ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МИЛЛАТИ ФАРХУНДА, ДАСТОВАРДҲОИ ШОИСТА

МИЛЛАТИ ФАРХУНДА, ДАСТОВАРДҲОИ ШОИСТА

05 январ 2024, Ҷумъа
21
0

 
Ташаббусу ҳидоятҳои Пешвои миллатамон, аввалан, дар мавриди сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 30-солагӣ ва имрӯзҳо дар мавриди истиқболи сазовори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли  давлатии Тоҷикистони азизамон, бояд гуфт, ки ба куллӣ набзи рӯзгори моро дигар намудаву падидаи дурахшони солҳои охир ва сабабгори ноил гардидани халқамон дар ҳама  самтҳову дар ҳама гӯшаҳо ба дастовардҳои нав ба нав гардиданд. Ин дастовардҳо дар соҳаи созандагиву бунёдкорӣ  ба куллӣ симои кишвари моро, аз пойтахти ватанамон сар карда, то ҳама гӯшаҳои дурдасттарини он, дигаргун сохтанд, то ҷойе, ки касе, ки он мавзеъҳоро пеш аз ин дида бошаду акнун бинад,  намешиносад.
Пеш аз он ки дар бораи дастовардҳои дурахшони  соли сипаришуда, яъне соли 2023 чанд сухан бигӯем,  мехоҳам,  дар бораи як дастоварде, ки маҳсули тамоми даврони Истиқлоли давлатии Тоҷикистон аст, чанд ҳарфе бигӯям. Ба андешаи ин ҷониб, дар қатори ҳама дастовардҳои сиёсиву иҷтимоӣ, саноативу кишоварзӣ, илмиву фарҳангӣ ва ғайраҳо як дастоварде, ки ба таври умда, метавон гуфт, ҳосили ниҳоӣ ва ҷамъбастии ҳама дастовардҳо,  нуқтаи олии пирӯзиҳои миллии мо дар даврони истиқлолият аст ва метавон бо он ифтихор кард, ин ба даст овардани руҳияи умумӣ ва ягонаи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ дар саросари кишвари мост. Имрӯз метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон касеро наметавон ёфт, ки фориғ аз ин эҳсосот,  яъне, эҳсоси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ бошад. Дар навбати худ эҳсосоти фарогири ватандӯстӣ миллати моро ба ягонагиву  ҳамсириштӣ, ба ваҳдати миллӣ ва созандагиҳо раҳнамо гардидааст. Маҳз ҳамин эҳсосот, чунон ки дидем, ба шинохти ҳувият ва таърихи худ, ба худшиносии миллӣ меорад ва миллатро ба пеш, ба фатҳи қуллаҳои нав ба нав ҳидоят мекунад.
Дар ҷаҳони ҳозира, дар тамаддуни имрӯзии дунёи бисёр мураккабу пуртазоду ноором, ки ҳеҷ кишваре кафолате ба ғайр аз  ба худ надорад, ин падида барои миллати мо бисёр муҳиму арзишнок ва хуҷаста мебошад. Яъне, Пешвои миллати мо, Ҳукумати Тоҷикистон тавонистанд як чунин сиёсатеро пеш гирифтаву амалӣ созанд, ки миллати моро ба ин нуқтаи олӣ, ба ягонагии халқу миллат  расонанд. 
Аз соли нахустини оғози даврони истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз ҳар соли истиқлолияти мо пуропури дастоварду пирӯзиҳои миллӣ гардид. Халқи пас аз садсолаҳо ба армони таърихии худ – ба озодӣ расидаи мо ин дастоварди таърихиро пос дошта, ҳадафи бузурги эҳёи миллӣ ва ҳадафҳои баланди дигарро, ки ташаккули миллату маънавиёт ва бунёди қавии ҳастии  миллатро  таъмин менамоянд,  дар пешорӯи  худ гузошт.  Яке  аз  хуҷастатарин  корҳое, ки таҳти сарварии Президенти кишвар ва Ҳукумати Тоҷикистон ба иҷро расид, ин бунёди чаҳор ҷашни миллии мо дар чаҳор фасли сол чун чаҳор унсури зиндагии миллати соҳибтамаддуни мо буд. Ахиран дар қатори ҷашнҳои мубораки  Садаву Наврӯз ва Меҳргон ҷашни Тиргон низ эҳё гардид.  Ин ҷаҳор ҷашне, ки маънову мазмун ва ҳадафҳои башарӣ доранд, сиришти инсониву фарҳании миллати моро дар худ таҷассуми дурахшон додаанд. Ҷашни Тиргон ахиран ба ин чаҳоргонаи ҷашнҳо илова гардид ва бояд гуфт, боз ҳам ба заковати Пешвои миллати мо ва ташаббусҳои ватандӯстонаи он кас бояд қоил шуду сар хам овард, ки ин тиҳигоҳи холимондаро мантиқан дуруст  дарк намудаву пур карданд, то ки он чор рукн барқарор гардад.  Тиргон яке аз он ҷашнҳои қадимаи мост, ки ҳатто дар асрҳои миёна аз байн рафта буд. Танҳо дар байни халқи тоҷик дар суннатҳои наҷиби он зинда монд. Ва баъзе суннатҳои он дар зиндагӣ ва фарҳанги халқи соҳибхиради мо маҳфуз монда буд. Ин ҳам як падидаи беназир  гувоҳи бозгашти миллати мо ба асолати таърихии хеш мебошад, ки мо бо ин ҷашни миллиамон, яъне ба Тиргон эҳёи тоза бахшидем. 
Ин  ҷо  мехоҳам  дар  бораи чанд дастоварди маънавии халқу  кишварамон сухан кунам, ки идомаи ташаббусҳои Пешвои миллатамон дар ин соҳа, яъне соҳаи маънавиёт мебошанд. Дар соли 2023 яке аз хуҷастатарини онҳо, ба андешаи ман,  бунёди озмуни “Тоҷикон” – оинаи таърих ва миллат” мебошад, ки бузургтарин ҳадафи миллӣ – худшиносии миллӣ, шинохти таърихи худ, ҳувияти миллиро пайгирӣ мекунад. Бубинед закои Пешвои миллати моро, ки ҳанӯз ду сол пештар аз ин бо ташаббуси худ,  ба ҳар як хонадони тоҷик ин китоби арзишмандро ҳадя намуданд, ки чандин рамзҳои бузургро  пайгирӣ дошт. Аввал ин, ки таърихан дар хонадони тоҷик ҳамеша як китоби муқаддас нигоҳ дошта мешуд  ва онро ҳатто ба зери сари тифлон дар гаҳвораҳо мегузоштанд ва ин як далели соҳибфарҳангии миллати мо буду ҳаст. Дуюм ин, ки маҳз китобе тақдим карда шуд, ки дар он тамоми таърихи пурифтихору пурғановати миллатамон инъикоси мондагор ва ифтихоромез ёфтааст ва ин, бидуни шубҳа, ба равнақи худшиносии миллӣ саҳми бузург хоҳад гузошт. 
Истиқболи самимона  аз озмуни  "Тоҷикон" –  оинаи таъриху миллат" дар саросари кишвар, иштироки теъдоди ҳазорон нафар дар ин озмун гувоҳи он аст, ки мардуми мо нисбат ба таърихи худ, дастовардҳои таърихӣ, ифтихороти миллиашон бетафовут нестанд. Хеле хубу ҷолиб буд, ки ин озмун ба тариқи шабакаҳои телевизионӣ пайваста намоиш дода шуданду ҳазорон нафар тамошобинон низ шарику шоҳиди онҳо гардиданд ва бардоштҳое аз онҳо доштанд, ки низ дар худшиносии миллиашон бетаъсир набуд. 
Албатта, ин озмун ва ҳама озмунҳои дигаре, ки Пешвои миллатамон роҳандозӣ ва дастгирӣ намуданд, падидаҳои беҳамтое дар зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд, ки танҳо бо заковати Пешвои миллати мо маҳз  дар мамлакати мо роҳандозӣ гардиданд ва бори дигар гувоҳи ворисони нобиғагону донишмандону адибони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ будани тоҷиконро нишон медиҳад. 
Озмунҳо нишон доданд, ки таваҷҷуҳи иштирокчиёни онҳо ба ин мавзуъ хеле амиқ ва бо камоли дарку фаҳмиш буд. Яъне, ҳадафи волое, ки Пешвои миллати мо аз роҳандозии ин озмун ба назди ҷомеа гузошта буданд, ҳосил гардид. Ва заминаи қавие барои оянда дар самти худшиносӣ ва ифтихороти миллӣ гузошта шуд.
Падидаи дурахшони дигар дар соли 2023 ин, бидуни шубҳа, эълони тақдими китоби “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсӣ низ ба ҳар як хонадони тоҷик буд. Ин иқдоми беназири Пешвои миллати мо бори дигар гувоҳи сиришти баланди ҳам ватандӯстӣ ва ҳам фарҳангпарастии Пешвои миллатамон аст, ки касеро бе тафриқа нагузошт.  Ва мо – тоҷикон ифтихор мекунем, ки имрӯз чунин Пешвои хирадманду фазилатпеша дорем. 
Мо танҳо дар мавриди ду падида, ду дастоварди дурахшони соли 2023 дар соҳаи маънавиёти кишварамон сухан кардем, ҳол он ки падидаҳои зиёди дурахшони дигар арзи вуҷуд доштанд.  Дар мавриди дастовардҳои кишварамон дар самти сиёсати байналмилалӣ, ки бори дигар обрӯву нуфуз ва мавқеи Тоҷикистон ва Пешвои онро дар арсаи ҷаҳонӣ қавитар намуданду хеле зиёданд. Ҳамин гуна дастовардҳо дар тамоми соҳаҳои зиндагиву рӯзгор ва ҳаёти иҷтимоиву хоҷагии халқи кишварамон ба даст оварда шуданд, ки гувоҳи сиёсати созандаву ватандӯстонаи  Пешвои миллатамону Ҳукумати Тоҷикистон ва хусусан, заҳматҳои бунёдкоронаи халқи азизи кишварамон мебошад.
Яъне, ки соли 2023, бидуни шубҳа, саҳми бузургу таърихии худро дар бунёди қасри бегазанди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон, боло бардоштани сатҳи зиндагии халқамон, ободонию пешрафти Тоҷикистони азиз гузоштаву заминаҳои қавие барои бунёдкориҳои ояндаи сарзаминамон муҳайё намудааст. Ин беҳтарин ҳадя  ва дастовард дар ҷамъбасти соли сипаришудаистода ва ба истиқболи Соли нави милодӣ дар сарзамини мост.

Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 03.01.2023 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив