифати таълим талаботи баланд мегузорад. Мушкилоти иқтисоди рақамӣ дар бозори меҳнат, ки аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта аён аст, метавонад дар оянда дар мамлакати мо ба амал оянд. Аз ин рӯ, омӯзиши таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ имкон медиҳад, ки дар оянда усулҳои танзим дуруст муайян ва афзоиши рақобатпазирии иқтисоди ватанӣ таъмин  гардад. 
 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Санаи нашр: 29.12.2023 №: 251-252
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив