ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » “ТУЛУЪ ДАР ҒУРУБ”-И АБРОР ЗОҲИР. РӮНАМОИИ РОМАНИ НАВИ НАВИСАНДА

“ТУЛУЪ ДАР ҒУРУБ”-И АБРОР ЗОҲИР. РӮНАМОИИ РОМАНИ НАВИ НАВИСАНДА

23 январ 2024, Сешанбе
27
0

 
Дар китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ рӯнамоии китоби нави нависандаи зиндаёд Аброр Зоҳир бо номи “Тулуъ дар ғуруб” баргузор шуд. Бояд гуфт, ки он дар доираи Барномаи давлатии рушди соҳаи табъу нашр ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интишор ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки Аброр Зоҳир аз пурмаҳсултарин адибонест, ки баъди соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ ба майдони адабиёти тоҷик ворид гардид. Бо вуҷуди роҳбарӣ дар муассисаҳои гуногун, панҷоҳ асари гуногунжанр эҷод карда, муаллифи беш аз 15 филмномаи бадеӣ ва мустанад низ мебошад. 
Тавре дар китоб гуфта мешавад: "Тулуъ дар ғуруб" фарогири моҷароҳои миллию давлатсозӣ дар солҳои ҳассосу тақдирсози миллатҳои Осиёи Марказӣ буда, нақши Русия дар ташаккули давлати абарқудрати шуравӣ ва ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро бо рангу тобишҳои бадеӣ хотирмону ҷаззоб рӯйи тасвир овардааст”.
Дар ҳамоиш адибон ва пажӯҳишгарони маъруф Иброҳим Усмонов, Муҳаммад Ғоиб, Раҳмат Назрӣ ва Зинатулло Исмоилзода, дар баробари таҳлилу баррасии осори Аброр Зоҳир, пешниҳод карданд, ки асарҳои нависанда ба забонҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шаванд. 
Аброр Зоҳир ба ҷуз эҷоди ҳикояву қиссаву романҳои насрӣ шеърҳо барои кӯдакон низ сурудааст. Дар иртибот ба ин, Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб иброз дошт: "Бо Аброр Зоҳир якҷо кор кардаам. Ҳеҷ вақт аз нақшаҳои худ гап намезад. Бо вуҷуди якҷо будан, бо асарҳояш танҳо баъди анҷомашон ошно мегаштам. То ҳол намедонистам, ки дар назм низ қувва озмудааст. Ин як паҳлуи норавшани эҷодиёти ӯст, ки имрӯз барои мухлисон равшан гардид".  
– Таърихро донистан, дарк намудан ва мавзуъҳои таърихиро пайгирӣ кардан, хубу шоиста ва кори душворест. Чунин мавзуъҳо барои боло бурдани худшиносии миллии мардуми мо бисёр муҳим аст. На танҳо "Тулуъ дар ғуруб", балки аксари навиштаҳои Аброр Зоҳир ҷанбаи таърихӣ доранд,– гуфт Иброҳим Усмонов.   
Аслиддин Зоҳир, Шаҳбози Аброр – пайвандони адиби шодравон, дар ҷамъбаст аз ин иқдом сипосу миннатдорӣ карда, паём расонданд, ки осори пурарзише, ки аз Аброр Зоҳир мондааст, навбат ба навбат рӯи чопро мебинанд.

Лола РИЗОӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 23.01.2024 №: 16
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив