ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » САФЕДДАРА. ФАРОҒАТ БЕШТАР МЕГАРДАД

САФЕДДАРА. ФАРОҒАТ БЕШТАР МЕГАРДАД

30 январ 2024, Сешанбе
50
0

 
Ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои муаррифии зарфиятҳои сайёҳии кишвар ва фаъолияти самараноку созандаи соҳибкорону сармоягузорон дар самти зиёд намудани маконҳои сайёҳӣ, инчунин, ба вуҷуд овардани шароити зарурӣ ҷиҳати қабули сайёҳони дохилию хориҷӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ заминаи мусоид гузошт. Ин аст, ки имрӯз қариб дар тамоми мавзеъҳои сайёҳии кишвар инфрасохтори муосиру ҷолиб қомат афрохта, хатсайрҳои сайёҳӣ таъсис ёфтаанд. Яке аз чунин мавзеъҳои ҷолиби диққат Сафеддара мебошад.
Тибқи маълумоти мавҷуда, дар як сол аз Сафеддара ҳудуди 250-300 ҳазор сайёҳ дидан мекунад. Агар ба омори ташрифи сайёҳон назар афканем, мебинем, ки дар соли 2023 ба кишвари мо беш аз 1 миллион сайёҳ омадааст. Ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дошта, маконҳои тамошобоби он ҳарчи бештар сайёҳонро ҷалб менамоянд.  
Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 29-уми декабри соли гузашта Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кору хизматрасонии Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» шинос шуданд. 
Бо мақсади татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити созгори бахши сайёҳӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар мавзеи Сафеддара аз ҷониби ҶДММ «Сафеддара» якчанд иншооти муҳими соҳаи сайёҳӣ бунёд гардида, сохтмони инфрасохтори дигар идома дорад. 
Зимни сафари Сарвари давлат ба Маҷмаа фаъолияти хатти дуюми роҳи танобӣ, роҳи нави лижаронӣ ва тарабхонаи нав оғоз бахшида шуда, марҳалаи сеюми корҳои бунёдиву созандагӣ оғоз ёфт. Сохтмони хатти дуюми роҳи танобӣ дар асоси шартнома бо ширкати «Допелмайер»-и Австрия анҷом ёфт. Истгоҳи поёнии роҳи танобӣ дар баландии 2590 метр ва истгоҳи болоӣ дар баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр қарор доранд. Дарозии хатти роҳи танобии дуюм 1600 метр буда, дорои 21 кабина   аст. Дар маҷмуъ, дарозии ҳар ду роҳи танобӣ 3600 метр буда, аз 42 кабина иборат мебошад. Гузашта аз ин, бо сохтмони роҳи нави лижаронии «Сомонӣ» бо дарозии 7,2 км имкон пайдо шуд, ки на танҳо варзишгарони навтаҷриба, балки лижаронҳои касбии сатҳи байналмилаливу минтақавӣ низ аз он истифода баранд. Акнун, дар умум, роҳи лижаронӣ дар Маҷмаа аз боло то поён 30 километрро ташкил медиҳад. 
Ҳамзамон, дар ҳудуди Маҷмаа 10 коттеҷи 1 ва 2-ошёнаи сохти замонавӣ мавҷуд  мебошад,  ки 6-тои он аз маҳсулоти муосири сохтмонӣ ва 4-тои дигараш аз чӯби гирдшакл бо услуби аврупоӣ сохта шудааст. Дар коттеҷҳо барои аз 4 то 8 нафар ҷойи хоб пешбинӣ гардидааст. Инчунин, тарабхонаи «Чаман» бо зиёда аз 100 ҷойи нишаст бо услуби миллӣ сохта шудааст. Илова бар ин, Маҷмаа дорои бинои навест, ки дар он нуқтаи тиббӣ, хазина ва сервери идоракунии коммуникатсияи иттилоотӣ ҷойгир мебошад. 
Алҳол Сафеддара ягона маҷмааи лижаронию варзишии Тоҷикистон буда, дар деҳаи Такоби ноҳияи Варзоб, тақрибан дар 70-километрии шаҳри Душанбе воқеъ аст. Маҷмаа дар баландии 2300 метр ҷойгир буда, иқлиму мавқеи ҷуғрофии ин минтақа имкон медиҳад, ки барф то моҳи май об нашавад. Роҳро то Маҷмаа мошинҳои сабукрав ба осонӣ тай мекунанд. Ин дар ҳолест, ки қаблан барои гузаштани баъзе қисми роҳ мошинҳои махсус лозим мешуд. Яъне, дастрасии ин мавзеи сайёҳӣ беҳтар ва сафар ба сӯи он бароҳату бехатар гашт. Ғайр аз ин, чанд соли охир шароити истироҳату фароғат дар Сафеддара бамаротиб хуб шуд. Қаблан, чунин шароитҳо набуданд. Ҳоло бошад, дар ин ҷо маҷмааи томи сайёҳӣ бунёд шудааст. Меҳмонхонаи замонавӣ, тарабхона, нишебиҳои лижаронӣ, роҳи нави танобӣ ва ғайра дар ихтиёри сайёҳону меҳмононанд. Дар ҳудуди Маҷмаа мактаби махсуси бачагону наврасон оид ба намудҳои зимистонаи варзиш низ фаъолият менамояд. Чунин ба назар мерасад, ки Маҷмаа ба рушди бемайлони худ расид. Вале, бо вуҷуди ҳамаи ин пешравиҳо, гуфтан ба маврид аст, ки фаъолияти Маҷмааи ягонаи лижаронии мамлакат, ки ҳазорон ҳаводорону мизоҷони худро дорад, беҳбудиро тақозо менамояд. Аз ҷумла, Наргис Розиқова, сокини пойтахт, иброз медорад, ки Маҷмааи мазкур барои истироҳату фароғат бо аҳли оила дар рӯзҳои фасли зимистон, махсусан барои сокинони пойтахт, макони бениҳоят мувофиқ мебошад. Худи мавзеъ бо манзараҳои зебои табиати зимистон ва шароитҳои хуби фароҳамшуда бисёр ҷолибу хотирмон аст. Вале, ба гуфтаи ӯ, баъзе хизматрасониҳо дар Маҷмаа беҳбудӣ мехоҳанд.
Аз таҳлилҳо дар интернет ҳам бармеояд, ки ба Маҷмаа аз ҷиҳати ҷойгиркунӣ аз панҷ бал панҷ бал дода шудааст. Тозагӣ се бал, хизматрасонӣ дую ним ва нарх/сифат як бал баҳогузорӣ шудааст. 
Коршиносони ватанӣ дар хусуси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва мувофиқ гардондани нарх ба сифати хизматрасонӣ мегӯянд, ки дар баробари манфиати моддии объекти сайёҳӣ, ҳамзамон, бояд манфиату ҳузури ҳар мизоҷ ба инобат гирифта шавад. Инро мутахассиси соҳа хуб дарк мекунад, бинобар ин, хуб мешуд агар фаъолияти ин ё он объекти сайёҳӣ ба мутахассисисони соҳа бовар карда шавад. 
Воқеан, барои ҷалби шумораи зиёди сайёҳон, таҳлили камбуду пешравӣ ва баровардани қарори зарурӣ ҷиҳати пешрафт, мутахассиси ҳирфаӣ лозим меояд. Танҳо мутахассиси соҳа метавонад барои ба сатҳи байналмилалӣ расондани хизматрасонӣ дар меҳмонхона, тарабхона, марказҳои савдо, таъмини лавозимоти варзишию барфбозӣ, майдонҳои лижаронию барфгардӣ ва роҳҳои танобӣ аз тадбирҳои муассир кор гирад.  

Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 30.01.2024 №: 21
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив