ҶУМҲУРИЯТ » ҶАЛАСАҲО » ҲАДАФИ ЧОРУМ.  БОЗ ЯК ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР САМТИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

ҲАДАФИ ЧОРУМ.  БОЗ ЯК ҚАДАМИ МУҲИМ ДАР САМТИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР

12 январ 2024, Ҷумъа
83
0


Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи навбатӣ созишномаҳои сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» ва ширкати «Сантайлс»-ро ба тасвиб расонданд.

– Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Арвис» ба татбиқи лоиҳа бо ҷалби сармояи мустақим равона гардида, амалишавии он барои рушди соҳаи саноати сабуки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси коргоҳи нави пуриқтидор муҳим мебошад. Дар марҳалаи аввали иҷрои ин тарҳ иқтидори истеҳсолии корхонаи таъсисшаванда 5500 тонна ришта (дар марҳалаи дуввум 10800 тонна ришта), 3600 тонна матои патдори рангуборшударо дар як сол ташкил медиҳад. Инчунин, ба кор даровардани корхонаи номбурда барои таъсиси зиёда аз 2000 ҷойи кори доимӣ ва то 1500 ҷойи кори мавсимӣ замина мегузорад, – гуфт Хуршед Мирзо, муовини якуми раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  зимни муаррифии созишнома.
Тибқи лоиҳаи созишнома бо мақсади рушди соҳаи нассоҷӣ, иқтидорҳои истеҳсолӣ, афзоиши иқтидори содиротӣ дар ҳудуди мамлакат таъсис додани корхонаҳои пахтатозакунию ресандагӣ, бофандагию дӯзандагии аз лиҳози экологӣ безарар, пешбинӣ гардидааст.
Зикр гардид, ки лоиҳаи мазкур пурра аз ҳисоби маблағҳои сармоягузор дар ду марҳала амалӣ мешавад, ки марҳалаи якум 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Маблағгузории марҳалаи дуюм аз татбиқи пурраи марҳалаи якум вобаста буда, ҳаҷми умумии он тибқи ҳисобҳои пешакӣ то 300 миллион сомониро ташкил дода, муҳлати амалишавиаш 12 сол муқаррар шудааст.
Ҳамзамон, Хуршед Мирзо зимни муаррифии Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Сантайлс» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли маснуоти гилию сафолӣ, маснуот аз бетону семент ва истеҳсоли оҳак иброз намуд, ки сохтмон ва бунёди корхона бо ҷалби сармояи мустақим роҳандозӣ шуда, дар он 3 миллион метри мураббаъ маснуоти гилин, 3,5 миллион метри мураббаъ маснуоти сафолин, 40 ҳазор тонна маснуоти бетонӣ, 200 ҳазор метри мукааб маснуоти семент ва 250 ҳазор тонна оҳак истеҳсол мегардад. Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои муосир ва риояи талаботи экологӣ  бунёд гардида, дар он зиёда аз 200 ҷойи корӣ мешавад. Ҳаҷми умумии сармоягузорӣ барои амалишавии лоиҳа 40 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, муҳлати амалишавии он 10 солро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки татбиқи ин лоиҳаҳо барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар ва истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд.

Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.01.2024 №: 10
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив