ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШОМИ ШАНБЕ

ШОМИ ШАНБЕ

09 декабр 2023, Шанбе
7
0


ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙН-КРОССВОРДИ «ҶУҒРОФИЯ»
1.Фанни ҷуғрофия. 2. Қишри замин. 3. Сайёра. 4. Ҳодисаи табиӣ. 5. Ноҳия дар Тоҷикистону Афғонистон. 6. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 7. Ноҳия дар Хатлон. 8. Қисми хушкӣ, ки аз се тараф бо оби баҳр ва уқёнус  иҳота шудааст. 9. Корманди илмӣ. 10. Ҷуғрофияшиноси англис Христофор … . 11. Бонки давлатии амонатӣ (шакли кӯтоҳ). 12. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 13. Кунҷи ҷуғрофӣ. 14. Миллат. 15. Донишҷӯе, ки аз тарафи давлат мехонад. 16. Илми иқлимшиносӣ. 17. Баландиҳои кӯҳ. 18. Кор, меҳнат ... . 19. Шабакаи ТВ. 20. Мукофоти давлатӣ. 21. Садо, овоз. 22. Қонуни физикӣ. 23. Музди кор. 24. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 25. Қитъаи ҷуғрофӣ. 26. Ҳавзи сунъӣ. 27. Мавҷуд будани об дар таркиби ҳаво. 28. Асбоби кунҷченкунӣ. 29. Ноҳия дар Тоҷикистон (номи пешинаи яке аз шаҳрҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ). 30. Маҷмуи ноҳамвориҳои сатҳи Замин. 31. Ҳастии миллат. 32. Дарё дар Ҳинд. 33. Ҷисми начандон калони уқёнус. 34. Кӯшиш. 35. Давлат дар Африқо. 36. Масраф, харҷ. 37. Пиряхи машҳури Тоҷикистон. 38. Уқёнус. 39. Ҷинсҳои кӯҳие, ки пирях овардааст. 40. Пиряхи шинокунанда. 41. Қабати замин. 42. Давлат дар Аврупо. 43. Ҳайвони ваҳшӣ. 44. Дарахти ҳосилдеҳ. 45. Ранг. 46. Асбоби ҷуғрофӣ. 47. Ҳайвони хонагӣ. 48. Нишони давлат. 49. Мутахассис. 50. Ҳудуд. 51. Он чизе, ки дар рӯи Замин мерӯяд. 52. Киштии машҳури ғарқшуда. 53. Кишвар дар Россия. 54. Тиру … . 55. Маҳаллаи машҳури Исфараи Тоҷикистон. 56. Ҳафтанома дар Тоҷикистон. 57. Пойтахти Муғулистон. 58. Мутахассиси соҳаи кино ва театр. 59. Баҳрнаварди машҳури ҷаҳон Фернан … . 60. Фаъол, ол… . 61. Кӯҳи машҳури Арманистон. 62. Мубаддал. 63. Истилоҳи ҷуғрофӣ. 64. Нақб дар Тоҷикистон. 65. Маблағ барои аз ҳудуди як давлат гузаштан. 66. Қуллаи баландтарин. 67. Ноҳия дар Тоҷикистон.

Таҳияи Муҳаммадюсуф ИСМОИЛОВ, 
сокини ноҳияи Ашт

Масъули рубрика Зулола БОБОРАҶАБОВА

Бо мо ҳамкорӣ намоед! 
Телефон: 238-53-40
Вайбер:  93-547-00-05, bzm_701@mail.ru



НИЁЗИ МО АЗ ДИДИ ЧАРЛИ ЧАПЛИН
Чарли Чаплин, ҳунарманди маъруф, пас аз тай кардани роҳи пуршебу фарози зиндагӣ, ба ин хулоса расидааст: "Ман намехоҳам император бошам, касеро идора кардаву бо нафаре ҷанг кунам. Ин ҳадафи зиндагии ман нест. Ман мехоҳам ёрирасони ҳама бошам. Мо барои он офарида шудаем, ки дасти ҳам бигирем, аз хушбахтии якдигар шод шавем. Дунё кирои кина варзидан надорад ва дар он барои ҳама ҷой мерасад. Ин Замини беканор ҳамаи моро хӯронда метавонад ва имкон медиҳад, то озоду хушбахт зиндагӣ кунем. Вале мо инро аз ёд бурдаем. Дили одамон он қадар танг шуда, ки замирашон аз бадбиниҳо саршор ва моил ба сӯи хунрезиҳост.
Мо мошинҳои тезҳаракат сохтем ва гӯё даруни он қалбҳоямонро маҳкам кардем. Дониши зиёдамон моро ба одами сангдиле табдил додааст. Мутаассифона, бисёр фикр мекунему ҳамдигарро камтар эҳсос менамоем. Мо ба кашфиёт не, ба инсонгарӣ ниёз дорем". 

Аз русӣ тарҷумаи Меҳрангез ҚОДИРОВА



АСРОРИ БАХТ
Ятиме аксеро, ки як сол пеш аз кӯча ёфта буд, доим зери болин нигоҳ медошт ва дар он гумон буд, ки ҳамин модараш аст. Мудири ятимхона рӯзе акси афтода аз бистари писаракро дида, пурсид:
– Бачаҷон! Ин сурати кист?
– Ин модари ман аст, бисёр зани хуб ва зебост, – табассумкунон ҷавоб дод ва илова кард: – Гурбаҳоро хеле дӯст медорад.
Мудир дарҳол он хонуми бефарзандро, ки қариб як сол пеш ба нияти фарзандгирӣ ба ятимхона омада буд, шинохт. 
Баъди ним соат ҳамон бонуи дар аксбуда вориди коргоҳ шуд.
– Ана, ман ҳамаи ҳуҷҷатҳоро дуруст кардам.
– Кадом вақт мехоҳед ятимҳоро аз назар гузаронед?
– Падару модари воқеӣ фарзанди худро интихоб карда наметавонад. Ман ҳам мехоҳам модари воқеӣ бошам. 
– Аммо ман медонам, ки шумо модари кӣ мешавед. Вай ятимбачаи 5-солаест, ки модараш дар вақти таваллуд аз ӯ рӯй гардонда буд. Агар шумо омода бошед, ҳозир ӯро меорам. 
Баъди панҷ дақиқа мудир дасти ятимбачаро гирифта дохил шуд.
– Бачаҷон! Шинос шав, ин...
– Модарҷоооон! – дод зад ятимбача ва ба сӯи он зан давид. 
Ҳар ду ҳам бо хумору меҳрубонӣ ҳамдигарро сахт оғӯш гирифтанд, гӯё, ки солҳо боз чунин рӯзро интизор буданд ва медонистанд, ки он фаро мерасад.

Таҳияи Лола РИЗОӢ


ДАРАХТОНИ РОҲРАВ 

Тасаввур кардан душвор бошад ҳам, дар ҷангалҳои тропикии Эквадор «нахлҳои роҳрав» аз оилаи Socratea месабзанд, ки метавонанд дар рӯи замин ҳаракат карда, соле то 20 метр масофаро тай кунанд. 
Албатта, ҳаракати чунин дарахтон бағоят суст аст: ҳар кадоми онҳо рӯзе 2-3 сантиметр «роҳ меравад».
– Вақте хоки зери нахл беқувват мешавад, решаҳои дарози  он дар ҷустуҷӯи хоки нави серғизо мешаванд, – мегӯяд палеобиолог Петер Врсански аз Академияи илмҳои Словакия.
Бо пайдо кардани ҷойи мувофиқ, решаҳои нав ба хок фурӯ мераванд. Дарахт бошад, оҳиста ҷониби онҳо хамида, тадриҷан решаҳои куҳнаашро аз замин берун мекашад. Муҳлати кӯчидани нахлҳо ба ҷои офтобӣ ва серғизо метавонад чанд сол тул кашад.
Таҳияи Кароматулло АТО



КӢ САЙЁҲИРО КАШФ КАРДААСТ?
Томас Кук аз Англия на танҳо сайёҳиро ҳамчун ҷараён ё сохтори алоҳида кашф кард, балки аввалин ширкати сайёҳиро таъсис дод. Ӯ барои миллионҳо одамоне, ки ҳаёташон дар байни чор девори хона ва чанд кӯчаи дар ҳамсоягӣ қарордошта мегузашт, зебоӣ ва гуногунии олами васеъро кушод. Дар асри XIX ҳамзамонони Томас кам ҷуръат мекарданд, ки ба тамошои ҷаҳон ё сафар бароянд. Магар, эҳтиёҷи таъҷилӣ онҳоро ба ин роҳ маҷбур набарад. Ба ин хотир, ҳанӯз дар замони зинда буданаш, ӯро “равшанфикри айём” мехонданд. 
Таҳияи Шаҳноз ҚУРБОН


БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
НЮТОН-СИЁСАТМАДОР 
Албатта, ҳама огоҳанд, ки Нютон ҳамчун физик ва математики шинохта шуҳрати ҷаҳонӣ дорад. Аммо сиёсатмадор, ҳатто узви парламент низ будани ӯро бисёриҳо намедонанд. Бале, бовар нокарданист, аммо далел аст, ки Нютон соли 1689 бо намояндагӣ аз Донишгоҳи  Кембриҷ вакили парламенти Англия интихоб шуда буд. Аз ин ҳам аҷоибтар давоми беш аз як соли вакилиаш олими маъруф ҳамагӣ як бор садо рӯшан карда, хоҳиш намудааст, ки «тирезаро пӯшед». 

Таҳияи  С. РАҲМОНЗОДА


ЛУТФИ БУЗУРГОН
Черчилл на танҳо сиёсатмадор, балки рассом ҳам буд. Боре расмҳояшро
ба шиносҳо нишон дод. Яке аз онҳо пурсид:
– Барои чӣ шумо фақат манзара мекашед?
– Гап дар он ки, – ҷавоб дод Черчилл, – дарахт он қадар ба худаш монанд нашавад ҳам, рассомро айбдор намекунанд.
Таҳияи Дарвеш ҚУРБОНӢ


10 БОНУИ САРВАТМАНДИ ОЛАМ
1. ФРАНСУАЗА БЕТАНКУР-МАЙЕР                          
Ӯ духтари муассиси машҳуртарин ширкати ороишии олам – «L'Oreal» Эндрю Бетанкур (Фаронса) мебошад. 
Пас аз хатми донишгоҳҳои Сорбонна ва Оксфорд, соли 1987 фаъолияташро дар ширкати падараш оғоз мебахшад.
Соли 2007, баъди вафоти падар, роҳбари ширкати маъруф мешавад. Таҳти роҳбарии ин бонуи кордон ширкати «L'Oreal» беш аз пеш ривоҷу ранақ меёбад ва маҳсулоти ороишии он дар дунё талабгорони зиёд дорад. 
Маҷаллаи молиявии «Форбс» Франсуаза Бетанкур-Майерро, ки сармояаш ба 80,5 миллиард доллари ИМА мерасад, доротарин бонуи олам эътироф кард.

Таҳияи Меҳрона ЗУВАЙДОВА



НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
ТАСАВВУР
Дар беморхона:
- Духтурҷон намешавад ҷарроҳиро ба таъхир гузоред?
- Чаро?
- Охир ман ним сол навбат поида будаму ҳамин пагоҳ бояд дандонҳои навамро часпонанд. 
Чун табиб дуру дароз ба фикр меравад, бемор бетоқат шуда боз мепурсад.
- Чаро якбора хап кардед, чӣ ин қадар дароз фикр мекунед?
- Ман маросими ҷанозаи шуморо тасаввур дорам.
- Чӣ хел маросим?
- Ҳамин хел, тасаввур мекунам, ки шумо аз ҷарроҳии таъҷилӣ даст кашида, ихтиёран мурдаеду дар маросими ҷаноза ҳушу хаёли меҳмонон ба дандонҳои сафеду фарфории шумо кашол. 

Аз русӣ тарҷимаи Ҳалима ҚУРБОНАЛӢ



ГАРДАНИ ДАРОЗ МЕХОҲЕД,  БА ТАИЛАНД БИЁЕД!
Дар Мянма ва Таиланд қабилаи Падаунт зиндагӣ мекунад, ки анъанаи аҷиби дароз кардани гардани занони худро бо истифода аз ҳалқаи биринҷӣ доранд. 
Ҳалқаи аввал ба духтарча дар 5-солагӣ гузошта мешавад. Баъдан дар давоми умр ҳалқаҳои дигар илова мешаванд ва вазни умумии он ба 9 кило мерасад. Тасвирҳои рентгенӣ нишон доданд, ки гардани занон тағйир намеёбад, аммо камарбанди китф меафтад.

Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА



НОМАИ ПИСАРИ ОЛМОНӢ БА ПАДАРИ РОҲРӮБАШ
Падар! Бошараф аст он касе, ки инсон бошад ва аз байни партовҳо нон пайдо кунад. То он кас, ки худ партов бошад ва миёни инсонҳо нон пайдо кунад.
Таҳияи Фирдавс МАДЁ



“ТУРО ДӮСТ  МЕДОРАМ, ПАДАР!”
Саугат Биста аз Непал дар 7-солагӣ бо таҳияи филми "Туро дӯст медорам, падар!" (2017) ҷавонтарин коргардон дар таърихи синамои ҷаҳон гардид.  Идеяи филм дар мағзи Саугат ҳанӯз дар 6-солагӣ пайдо шуда буд. Филми мазкур аз саргузашти марде қисса мекунад, ки барои хушбахтии духтари аз модараш ятиммондаи худ нақши модарро мебозад.  Филм миёни мардум ҳангомаҳои зиёдеро ба по кард ва дар кинотеатрҳо ҳамарӯза ба намоиш мерафт.
Саугат писари ҳунарманди машҳури Непал Гаҷит Биста буда, дар 5-солагӣ дар ду филм нақш офаридааст. Тибқи гуфтаи ӯ, коргардонӣ нисбат ба ҳунарнамоӣ шавқовартар аст. Мавсуф ҳамчун ҷавонтарин коргардон шомили "Китоби рекордҳои Гиннесс" шуд. 

Таҳияи Гулнисои САЪДОНШО



“МАН МЕДОНАМ, КИ Ӯ КИСТ!” 

Пирамарди солхӯрда доим бо ҳамсараш ба сайругашт мебаромад. Ин ҳолатро касе назорат мекард ва рӯзе аз пирамард пурсид:
– Ба назарам шумо хонуматонро ҳамеша ба самте мебаред, ки ӯ намехоҳад. Чанд рӯз аст, ки мушоҳида мекунам, хонум ба гирду атроф таваҷҷуҳ надорад, ҳатто ба шумо низ.
– Бале, шумо дуруст мегӯед, ин кас гирифтори бемории фаромӯшхотирӣ шудааст, – кӯтоҳ посух медиҳад пирамард.
– Агар дасташро раҳо кунӣ, нороҳат мешавад?
– Не, ӯ, ҳатто пай намебарад. Солҳои зиёд аст, ки маро ҳам дар ёд надорад.
– Агар ҳис накунад ва касеро, ҳатто шуморо ҳам нашиносад, чаро солиёни дароз бо ӯ саргардонед?
Пирамард бо табассуми маънидор афзуд:
 – Ӯ намедонад ман кистам, аммо ман медонам, ки ӯ кист.
Таҳияи Судобаи ФАЙЗАЛӢ




“ХАБАРИ ХУШ” 
Дар мусобиқаи ҷаҳонии голф варзишгари ҷавон ҷои якумро ишғол менамояд. Вақте ӯ аз варзишгоҳ мебарояд, зане аз вай пул мепурсад. 
Маълум мешавад, ки фарзанди хурдсол ва ягонааш бениҳоят бемори вазнин аст ва барои ҷарроҳӣ пули калон лозим. Баъди шунидани ҳасрати пиразан, варзишгар бо дилсӯзӣ ҳама маблағе, ки аз пирӯзӣ ба даст оварда буд, ба вай медиҳад.
Фардои он рӯз ҷавон воқеаро ба дӯстонаш нақл мекунад. Ёронаш ҳамагӣ оҳ мекашанд ва изҳор медоранд, ки он зани маккор ӯро низ фиреб додааст ва ин танҳо роҳи ғорати ту барин зудбоварон аст.
– Магар зан кӯдаки бемор надорад? – пурсид варзишгар аз дӯстонаш. 
– Надорад, – гуфтанд онҳо бо як овоз. 
– Шукронаи Худованд! Ин аз ҳама хабари хуш аст, ки тули як моҳ, ҳатто як соли охир мешунавам. 

Таҳияи Шаҳноз САБУРӢ



ЧӢ ХЕЛ МАЙМУН 
БАРОИ СИГОРКАШӢ МУҶОЗОТ ШУД?

Сол ба сол дар ақсои олам, баҳри ҷалби мардум ба тарзи ҳаёти солим ва дур кардани онҳо аз одатҳои бад, мубориза алайҳи сигоркашӣ пурқувваттар мегардад. Дар иртибот ба ин, дар кишварҳои гуногуни дунё як қатор маҳдудиятҳо ҷорӣ шудаанд.
Мо медонем, ки дар дилхоҳ мамлакат, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз болои риояи қонунҳо назорати ҷиддӣ бурда мешавад ва дар ин амр гоҳо воқеаҳое сар мезананд, ки кас ангушти ҳайрат мегазад. Масалан, тибқи хабари сомонаҳои интернетӣ, боре дар шаҳри Саут-Бенди иёлати Индиана маймун барои сигоркашӣ дар ҷои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҳукуматдорон ҷазо гирифт.  
Рух додани чунин ҳолат дар давлати демократатарини олам муаммост, вале гумони ғолиб он аст, ки ҳукуматдорон ҳангоми маҳкуми ҳайвон назарияи Чарлз Дарвинро ба назар гирифтаанд.    

Таҳияи Ш. ШОКИР


ШАВҲАРИ МУҶАРРАД
Дар қабулгоҳи беморхонаи касалиҳои руҳӣ:
- Мехоҳед дар муассисаи мо кор кунед?
- Бале.
- Ихтиёрӣ? 
- Албатта.
- Шавҳаратон зид намебарояд?
- Ман ҳоло шавҳар надорам.
- Фаҳмо, менависем, ки шавҳари шумо ҳанӯз муҷаррад аст. 
Аз русӣ тарҷумаи Ф.  РАҲМОНЗОДА



10 КИШВАРИ ҶАВОНИ ДУНЁ 
МАКЕДОНИЯИ ШИМОЛӢ 
Тибқи иттилои Toptimes.ru, шумораи кишварҳо то имрӯз аз 193 ба 256 расидааст.  Алҳол муқаррароте вуҷуд надорад, ки тибқи он қабули давлати ҷавон дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирад. Кадом кишварҳои ҷавонтарини дунёро медонем? Мо ба ин савол посух дорем.

10. Македонияи Шимолӣ (соли 1991). Ҳудуди он дар нимҷазираи Балкан (Балқон) ҷо гирифта, асрҳои зиёд ба ҳайати ҳар гуна кишварҳо ворид буд. Баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон як қисмати Югославия маҳсуб мегардид ва шаҳди истиқлолро танҳо соли 1991 чашид. 
Ҳудуди кишвар 25333 метри мураббаъ буда, забони давлатӣ македонӣ ва албанист. 
Таҳияи Умар АЛӢ



ЛАБХАНДИ АҲЛИ ФАЗЛ
ШИКАСТ
Мавлоно Қутбиддин ба аёдати тарсое рафт, ки ҳамсояи ӯ буд. 
Ӯро пурсиду гуфт: 
– Чӣ ҳол дорӣ? 
Гуфт:
– Таб мекунам ва гарданам дард мекунад, аммо имрӯз табам шикастааст. Гуфт:
– Умед дорам, ки он низ бишканад.

Аз «Латоиф-ут-тавоиф»-и Фахриддин Алии Сафӣ 
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН



ҲИФЗИ ПИРЯХҲО – ҲИФЗИ ҲАЁТ
АЙСБЕРГИ БАРОБАР БА ЛОНДОН 
Дар Антарктида аз яхбандии Брунт айсберги калон канда шуд, ки тақрибан ба ҳудуди Лондон баробар аст. Масоҳати умумии он 1550 километр муррабаъ мебошад. Дар ин бора маркази Арктикии Британияи Кабир иттилоъ додааст. Кандашавии чунин айсберг баъд аз фоҷиаи “Титаник”, даҳшатноктарин ҳисобида мешавад. Ҳоло он аз ҷониби мутахассисон ва коршиносони соҳа мавриди омӯзиш қарор дорад. 

Таҳияи Оҳистамоҳи ВАФОБЕК

Санаи нашр: 07.12.2023 №: 240
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив