ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » БАРНОМАИ ХУДШИНОСӢ

БАРНОМАИ ХУДШИНОСӢ

19 январ 2024, Ҷумъа
50
0


Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми декабри соли 2023 аз ҷониби тамоми мардуми ҷумҳурӣ ҳамчун як дастури муфиду роҳнамо ва барномаи инкишофу пешравии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти рӯзмарра пазируфта шуд.  Дар он  тамоми соҳаҳои арзишманди ҷомеа мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва муваффақияту дастовардҳо таъкид ва нуқсу камбудиҳо ошкор шуданд. Инчунин, душворию мушкилиҳои сипаришудаи соли гузашта махсусан ишора гардида, барои дар соли равон ба дастовардҳои назарраси иқтисодию молиявӣ ва сиёсию иҷтимоӣ расидан дастуру маслиҳатҳои пурарзиш ва судманд пешниҳод шуданд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба масъалаҳои истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ назари тозаи худро равона намудаанд.
Ҳамин тавр,  ба масоили ҳифзи саломатӣ ва рушди илму маориф ҳамчун калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо аҳамияти хосса зоҳир гардид. Ҳамзамон, барои беҳтар кардани шароити самаранокии муассисаҳои таълимию илмӣ  дастурҳои зарурӣ ироа  шуданд. 
Аз рӯи таҳлилҳо  агар соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо, ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад. Дар Паём, ҳамчунин, ироа гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми зан дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта, барои бонувон шароити муносиби фаъолият фароҳам оварда шуд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ басо муассир мебошад. Президенти ғамхори мо дар Паёми навбатии хеш низ нисбат ба кормандони соҳаи маориф бо таваҷҷуҳи алоҳида баромад намуда, саҳми боризи онҳоро дар баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум бо далелу бурҳони қатъӣ баррасӣ намуданд. Пешвои муаззами миллат бори дигар аз нукоти паёмҳои пешинаи хеш ёдовар гардида, баҳри амалигардонии нақшаи чорабиниҳо дар мавриди Солҳои 2020-2040 - Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф ба Ҳукумати ҷумҳурӣ, вазоратҳои молия, маориф ва илм, АМИТ ва дигар вазорату кумитаҳои марбут дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Хусусан, бо мақсади дастгирии давлатӣ ва тақвияти вазъи иҷтимоии омӯзгорон, донишҷӯёну магистрҳо ва аспиранту докторантҳо аз 1-уми июли соли 2024 ба андозаи 40 фоиз зиёд кардани маошу стипендияи онҳо аз ғамхориҳои навбатии Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба илму маориф башорат медиҳад. Дар ҳамин радиф,  таъкид намуданд, ки ба сатҳи сифати ҳар як дарс ва машғулиятҳои амалии омӯзгорон назорати ҷиддиро ба роҳ монда, ба он муваффақ шудан зарур аст, ки муаллим дарси замонавиро бо тамоми талаботи таҷрибаи муосири ҷаҳонӣ бояд ташкил карда, гузаронда тавонад. Пешвои миллат ба масъалаи рушду пешрафт, такомул ва тозагии забони шоиронаву шевои тоҷикӣ аҳамияти дигарбора дода,  гӯшрас намуданд, ки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддастарину гаронбаҳотарини миллат маҳсуб гардида, ҳифзи покию салосат ва умри ҷовидонаи он вазифаи ҷонии ҳар як узви ҷомеа мебошад. Бахшида ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024 аз он башорат медиҳад, ки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, баҳри эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми кишвар ҷиддан масъулиятшинос мебошанд. Бояд махсус таъкид кард, ки дар баробари ин ҳама масъалаҳои муҳим Паёми навбатии Президенти мамлакатамон ба ҳар як сокини кишвар вазифаҳои тозаеро дар бобати тайёрӣ ва ботантана гузарондани Ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш гузошта, он ҳамчун як барномаи муфассалу мукаммали худшиносию ифтихори миллӣ аз мо тақозо месозад, ки бо меҳнати шарафмандонаву масъулияти баланди ватандорӣ ин чорабинии бузурги сиёсиро истиқбол гирем. 

Суман САФАРОВА, директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 10-и шаҳри Кӯлоб

Санаи нашр: 19.01.2024 №: 14
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив