РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ
Мутахассиси дараҷаи олии соҳаи байторӣ Абдусаттор Иброҳимзода, ки зиёда аз 30 соли ҳаёти пурбаракати худро ба ҳифзи амнияти озуқаворӣ бахшида, аз духтури одии санитарӣ-байтории ноҳияи Дӯстӣ то ба вазифаҳои баланди соҳаи байтории Маркази бехатарии озуқавории вилояти Хатлон ва Кумитаи давлатии таъминоти бехатарии озуқавории ҷумҳурӣ фаъолияти густурда кардааст, дар ҳифзи амнияти озуқаворӣ корҳои зиёдеро амалӣ месозад. Дар ин кор таҷрибаи ғанӣ дорад.
Абдусаттор пас аз хатми Донишгоҳи аграрӣ соли 1988 ба ҳайси духтури санитарӣ-байторӣ дар муассисаи байтории ноҳияи Дӯстӣ фаъолияти худро оғоз бахшид ва пас аз 3 сол сарбайтор таъин шуд. Ӯ ҳамчун роҳбари ҷавону кордон тавонист мутахассисони беҳтаринро ба кор ҷалб намуда, шароити хуби меҳнатӣ фароҳам оварад. Абдусаттор вазъи сангини солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро ба хотир оварда мегӯяд, ки қисми зиёди чорвои фермаҳои чорводорӣ ва парандапарварӣ ба яғмо рафтанд, аммо баъди ғалабаи сулҳ бо ёрии Ҳукумати ҷумҳурӣ тавонистем фермаҳои чорво ва парандапарвариро аз нав барқарор созем.
Дар фермаҳои чорводории хоҷагиҳо байторон ҷиҳати аз ҳар гуна касалиҳо эмин нигоҳ доштани чорво корҳои профилактикӣ бурда, марказҳои бордоркунии сунъиро ташкил карданд. Дар маҳалҳои аҳолинишин, ки чорвои шахсӣ нигоҳ медоштанд, чорабиниҳои судманд андешида мешуданд, то ки чорвои шахсии шаҳрвандон талаф наёбад ва ба ҳар гуна касалиҳои хатарноки сироятӣ гирифтор нашавад.
Баъдтар Абдусаттор Иброҳимзода ба вазифаи сардори Маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон ба кор таъин мешавад. Ӯ, ки дар ин соҳа таҷрибаи хуби бисёрсола дошт, пеш аз ҳама, саъю кӯшиш намуд, ки фаъолияти марказҳои ташхиси бехатарии озуқавориро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят аз нав эҳё ва ҷоннок созад. Дар натиҷаи мунтазам гузарондани рейдҳои муштарак дар бозорҳо, мағозаю дуконҳои хӯрокворӣ маҳсулоти бесифат аз муомилот боздошт ва аз ҷониби мутахассисон безарар гардонда мешуданд. Ӯ дарк мекард, ки дар деҳот аз набудани байтор шахсони тасодуфӣ ба табобати чорво машғул шуда, ба ҷойи манфиат овардан дар натиҷаи табобати нодуруст боиси талаф ёфтани чорвои аҳолӣ мегарданд.
Санҷишҳои саривақтии кормандони соҳа барои пешгирии касалиҳои сироятии чорво ва ҷиҳати назорати бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон як такони ҷиддӣ баҳри рушду нумӯи соҳа гаштанд. Мақсади чунин чорабиниҳо омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва дар амал ҷорӣ намудани шаклҳои нави фаъолияти санитарию байторӣ ҷиҳати таъмини бехатарии озуқаворӣ ва беҳдошти соҳаи байторӣ ба ҳисоб мерафт. Бо ибтикори ин марди наҷиб Маркази ташхиси бехатарии озуқавории вилоят бо факултаи байтории Коллеҷи махсусгардондашудаи шаҳри Бохтар алоқаи густарда дорад ва донишҷӯёни ин боргоҳ мунтазам таҷрибаҳои амалиро дар ин Марказ меомӯзанд.
Музаффар МУРОДОВ,
бойгоншиноси дастгоҳи
раиси вилояти Хатлон
Санаи нашр: 27.02.2023 №: 44
Муҳокима кунед
Ҳамчунин хонед:
09 январ 2024, Сешанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА ВОРИД НАМУДАНИ ИЛОВАҲО БА ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚҲОИ КӮДАК»
24 июн 2024, Душанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
17 ноябр 2023, Ҷумъа
КОДЕКСИ ФАЗОИ ҲАВОИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
11 сентябр 2024, Чоршанбе
САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
06 апрел 2023, Панҷшанбе
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ ХАРИДИ ДАВЛАТӢ
Шарҳҳо (0)