ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » АЗ ОТАШИ САДА, ТО ФУРӮҒИ НАВРӮЗ ВА МЕҲРГОН

АЗ ОТАШИ САДА, ТО ФУРӮҒИ НАВРӮЗ ВА МЕҲРГОН

29 январ 2024, Душанбе
51
0


Барҷастатарин унсуре, ки Ҷашни бостонии Сада ба воситаи он таъбир мешавад ва маъно меёбад, оташ мебошад. Оташ, гузашта аз он ки яке аз василаҳои зарурии зиндагӣ ва бақои инсон, таъмини муҳиту фазои муносиб барои ҳастии башар ва гардонандаи дастгоҳҳои санъату офариниши инсонӣ мебошад, дар айни ҳол нуқтаи ҷазби ҳикматҳо, маншаи парвариши тахайюлоту ормонҳо низ будааст.
Тибқи аҳкоми фалсафӣ ва эътиқодоти куҳан, пояи бинои ҳастии инҷаҳонӣ бар чаҳор аркони аслӣ устувор аст, ки бо таъбири “чаҳор унсур” (дар асли порсӣ “чаҳор охшиҷ”) баён шуда, иборат аст аз об, ҳаво, хок, оташ. Аз ин аносир се унсур – хок, об, ҳаво сурати моддии маълумтар доранд ва оташ, ки дар айни ҳол нуру рӯшноист, фурӯғу неру ва тибқи баъзе боварҳо, равон, тавон ва руҳу ҷон дониста шудааст. Муқаддас доштани бештари оташ шояд бар пояи чунин пиндор бошад. 
Оташ дар фарҳанги бостонии мо рамзи зиндагӣ, неру ва фурӯғу рӯшноӣ дар муқобили сардиву тирагӣ – намоди неруҳои шарири аҳриманӣ ва маргу нобудӣ мебошад.  Ҷанбаи осмонӣ ва эзадӣ қоил шудан ба он, ба ҷуз эътиқоди имонӣ ва пиндори нек, бастагӣ ба он дорад, ки инсон аз ибтидо бо мушоҳидаи Хуршеду моҳу ситорагон осмонро макони равшаниву гармӣ мешинохт ва ин неъматҳоро воқеан ҳам, осмонӣ медид ва эҳсос мекард. Хусусан, оини меҳрпарастӣ бар мабнои ин эътиқод ба вуҷуд омадааст.
Дар фарҳанги исломӣ низ мавридҳои зиёде ба мушоҳида мерасанд, ки аз оташ (бахусус чун манбаи нуру рӯшноӣ) ба унвони мазҳари илоҳӣ ва фурӯғи эзадӣ ёдоварӣ шудааст. Масалан, дар сураи Нур, ояти 35:
“Худо нури осмонҳову замин аст. Масали нури Вай монанди тоқе аст, ки дар он чароғ ҳаст, он чароғ дар шиша аст, он шиша гӯё ситораи дурахшанда аст, аз равғани дарахти бобаракат – дарахти зайтуне афрӯхта мешавад, ки на шарқӣ асту на ғарбӣ. Наздик аст, ки равғани вай – агарчи оташе ба он нарасида бошад – равшанӣ бидиҳад, равшанӣ бар равшанӣ аст. Худо ба нури худ ҳар киро хоҳад, роҳ менамояд. Ва Худо ин масалҳоро барои мардум баён мефармояд; ва Худо бар ҳар чиз доност”.
Аз ин оят ба сароҳат ба назар мерасад, манзур аз ин чароғ ва равғани хоси он чизест фаротар аз оташи одӣ ва он нури маҳз аст. Дар ривоёти дигари қуръонӣ боз ҳам оташро чун мазҳари илоҳӣ мебинем. Хусусан, он ҷо, ки дар кӯҳи Тур ба сурати соиқае (шохае барқ) бар ҳазрати Мӯсо зоҳир мегардад, ва Мӯсо аз ҳайбати он беҳуш мегардад. Ҷойи дигар ин оташ ё фурӯғи эзадӣ бар дарахте бар Мӯсои паямбар зоҳир мегардад, ки Ҳофиз ба таъбире шоирона аз он ёд мекунад: 
Булбул зи шохи сарв ба гулбонги паҳлавӣ
Мехонд дӯш дарси мақомоти маънавӣ,
Яъне биё, ки оташи Мӯсо намуд гул,
То аз дарахт нуктаи тавҳид бишнавӣ. 
Ба қавли Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ “Оташ аз замонҳои куҳан миёни тавоифи ҳиндуурупоӣ муҳтарам ва муқаддас буда, бунёди эзадӣ дорад. Ҳиндуҳо оташро писари раббуннавъи осмон медонанд ва чунин мепиндоранд, ки оташ аз осмон ба замин оварда шудааст... Авасто панҷ қисм оташ баршумурда ва ба ҳар кадом ҷудогона дуруд фиристодааст: нахустин, оташи бузург аст, ки ба «оташи Баҳром» маъруф ва дар оташкадаҳо аст; дувумин оташ дар бадани ҷонварон ва колбади одамист, ки он ба ҳарорати ғаризӣ таъбир шудааст; сеюмин оташ дар рустаниҳо ва чӯбҳо мавҷуд аст; чаҳорумин оташ дар абрҳо ва ҳамон барқ ё оташ аст, ки аз гурзи Таштар забона кашид ва панҷумин оташ дар арши ҷовидон ва дар баробари Аҳуромаздост. Чунон ки мулоҳиза мешавад, оташ дар ниҳоди тамоми мавҷудот ва маволиди табиат ба вадиа ниҳода шуда ва ҷавҳари зиндагонии башар ва ҳамаи ҷонварон ва низ ҳарорати дарунӣ ё ғаризаи ҷонварон ба шумор меравад. Манбаи аслии вуҷуд ва фаъолияти одамӣ низ аз ҳамин оташ аст. Оташи маънавӣ дар наботот ва ҷамодот низ сорӣ ва ҷорист. Мавлавӣ дар абёти нағз ишқро ба оташ таъбир мекунад ва оташи ишқи азалиро мабдаи ҳар ҳаракат ва маншаи ҳар садое медонад: 
Оташи ишқ аст, к-андар най фитод,
Ҷӯшиши ишқ аст, к-андар май фитод.
Оташ аст ин бонги ною нест бод,
Ҳар кӣ ин оташ надорад, нест бод! ”.      
Аммо вақте дар хусуси зарурат ва аҳамияти корбурди асотир ва ривоёти миллӣ баҳс ба миён меояд, муассиртарин шеваи ҳаллу фасли ин баҳсҳо, албатта, назар ба ҳамин навъ барномаҳои фарҳангию эътиқодӣ дар матни фарҳанги миллатҳои дигари ҷаҳон мебошад. Хусусан, миллатҳое, ки соҳибони фарҳангҳои куҳан ва асотири пурбору ғанӣ ҳастанд. Аз ин дидгоҳ, шояд, танҳо асотири куҳани юнонист, ки метавонад бо асотири мо қобили муқоиса дониста шавад. Устураи кашфи оташ ва ё, саҳеҳтар бигӯем, даст ёфтани инсон ба оташ дар достони рабуда шудани оташ аз тарафи қаҳрамони асотирии юнонӣ, титан ё яке аз “худоёни бузург” Прометей мебошад. Ӯ, тибқи ривоят, барқасди хостаи худоёни асотирии юнонӣ, оташро аз “худои оташ” Гефест рабуд ва ба инсонҳои аҳли Олимп армуғон кард ва сарвари онон Зевс  барои ин кор бар Прометей хашм гирифт ва аз Гефест хост, то ӯро дар кӯҳҳои “ваҳшии” шарқ (ки тибқи баъзе тафсирҳо, ҳамоно Элбрус ё Албурз мебошад)  занҷирбанд кунад ва ҷазояш беш аз ин он бошад, ки ҳар рӯз уқобе бар сари ӯ ҳозир шавад, синаашро бишикофад ва ҷигарашро то расидани шаб бихӯрад. Бо расидани шаб уқоб аз ӯ дур мешавад ва то субҳ ҷигари Прометей дубора месабзад, то ранҷаш ҳамеша идома дошта бошад. Ин ҳукми ҷазои абад танҳо он дам ба поён мерасад, ки қаҳрамони дигари “нимахудо” Геракл ин уқоби ҷигархорро нишони тири худ мекунад.
Ин фоҷиаи воқеан ба ҳадди олӣ муассир дар намоишномаи Эсхил – шоири бузурги Юнони Қадим тасвир шудаст ва ин фидокории Прометей ба хотири беҳбуди зиндагии башар барҷастатарин намоди пайкори хайрхоҳона ва корномаи башардӯстона мегардад, агарчи ҳакими бузурги Юнон Афлотун кинаварзӣ ва айёшиву хашми беҷои “худоён”-ро дар адабиёти Юнони Қадим, дар мисоли осори Ҳомер ва чанд тани дигар шадидан интиқод карда, онро руҳиёти харобкор барои ҷомеаи башарӣ шумурдааст, дар заминаи он осори зиёди адабӣ ва ҳунарӣ ба вуҷуд меояд, то он ҷо ки имрӯз ҳам дурахшонтарин ва тоҷи ифтихори мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон ҳамон оташи Олимп – оташи Прометей аст. Яъне, ҷаҳони Ғарб бо аҳдофи густариши фарҳанги худ ва ҷаҳонӣ кардани он ба ин кор муваффақ гардид ва ҳамаи милали ҷаҳон бидуни он, ки ба асотири Юнон ва худоёни бостонии онҳо камтарин эътиқоде дошта бошанд, ба оташи Олимп эҳтироми зиёд қоил шудаанд ва шомил шудан ба онро барои худ болотарин ифтихор медонанд.
Ба эҳтимоли зиёд ҳаким Фирдавсӣ аз осори адабии Юнони Қадим бохабар буд. Аммо достони кашфи оташ аз тарафи Ҳушанг тафовутҳои боризе бо достони Прометей ва реша дар Авасто (қадимтар аз асотири Юнон) дорад, ки иборат аст аз:
Ҳушанг як инсони заминӣ аст, агарчи фарри шоҳаншаҳӣ дорад дар баробар он ки Прометей мавҷуди сирф тахайюлӣ ва фавқуттабиӣ мебошад.
Оташ ҳосили амалу иродаи Ҳушанг аст ва дар ҷараёни пайкори табиии ӯ ба вуҷуд омада, тартиби ба вуҷуд омаданаш сурати табиӣ дорад: аксаран аз бархӯрди санг ба санг оташ падид меояд.
Ҷанбаи қавии маънавии зуҳури оташи Ҳушанг ё Сада он аст, ки ҳосили набард бар зидди неруи шарр – мор ё аждаҳост, ки дар фарҳанги мо ва умуман фарҳанги ҳиндуурупоӣ тимсоли шарру бадӣ мебошад.
Ҳушанг худ инро фурӯғи эзадии муқаддас ва подоши худ дар саъйи холисона ва пайкор барои ҳаққу ростӣ мешиносад ва барояш ҷашн қарор медиҳад.
Яъне, худованди ягонаи Ҳушанг на аз он худоёни пур аз таассубу хашму шаҳват, балки ҳомӣ ва пушту паноҳи инсони некирода мебошад.  “Даврони шаҳрёрии вай даврони осоишу амният буд, чаро ки ӯ ба ривояти Фирдавсӣ нахустин касе буд, ки филизотро берун овард, оҳангариро биёмӯхт, оташро кашф кард, Ҷашни Садаро бунён ниҳод, ҷӯйборони равон сохт ва кишоварзию таҳияи пӯшиданӣ ба мардум омӯхт. Берунӣ эҷоди ҷашни «Хуррамрӯз» ё «Навадрӯз»-ро  ки ҷашни аввалини рӯзи даймоҳ дар сол буд, ба ӯ мансуб доштааст, ки бино бар ривояти порсиён дар он рӯз миёни Ҳушангу Викард (бародари Ҳушанг) вифоқ (оштӣ) афтод.
Дар Авасто Ҳушанг паҳлавони бузург ва порсои муқаддасест, ки ба лақаби Пешдод (ба маънии нахустин қонунгузор ё нахустин офарида) мулаққаб гаштааст. Муаррихини исломӣ ӯро бар дини мусалмонӣ муаррифӣ кардаанд, ки масҷидҳо бино кард ва намоз кардан фармуд ва шаҳри Бобилу Сус (Шуш) ӯ бино кард”.
Ин ҳама, дар маҷмуъ, аз тафовути барҷастаи фарҳанги эътиқодии мардуми ориёинажод гувоҳӣ медиҳад, ки бар тибқи он иродаи нек ва маниши поку воло дар осмону замин ҳамроҳу ҳамсон ва ҳамоҳанг амал мекунад.
Бо ин муҳтавои омӯзанда, амалию заминӣ ва дар айни ҳол волову дурахшон дареғ аст, агар, масалан, аз оташи Сада ё оташи Ҳушанг мисли оташи Олимп дар мусобиқоти қаҳрамонӣ ва илмию фарҳангӣ истифодаи бамавқеъ нашавад ва то ҷойе ки имкон дорад, фурӯғу ҳикмати ин нури маънавӣ густариш дода нашавад.
Фурӯғи эзадӣ, нур, оташ, ки асли унсури Садаро ташкил медиҳад, дар Ҷашни Наврӯз мавқеи меҳварӣ дорад. Як ҳафта қабл аз  Наврӯз – охирин чоршанбеи пеш аз Наврӯз ба номи Чоршанбесурӣ ҷашн гирифта шуда, дар ин рӯз бо барафрӯхтани  оташи бузург даври он маросиме бо ҳаракатҳо ва гуфтори хос аз вуруди наздики Наврӯз истиқбол мешавад. Яке аз намодҳои барҷастаи худи Наврӯз ҳам оташ ва асли ҳикмати он нерумандии офтоб ва шуруи пирӯзии нур бар тирагӣ – яъне дароз шудани рӯз мебошад.
Меҳргон низ, тибқи боварҳо, аслу маншаи пайдоишаш бастагӣ ба Офтоб (Меҳр) дорад. “Аз Салмони Форсӣ нақл кардаанд, ки Худованд ёқутро дар Наврӯз ва забарҷадро дар Меҳргон берун овард ва чун Офтоб (Меҳр) дар ин рӯз пайдо шуд, онро «Митроконо» (мутааллиқ ба Меҳр) мегуфтанд, ки баъдҳо Меҳргон шуд ва муарраби он «Меҳрҷон» аст”.  
Фирдавсӣ дар бораи бар тахт нишастани Фаридун ва бино ниҳодани Ҷашни Меҳргон менависад: 
Бифармуд, то оташ афрӯхтанд,
Ҳама анбару заъфарон сӯхтанд.
Парастидани Меҳргон дини ӯст,
Таносоию хурдан оини ӯст.
Агар ёдгор аст аз ӯ моҳи меҳр,
Бикӯшу ба ранҷ эч манмой чеҳр. 
Танҳо бояд ёдоварӣ кард онгуна ки, масалан, оташи Олимп ҳеч муносибате ба оташпарастӣ надорад, ин маросим ҳам чунон маъное нахоҳад дошт, балки маънавияти ин фарҳанг хеле ғанитару фаротар аз он гуна боварҳои хурофотист. 
Хулоса, дар ҳар се ҷашни муҳимтарини тақвими миллии ориёитаборон ҳамон шуълаи фурӯғи эзадӣ ва неъмати табиӣ дурахшон зуҳур менамояд ва ин унсурест, ки ҳам ба сурати моддӣ ва ҳам маънавӣ ин ҷашнҳоро дар як манзумаи волою ҳакимона низом мебахшад.

Рустам ВАҲҲОБЗОДА, 
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Санаи нашр: 29.01.2024 №: 20
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив