ХОВАЛИНГ. ПЕШРАВИҲО ҶИЛОИ ТОЗА ДОРАНД
Ноҳияи Ховалинг яке аз гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистон буда, бо таърихи куҳан ва фарҳанги ғании худ миёни мардуми кишвар маҳбубият дорад. Дар даврони соҳибисиқлолӣ симои ноҳия куллан дигар гашта, бо қомат афрохтани биноҳои замонавӣ, аз қабили толорҳои варзиш, биноҳои истиқоматии баландошёна, боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ, дар фазои озодии кишвар қабои тоза ба бар намудааст. Барои сазовор ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, пешравиҳо дар ҳама соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ назарас мебошанд.
Аз ҳисоботи оморӣ бармеояд, ки дар ноҳия бо мақсади таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омодагии ҳамаҷониба ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмони 211 иншооти таъиноти гуногун дар назар дошта шуда, аз он тайи ду соли охир 82 иншоот мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Айни замон корҳои сохтмонӣ дар 19 иншооти дигар бомаром идома дорад.
20-уми июни соли гузашта бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маркази ташхису табобат, коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти қаннодӣ ва мевахушккунӣ, биноҳои комиссариати ҳарбӣ ва Осорхонаи таърихиву кишваршиносӣ дар маркази ноҳия дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Инчунин, бинои Ҷамоати деҳоти Шугнов ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 50, бозорчаи афсонавӣ дар деҳаи Шехмизони деҳоти Ҷомбахт, ошхона ва хобгоҳи донишҷӯён дар назди Коллеҷи тиббии хусусӣ сохта, дар арафаи ташрифи Пешвои миллат ба истифода дода шуданд.
Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар беморхонаи марказӣ, бозори марказии ноҳия, Қасри фарҳанг, бинои маъмурии шуъбаи Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 13 ва 17, бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти Шугнов, бинои маъмурии Кумитаи идораи замини ноҳия ва марказҳои савдою хизматрасонӣ идома доранд.
САНОАТ – ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШРАФТ
Бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 соли гузашта чор коргоҳу корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Аз ҷумла, ҷамъиятҳои дорои масулияти маҳдуди “Зайфулло”, “Судайси Лоиқ ”, “Ганҷи Ориё” ва “Боғбунёд” таъсис ёфтанд, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии корхонаҳои навбунёд 50902,1 ҳазор сомониро ташкил дода, дар ин замина 282 ҷойи корӣ муҳайё гардид.
Дар панҷ соли охир, аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сехи обҳои ташнагишикан, бандубасти асал ва гиёҳҳои шифобахш, коргоҳи макаронбарорӣ, корхонаи парвариши мурғи марҷон, сехҳои коркарди чӯбу тахта, истеҳсоли хишти сементӣ, коркарди маҳсулотҳои ширӣ ва сехҳои дӯзандагию заргарӣ бунёд гардиданд. Танҳо дар деҳоти Шугнов 10 корхона, аз ҷумла Корхонаи казонии давлатии «Тиллои тоҷик», ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди «Авесто Одина», «Ганҷ», «Дастрас-2011», «Нақш» ва «Заршӯии Одина» дар ҳудуди деҳоти Шугнов фаъолият дошта, ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки зеризаминӣ машғуланд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2023 ба 372386,2 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32283,5 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
КИШОВАРЗӢ – АСОСИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Кишоварзӣ соҳаи ҳаётан муҳими ноҳия ба ҳисоб рафта, 83 дарсади аҳолӣ дар ин соҳа фаъолият дорад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 351188,7 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 23281,5 ҳазор сомонӣ зиёд таъмин гардидааст.
Соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо ба 12178 тонна, картошка 8060, сабзавот 6695, полизӣ 706, меваҷот 9570, ангур 170, гӯшт 1841, шир 7742, пашм 40,9, пилла 0,8, асал 75,5, моҳӣ 2 тонна ва тухм 1496,1 ҳазор дона расонда шуд.
Аз фаъолияти пурсамари ташкилоту муассисаҳо метавон ёдовар шуд, ки дар ғанӣ гардондани сабади истеъмолии аҳолӣ саҳми назаррас доранд. Дар ин росто, фаъолияти чашмраси Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ба номи Сайдаҳмад Каримови ноҳияро қайд намудан ҷоиз аст. Хоҷагӣ соли сипаришуда 14 тонна чормағз, 20,7 картошка, 4,9 хуч, 8,9 тонна меваи хушк ва як тонна алафҳои доруворӣ ҷамъоварӣ намудааст.
МАОРИФ ЯКЕ АЗ СОҲАҲОИ КАЛИДӢ МЕБОШАД
Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати ҷумҳурӣ соҳаи маориф яке аз соҳаҳои калидӣ ба ҳисоб меравад. Дар 54 муассисаи таълимии ноҳия 12,8 ҳазор хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Соли 2023 ба рафти олимпиадаҳои фаннӣ беҳбудӣ бахшида шуд. Хонандагон дар даври ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, 8 нафар сазовори медали тилло, 18 нафар медали нуқра, 21 нафар медали биринҷӣ ва 24 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуданд.
Тибқи талаботи Барномаи компютеркунонии муассисаҳои таълимӣ, таъмини муассисаҳо ба технологияи нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ зина ба зина ҳалли худро меёбад. Айни замон муассисаҳои таълимии ноҳия бо 639 компютер, 51 тахтаи электронӣ ва видеопроекторҳо, 132 принтер ва 11 генератори барқӣ таъмин мебошанд.
Соли гузашта бори аввал стипендияи раиси ноҳия таъсис ёфт, ки ба 20 хонандаи болаёқат 18 ҳазор сомонӣ (давоми 9 моҳ ба ҳар хонанда 100 сомонӣ) идрорпулӣ дода шуд.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ,
“Ҷумҳурият”