МУЛОҚОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО ВАЗИРИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ ҚИРҒИЗИСТОН
5-уми феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев, ки бо сафари расмӣ ба кишвари мо ташриф овардааст, мулоқот намуданд.
Зимни суҳбат маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва дурнамои рушди он баррасӣ гаштанд. Сарвари давлати мо, аз ҷумла аҳамияти рушди фаъолтари муколамаи сиёсӣ ва таҳкими фазои эътимод дар муносибатҳои ду мамлакатро, ки бар арзишҳои чандинасраи дӯстӣ ва анъанаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ асос ёфтаанд, таъкид карданд. Масъалаҳои татбиқи тавофуқоти сарварони ду диёр доир ба пешбурди музокироти дуҷониба оид ба муайян намудани хатти сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон ва натиҷаҳои вақтҳои охир дар ин самт бадастомада дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки тайи чор моҳи гузашта ҷонибҳо навиштаҷоти лоиҳавӣ ва кории тақрибан 196 километри хатти сарҳади давлатиро ба мувофиқа расонда, ба ҳолати имрӯза дар маҷмуъ, қариб 90 дарсади гузариши онро анҷом додаанд.
Пешвои миллат аҳамияти дар ин маҷро идома додани корҳо оид ба ҳалли ҳамаҷонибаи масоили марбут ба сарҳадро таъкид намуданд. Ҳамчунин масъалаҳои истифодаи муштараки захираҳои обии дарёҳои фаромарзӣ, тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодӣ, парлумонӣ ва дар дигар самтҳои ҳамкории байни ду кишвар баррасӣ шуданд.
Зимни мулоқот ба мавзуъҳои алоҳидаи дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир шуд.