ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ПАХТА. ДУРНАМО ИҶРО НАШУД

ПАХТА. ДУРНАМО ИҶРО НАШУД

25 январ 2024, Панҷшанбе
173
0

МАСЪАЛАИ ДОҒИ РЎЗ

Соли 2023 кишоварзони ҷумҳурӣ дар майдони 175 629 гектар кишти пунбадона гузаронданд, ки 94,4 дарсади дурнаморо ташкил медод. Бояд аз ин майдон зиёда аз 430 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ мегардид, аммо ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, то аввали моҳи январи соли равон ба корхонаҳои коркард 344,4 ҳазор тонна пахта ворид гашт, ки 85,1 дарсади нақша мебошад. Ҳосилнокӣ аз ҳар гектар ба 21,1 сентнер расид, ки дар соҳаи пахтапарварӣ нишондиҳандаи паст ва боиси нигаронӣ аст. Чуноне аз таҳлили коршиносон бармеояд, танҳо дар ҳолати аз ҳар гектар камаш 30 сентнер ҳосил гирифтан, пахтакор метавонад аз фурўши он фоида ба даст орад.

Тибқи таҳлили коршиносони соҳа, яке аз сабабҳои асосии камҳосилӣ бенизомӣ дар соҳаи тухмипарварӣ мебошад. Марказҳои илмию тадқиқотии зироатпарварӣ фаъолияти худро густурда пеш намебаранд. Деҳқонон “пеш омад-хуш омад”, – гуфта кадом тухмиеро, ки ёфтанд, мекоранд. Аксари пахтакорон мутахассиси соҳа нестанд, ҳатто тухмиро намешиносанд ва таваккал онро мехаранд. Хоҷагиҳои тухмипарварӣ талаботи хоҷагиҳои пахтакориро бо тухмиҳои репродуксионӣ қонеъ карда наметавонанд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 150 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ  мавҷуд аст, аммо дар идораи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои пахтакор ҳамагӣ як-ду агроном фаъолият мекунад, ки ба тамоми хоҷагиҳо дастрас нестанд. 
Деҳқонон ба ҷойи 8-10 маротиба коркарди техникӣ гузарондан ва маводи минералию органикӣ пошидан, як ё ду маротиба ба рустанӣ ғизо медиҳанд, ки аз ин ҷиҳат ҳосилнокӣ баланд намешавад. Обёрӣ низ мутобиқи ҳолати замин сурат намегирад. Бисёр вақт рустанӣ аз об танқисӣ мекашад ё аз ҳад зиёд об монда мешавад, яъне тарзи илмии обёрии ниҳолҳо риоя намегардад. Аксарияти пахтакорон аз агротехникаи кишти пунбадона ва коркарди техникии зироатҳо ба қадри кофӣ огаҳӣ надоранд. Ҳамчунин, бисёрнавъӣ ва омехташавии навъҳои пахта мушкили дигари соҳа буда, гарониву норасоии техникаву мошинолот, сўзишворию равғанҳои молиданӣ, нуриҳои маъданӣ паҳлуи дигари мавзуанд. 
Зикриёхон Ҳайдаров, номзади илмҳои кишоварзӣ, дар суҳбат иброз дошт, ки тухмӣ воситаи асосии такрористеҳсолкунӣ буда, бояд дар хоҷагии махсус аз рўи нақша ва талабот истеҳсол шавад. Дар ҳамаи минтақаҳои пахтапарвари ҷумҳурӣ хоҷагиҳои тухмипарварӣ амал мекунанд. Онҳо вазифадоранд, ки хоҷагиҳои пахтакорро бо тухмии стандартӣ ва ноҳиябандишуда таъмин намоянд. Мутаассифона, баъзе аз ин хоҷагиҳо барои истеҳсоли дохилии худ аз дигар ҷой тухмӣ дастрас менамоянд. Дар асоси натиҷаи санҷиши стансияҳо ва қитъаҳои давлатии навъсанҷии Муассисаи давлатии “Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизати навъҳо”, Вазорати кишоварзӣ бояд барои ҳар як минтақа навъҳои мутобиқро тавсия диҳад. 
Зикриёхон Ҳайдаров, инчунин, оид ба ҳосилнокии пахта дар солҳои пеш ва бартарии он нисбат ба дигар зироатҳо чунин гуфт:
– Маҳсулоти пахтагин хавфи вайроншавӣ надошта, имкони зиёди нигоҳдорӣ доранд. Агар аз як гектар 30 сентнер гандум ва ё пахта рўёнда, ҳар ду маҳсулотро то зинаи охир коркард намоем, дараҷаи даромаднокии пахта нисбат ба гандум то 25 маротиба зиёд мешавад. Аз ҷумла, таркиби чигиташ беҳтарин ашёи хоми саноати хўрокворию дорусозӣ, ғўзапояаш муҳимтарин ашёи хоми саноатӣ (коғаз, картон, мебел), боқимондааш ғизои чорво аст. Дараҷаи истифодаи имкониятҳои истеҳсоли пахта дар ҷумҳурӣ имрўз аз 100 фоиз то 30-35 фоиз поин рафтааст. Миёнаҳои асри гузашта Тоҷикистон аз ҷиҳати ҳосилнокии пахта дар ҷаҳон ҷойи аввалро ишғол мекард. Ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар 30-33 сентнер ва хоҷагиҳои пешқадам то 40-45 сентнер  пахта мерўёнданд. Он солҳо ҳосилнокӣ дар Исроил аз ҳар гектар ба 17-19 сентнер ва ИМА ба 26-27 сентнер баробар буд. Ҳоло ин давлатҳо ҳосилнокиро се-чор маротиба зиёд намуданд, чиниҳо аз як гектар 100-110 сентнер ҳосил мебардоранд. Мо бошем, ҳосилнокиро 1,5-2,2 маротиба кам кардем. 
Баҳодур Назаров, сардори раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзӣ, иброз дошт, ки набудани шартномаи тарафайни ҳамкориҳои судманд байни корхонаҳои пахтақабулкунӣ бо истеҳсолкунанда, яъне деҳқон, боиси сол ба сол коҳиш ёфтани  ҳавасмандии пахтакорон ба парвариши ин зироати қиматбаҳо гардид. Ин аст, ки майдони кишт дар соли 2023 нисбат ба соли 1991 дар ҷумҳурӣ 123,2 ҳазор гектар ва ҳосил 475,2 ҳазор тонна кам шуд.  
Ба маълумоти масъулони соҳа, сабаби дигари иҷро нагардидани нақшаи истеҳсоли пахта дар соли гузашта норасоии оби полизӣ дар мавсими ҳосилбандӣ мебошад.  
Тибқи таҳлили мутахассисон, арзиши аслии як кило пахтаи истеҳсолшаванда 11 сомониро ташкил медиҳад, аммо деҳқонон, бинобар сабаби аз ҷониби корхонаҳои коркард харидорӣ нашудани пахта бо арзиши аслӣ, маҷбур мешаванд, ки онро бо нархи 5 сомонӣ фурўшанд. Бо ин сабаб баъзе пахтакорон соли гузашта ҳосили ҷамъовардаро дар хонаҳои худ нигоҳ дошта, ба корхонаҳои коркард нафурўхтанд, аз ин рў, як қисми ҳосил аз қайди расмӣ берун монд. Чанде пеш аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои марбута гурўҳи корӣ ташкил шуда, ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар гардиданд. Гурўҳ муайян кард, ки қариб 22 ҳазор тонна пахта дар хонаҳо нигоҳ дошта мешавад. 
Баҳодур Назаров гуфт, ки аз арзиши аслӣ паст харид гардидани пахта ва сари вақт пардохт нашудани ҳаққи чиниш, сабаби коҳиш ёфтани ҳавасмандии хоҷагиҳои пахтакор  гашта, дар таъмини дурнамои кишт ва истеҳсоли “тиллои сафед” таъсири манфӣ мерасонад. 
Масъалаи дигари ҳалталаб ин аст, ки баъзе роҳбарони хоҷагиҳои пахтакор мутахассисони соҳа набуда, муҳлати кишти пунбадонаро ба мусобиқа табдил дода, ҳолати заминро ба назар намегиранд. Кор то ҷое расидааст, ки дар баъзе аз ноҳияҳои пахтакор пунбадона охирҳои моҳи феврал кишт мешавад.   
Ба гуфтаи Зикриёхон Ҳайдаров, киште, ки дар давраи сардиҳои хок гузаронда мешаваду ҳарорати ҳаво мунтазам ба гармшавӣ оғоз накардааст, барои пунба зараровар аст. Чигит сари вақт, хушсифат, пурра намесабзад, балки мепўсад. 
Мушоҳидаҳо ва натиҷаи корҳои илмию тадқиқотии коршиносон нишон медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ барои пайваста иҷро намудани дурнамои истеҳсоли пахта имкон ҳаст. Роҳи асосии он, дар баробари ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа, баланд бардоштани нархи хариди пахта мебошад. Ҳалли мушкилоти соҳаро аз ҳавасмандгардонию бо нархи воқеӣ харидорӣ кардани пахта бояд шуруъ кард. 
Ҳоло дар ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни пахта кишт мешаванд ва ҳар навъ вобаста ба хусусиятҳои биологӣ аз рўи навъи селексионӣ, нишондиҳандаҳои сифат ва баромади нах фарқ мекунад. Масъалаи дигари нигаронкунандаи соҳа, набудани лабораторияҳои озмоишӣ дар назди корхонаҳои коркард буда, ашёи хоми пахта бидуни санҷиши озмоишӣ ва муайян кардани сифати нах бо як хел нарх харид мешавад. Мувофиқи мақсад аст, ки корхонаҳои коркарди пахта ба ашёи хом вобаста ба хусусиятҳои биологӣ, аз рўи навъи селексионӣ, нишондиҳандаҳои сифат ва баромади нах нарх гузоранд. 
Аз хориҷи кишвар ворид намудани тухмии навъҳои гуногуни чигит раванди селексияи ватанӣ ва тухмипарвариро ба мушкилот мувоҷеҳ гардондааст.Зарур аст, ки маблағҳои барои тухмии воридотӣ сарфшавандаро дар низоми селексия ва тухмипарварӣ  сарф карда, фаъолияти хоҷагиҳои тухмипарварии ватаниро зина ба зина фаъолтар намоем.

Кароматулло АТО, 
“Ҷумҳурият”

 

Санаи нашр: 25.01.2024 №: 17-18
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив