ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД ВА ТАҚОЗОИ ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД ВА ТАҚОЗОИ ТАҲКИМИ ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚӢ ДАР ЗАМОНИ МУОСИР

23 январ 2024, Сешанбе
153
0


Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки дар раванди бунёди ҷомеаи пешрафта ва адолатпарвар масъалаи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Вобаста ба ин, пешниҳод карданд, ки соли 2024 ҳамчун Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шавад.

Ба хотири таъмини заминаи ҳуқуқии ин пешниҳод 30-юми декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон намудани соли 2024 ба тасвиб расид. Мақсад аз тасвиби фармони мазкур баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба давлат ва арзишҳои миллӣ, таъмини волоияти қонун, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва дар ин замина ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди нигилизми ҳуқуқӣ, рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таҳкими принсипи волоияти қонун ҳамеша аҳамияти хоса доштанд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, печидатар шудани муносибатҳои иқтисодӣ, равандҳои афзояндаи иттилоот ва рақамикунонӣ проблемаҳои маърифати ҳуқуқӣ, тарбия ва таълим на танҳо муҳим боқӣ мондаанд, балки мазмуни нав пайдо кардаанд. Аён аст, ки дар шароити имрӯза талаботи риояи қатъии қонун як тамоюли муайяни меъёриро ифода мекунад, ки дар атрофи худ сохторҳои ҳокимиятӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма, табақаҳои иҷтимоӣ ва қувваҳои ҷамъиятӣ - сиёсиро муттаҳид менамояд.
Нақши бунёдии ҳуқуқ, ки дар заминаи он давлати ҳуқуқбунёд асос ёфта, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор гирифтааст ба сатҳи маърифати ҳуқуқии аҳолӣ бевосита алоқамандии зич дорад. Бинобар ин, маҳз дар шароити замони муосир маърифати баланди ҳуқуқӣ яке аз шартҳои муҳими пешравии ҳамкории судманди давлат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад. Гуфтан мумкин аст, ки маърифати ҳуқуқии аҳолӣ - ин қобилияти ташаккулёфтаи ҳар як шаҳрванд барои зиндагии шоиста дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд аст. Мутаассифона, ҳоло аз ҷониби худи шаҳрвандон ҳимоя карда натавонистани ҳуқуқҳои худ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузорӣ ба назар мерасад. Аксарияти аҳолӣ нисбат ба масъалаҳои ҳуқуқӣ бетаваҷҷуҳи зоҳир менамоянд, ки ин аз паст будани дониши ҳуқуқӣ дарак медиҳад. Аз ин рӯ, талаботи замони муосир аст, ки бо мақсади бартараф намудани ин камбудии ҷомеа, яъне беаҳамиятиву норасоии дониши ҳуқуқӣ чораҳои зарурӣ адешида шаванд.
Дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ муттаҳидӣ ва ҳамкории мутақобилаи ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ зарур аст. Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ зикр намуда буданд: “Риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волоияти қонун, яке аз роҳҳои муҳими ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ маҳсуб меёбад. Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад”.
Ҳоло бо эълон гардидани Соли маърифати ҳуқуқӣ як қатор вазифаҳо дар самти амалӣ гардидани он ба вуҷуд меояд. Вазифаҳое, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бояд анҷом дода шаванд, метавонанд чунин бошанд: тарғибу ташвиқи меъёрҳои қонун; ба чоп расондани маводи илмию таълимӣ ва оммавӣ; дар раванди фаъолияти корӣ сармашқи кори худ қарор додани талаботи меъёрии қонун; ташкили дастрасӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ; тарбияи ҷавонон дар руҳияи эҳтиром ба қонун; доир намудани чорабиниҳои гуногун ба хотири баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон.
Албатта, тарғибу ташвиқи меъёрҳои қонунгузорӣ бояд аз ҷониби шахсони салоҳиятнок анҷом дода шавад, зеро дар акси ҳол метавонад таъсири баръакс диҳад. Бинобар ин, зарур аст дар ин самт муҳаққиқон ва шахсоне, ки дар татбиқи меъёрҳои қонунгузорӣ дорои донишу малакаи хуб мебошанд, ҷалб шаванд. Чунин амал дар таҷрибаи ҷаҳонӣ ва хусусан кишвари мо ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” истифода шудааст. 
Ба чоп расондани маводи илмӣ-оммавӣ яке аз вазифаҳои дигаре мебошад, ки дар самти баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон нақши муассир дорад. Имрӯзҳо бо шарофати истиқлоли давлатӣ садҳо рӯзномаю маҷаллаҳо рӯи чоп меоянд ва дастраси хонандагон мегарданд. Ҳамзамон, дастрасии васеи шаҳрвандон ба сомонаҳои интернетӣ имкон медиҳад, ки онҳо аз муқаррароти қонунгузорӣ бохабар бошанд. 
Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиро бе ташкили дастрасӣ ба манбаъҳои ҳуқуқӣ тасаввур кардан ғайриимкон аст. Зеро дастрасии озод ба манбаъҳои қонунгузорӣ имкон медиҳад, ки ҳар шахс барои дар доираи талаботи қонунӣ ба роҳ мондани фаъолият, ҳифзи ҳуқуқҳои худ ва огаҳ будан аз муқаррароти қонунгузорӣ бохабар бошад. Албатта, ин амал аз мақомоти давлатӣ талаб менамояд, ки санадҳои худро мунтазам дар сомонаҳои худ ҷой диҳанд, пайваста онҳоро зери назорат қарор диҳанд ва ба ҳар гуна тағйиру иловаҳое, ки ба қонунгузорӣ ворид мешаванд, эътибор диҳанд. Ин корҳо аз ҷониби аксари мақомотҳо амалӣ мегарданд, аммо то андозае ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Баъзан, маълумотҳо куҳна буда, ё ин ки сомонаи онҳо дар ҳолати коркард қарор надорад. Ҳамзамон, бояд дастрасӣ ба махзани ҳуқуқӣ озод ва бемонеа бошад. Барномаҳои дахлдори қонунгузорӣ дар барномаҳои компютерӣ (телефонӣ) ройгон борбардорӣ карда шаванд. 
Маърифати ҳуқуқӣ бояд аз оила низ оғоз гардад. Тибқи маълумоти оморӣ, қисми зиёди аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Маҳз талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” волидайнро вазифадор менамояд, ки фарзандро дар руҳияи эҳтиром ба Ватан, қонун, арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, инчунин бартарии манфиатҳои миллӣ тарбия намоянд. Бешубҳа, талаботи мазкур, пеш аз ҳама, ба хотири инкишофи ҳамаҷонибаи фарзанд ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиаш равона гардидааст.
Албатта, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифаи на танҳо давлат, балки тамоми аъзои ҷомеа мебошад. Бинобар ин, бояд ҳамаи мо дар ин самт бетараф набошем ва то қадри имкон тамоми дониш, малака, таҷриба, неру ва имкониятҳои худро барои иҷрои вазифаҳое, ки барои пешрафти ҷомеа мусоидат менамоянд, равона намоем. 

Шавкат ИСМОИЛОВ, 
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессори
Донишгоҳи давлатии молия ва 
иқтисоди Тоҷикистон

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив