ҶУМҲУРИЯТ » ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ » ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУРАТ НУРТЛЕУ

ВОХӮРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО МУРАТ НУРТЛЕУ

26 январ 2024, Ҷумъа
19
0

 
25-уми январ дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир – вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеуро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Тамоюли тавсеаи устувори шарикии стратегии ду давлат ва ба сатҳи ҳампаймонӣ баровардани онҳо бо қаноатмандӣ таъкид гардид.
Сарвари давлат рушд ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо Қазоқистонро авлавияти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Тоҷикистон номиданд.
Пешвои миллат аз натиҷаҳои баланди бадастомадаи соли гузашта ёдовар шуда, серрӯйдод будани равобити Тоҷикистону Қазоқистонро дар соли равон таъкид карданд.
Ҷонибҳо аз рушди самарабахши минбаъдаи ҳамкории судманди ду кишвар дар соҳаҳои иқтисод, ба монанди тиҷорат, саноат, энергетика ва бахши агросаноатию сармоягузорӣ, дар баробари ин, самтҳои сайёҳӣ, фарҳанг ва маориф ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни вохӯрӣ, ҳамчунин, доир ба чорабиниҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, ки соли равон дар назаранд, табодули афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуданд.

Санаи нашр: 26.01.2024 №: 19
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив