ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМИ ФАРАҲ 

ПАЁМИ ФАРАҲ 

05 январ 2024, Ҷумъа
28
0


ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Пайк  орад ин Паём имсол бар ҳар хонадон,
Гашт аз навгониҳо оғоз дар рӯи ҷаҳон.
Гарчи буд душвору ноором авзои Замин,
Шукри он ки монд халқу Меҳан осуда аз ин.
Бо дироят,  пешрафту  рушд ҳам афзун бигашт,
Дарсади маҳсули дохилӣ шуда афзун зи ҳашт.
Ҳам саноат, ҳам маориф, низ нақбу роҳу НОБ,
Ҳам фаровон ҳосили хоку замин аз файзи об.
Иқтисод арқомӣ бояд кард, ин бошад зарур,
Ҳам зи истеҳсоли сабз ояд табиат дар ҳузур.
Пешрафти илму фановарӣ аст андар назар,
То баробар мо шавем имсол бо аҳли башар.
Ҷои аввал нақши зан, модар, тамоми бонувон,
Ҷазби меҳнат ҳар яке бояд шавад, пиру ҷавон.
Гашт пайдо ҷою нақши ҷумла соҳибкорҳо,
З-ин сабаб мардум ба ҷои кор таъмин, ҷобаҷо.
Даъвати сармоя бояд беш гардад, беш, беш,
То фаровонӣ ба кишвар бештар гардад зи пеш.
Баъди Роғун барқи мо бояд басе афзун шавад,
Ҷалбу ҷамъ аз чор сӯ ҳамсоягон акнун шавад.
Рушду иршоди саноат ҳатмӣ андар ин замон,
Равнақу ободии кишвар бувад вобасти он.
Боядо донем иқлими ҳама сайёраро,
Пиряхҳо то набандад кӯч аз ҷое ба ҷо.
Бас ба зери хок бошад маъдани фоиданок,
Олимонро жарфтар тадқиқ бояд зери хок.
Ҷалби сайёҳон фузуда бар диёри мо басо,
Кор бояд хуб гардад, дур бояд аз хато.
Аз муҳоҷирҳои кишвар қайд шуд дар анҷуман,
Чунки ризқи халқ вобаста-ст аз ин дар Ватан.
Чун шавад оҷонсии фарҳанги меросии мо,
Ҳар ки донад ёдгориҳои мо аст аз куҷо?
Хуб мо донем қадру қимати омӯзгор,
Илм омӯзем з-онҳо, зиндагӣ, ҳам кору бор
Рушди тиббӣ аст ин ҳифзи бадан бо солимӣ,
Илми Сино хонда, афзоем қадри олимӣ.
Гуфт ӯ арзи сипосе бар кишоварзони хеш,
Чунки ин маҳсули меҳнат гашта афзунтар зи пеш.
Чил дар сад гашта афзун боз ҳам подоши кор,
Ҳам нафақа, ҳам садақа беш гардад чанд бор.
Баҳри рушд афзуд пайванди мамолик то абад,
Дӯстони хориҷи моро барафзояд адад.
Ҳар ҷавон бояд бидонад нақшаи ояндаро,
Илму дониш дар амал, аъмоли бас созандаро.
То басе маъруф созем ин Ватан андар ҷаҳон,
Шарти қатъӣ ҳаст, мо донем ҳатман ду забон.
Бар ятимон, гуфт, ҳар кас мушфиқу ғамхор бод,
Кӯдакону пиру барно боядо бошанд шод.
Баски Сарқонуни моро умр худ сӣ сол шуд,
Маърифат ҳам беш аз нақши ҳуқуқ иқбол шуд.
Баҳри ободӣ, шукуфоӣ, низому амният,
Ҳушёрӣ, устуворӣ, ҳифзи мулк аз ҳар ҷиҳат.
Ҳар ки донад, боядо, таҳдид аз ифротиён,
Дар сухан сидқу сафову дар амал зишту зиён.
Он чи орад ҳар хурофотӣ, ҳама бегона аст,
Меваи маҳсули кораш бе асосу дона аст.
Аз Паём ояд садои қалби гарми Пешво,
Як садои дилрасу ғамхору бар дил ошно.
Ин Паёми олӣ азбас буд ҳаме бар халқи хеш,
Монд боқӣ он шиораш: "Тоҷикистонам, ба пеш!".
Худ Ниҳонӣ шоҳиди ҳол аст  андар ин паём,
Гашта панди Пешво худ раҳнамо бар мо мудом.

НИҲОНӢ

Санаи нашр: 03.01.2024 №: 3
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив