ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАТАР

МУЗОКИРОТИ САТҲИ ОЛИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚАТАР

23 январ 2024, Сешанбе
21
0

 
22-юми январ дар пойтахти Давлати Қатар – шаҳри Давҳа, дар доираи сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қатар баргузор гардид.
Баррасии масоили ҳамкории ду кишвар дар мулоқоти хосаи сарварони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва волоҳазрат Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ оғоз гардида, зимни музокирот бо иштироки ҳайатҳои расмии давлатҳо идома ёфт.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти имрӯзаро ҳамчун идомаи муколамаи сиёсии сатҳи олии ҷонибҳо ва рӯйдоди муҳим дар муносибати ду кишвар арзёбӣ карданд.
Роҳбари давлат таъкид намуданд, ки кишвари мо ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Давлати Қатар дар соҳаҳои гуногуни мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҳавасманд мебошад. Аз ҷумла, тазаккур дода шуд, ки бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ, ки тобистони соли гузашта зимни сафари Амири Давлати Қатар ба Тоҷикистон ба имзо расид, барои тавсеаи робитаҳои дарозмуддати ду кишвари дӯст заминаи мустаҳками ҳуқуқию шартномавиро фароҳам сохт.
Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо таъсис додани механизмҳои нав аз доираи манфиати ҷонибҳо берун нест.
Гурӯҳи кории алоҳидаи муштарак барои омӯзиш ва мушаххас намудани самтҳои афзалиятноки ҳамкории ду кишвар ва Бунёди муштараки сармоягузориҳои Қатар ва Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳоянд.
Зимни мулоқот изҳори умед шуд, ки бо талошҳои муштарак ба рушду нумӯи бештари ҳамкориҳо дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, даст хоҳем ёфт.
Бо назардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, ҷалби сармоя барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика, саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан ва дорусозӣ, нақлиёт, кишоварзӣ ва сайёҳӣ зарур шумурда шуд.
Пешниҳод гардид, ки ҷиҳати тавсеаи шабакаҳои логистикии миёни ду давлат барои мусоидат ба ҳамлу нақли бор ва мусофирон, инчунин транзит ба кишварҳои дигар, лоиҳаҳои нақлиётӣ-транзитии муштарак роҳандозӣ шавад.
Ҳамкориҳо дар бахши маориф, илм ва фарҳанг аз унсурҳои муҳими тақвияти робитаҳои башарӣ миёни ду давлат номида шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба вазъи байналмилаливу минтақавӣ низ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Инчунин, роҳбарони ду давлат ҳамкориҳои босамари ду ҷонибро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ зикр намуданд.
Роҳбари давлат алоқамандии ҷониби Тоҷикистонро барои идомаи ҳамкориҳои зич дар самти таъмини амният таъкид сохтанд.
Дар фарҷоми гуфтушунид Пешвои миллат иброз доштанд, ки муколамаи имрӯзаи сатҳи олиро ҷониби Тоҷикистон омили калидии рушди минбаъдаи робитаҳо медонад ва ҳавасманди пешбурди пайвастаи он ба манзури таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвари ба ҳам дӯст мебошад.

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив