ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

БА ИМЗО РАСИДАНИ ЯК ҚАТОР ҚОНУНҲО

10 январ 2024, Чоршанбе
17
0


3-юми январ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба якчанд қонунҳо имзо гузоштанд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фарҳанг”, “Дар бораи ҳифзи пиряхҳо”, дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои тандурустӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, қонунҳо дар бораи зотпарварӣ ва тухмипарварӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Қонунҳои баимзорасида барои рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳанг, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, бунёди ҷойҳои кории нав, танзими ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ҳифзи пиряхҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва пешрафти ҳаёти ҷомеа равона шудаанд.
Қонунҳо дар матбуот нашр карда мешаванд.

Санаи нашр: 05.01.2024 №: 4
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив