ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАЁМ ДАР НУРОБОД САРМАШҚИ КОР АСТ

ПАЁМ ДАР НУРОБОД САРМАШҚИ КОР АСТ

17 январ 2024, Чоршанбе
24
0


Имрӯзҳо дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар ба хотири фаҳмондадиҳии ҳадафҳои асосии Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат гурӯҳҳои алоҳида ташкил шуда, дар дурдасттарин минтақаҳои кишвар вохӯрӣ ва суҳбатҳо доир менамоянд.
Баҳри рушду пешрафти тамоми самтҳои стратегии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, саҳм гузоштан дар ободии диёр, ҷалби бештари сайёҳон ва рушду эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ҳар шахси худогоҳу ватандӯстро мебояд аз худ нақше гузорад.
Тибқи нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Нуробод дар якҷоягӣ бо муассисаву идораҳои марбута байни сокинони деҳаҳои дурдаст, вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суҳбату вохӯриҳо доир намуда истодааст. Дар он раиси ноҳия Додарҷон Ҷобирзода ва гурӯҳи тарғиботӣ ҷиҳати сари вақт иҷро намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат сухан карда, вобаста ба самтҳои асосии Паём, эълон гардидани соли 2024 – Соли маърифати ҳуқуқӣ, инчунин, ба хотири беҳбуди сатҳи зиндагӣ, зиёд гардидани маоши ҳадди ақал ва нафақа, баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа, тарғиби тарзи ҳаёти солим, обод намудани зодгоҳ  изҳори андеша намуд. Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки баъзе гурӯҳҳои манфиатҷӯ бештар ҷавононро ба равияҳои бегона мебаранд. Аз ин рӯ, падару модаронро зарур аст, нисбат ба тақдири насли наврас бетараф набошанд. Онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоянд.
Дар ин радиф ситоди ноҳиявӣ кӯшиш менамояд, ки дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат аз ҳар ҷамоат фаъолону собиқадорон ва ҳунармандонро ба хотири возеҳтар фаҳмондани масъалаҳои рӯз ҳамроҳ намуда, дар байни мардум рушд додани ҳунарҳои бостонӣ ва пешгирии пош нахӯрдани оилаҳои ҷавон, соҳибкасб кардани ҷовондухтарони рустоиро тарғибу талқин кунанд.

Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»  

Санаи нашр: 17.01.2024 №: 13
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив