ҲИСОР. ҲОЛИ ТАБОҲИ ЯК КОРХОНА
Беҳавсалагӣ ва хунукназарии мутасаддиён ҳоли Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонӣ»-и шаҳри Ҳисорро табоҳ кардааст. Дар ҳоле ки то чанд сол қабл тозаю поккорӣ ва кашондани партовҳои хиёбону маҳаллаҳо ва деҳоти шаҳрро Корхонаи фавқуззикр пурра дар ихтиёр доштааст. Мутаассифона, кунун Корхона мувоҷеҳи касодӣ гардида, базаи моддию техникиаш рӯ ба нестӣ ниҳода истодааст.
Баробари ба ҳавлии Корхона дохил шудан, дар саҳни он ва зери айвонҳо чанд нақлиёт бо оҳанҳои зангхӯрда, шинаҳои пӯсидаю кафида ва оинаю шишаҳои шикаста ба чашм мерасанд. Маълум мешавад, ки онҳо чанд сол аст аз истифода бозмондаанд. Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи масъулон, алҳол Корхона дорои 11 техника мебошад. Аз ин шумора, нақлиёти тамғаи ГАЗ-53 ва ду ЗИЛ-130, ки мероси собиқ Иттиҳоди Шуравӣ мебошанд, куҳнаю таъмирталаб гардидаанд. Ба гуфтаи директори Корхона Масрур Ҳусейнов, аз ду трактори МТЗ-80.1 яктои он бо ядакаш ва МТЗ-80.1-белдор (мехлопата) дар ҳолати корӣ қарор дораду бас. Боқӣ техникаҳои зарурӣ таъмирталаб шудаанд. Маҳз аз фориғболии масъулон, ҳатто, техникаҳои соли бароришашон 2010 корношоям гаштаанд. Бавижа, трактори МТЗ-80-белдор, рақами қайди давлатиаш 63 07 ТА 01, ки соли бароришаш 2010 мебошад, ба оҳанпораи нолозиме табдил ёфта истодааст. Иншоотҳои ёрирасони Корхона вайрона гашта, дар ҳолати ҳузнангез қарор доранд. Бинои маъмуриаш низ рангпаридаю фарсуда шудааст.
– Феълан дар Корхонаи мазкур 19 нафар кор мекунад. Музди миёнаи меҳнати онҳо 940 сомониро ташкил медиҳад. Камина чанде пеш директори Корхона таъин гардидам. Корхона ба 1822 муштарӣ дар ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Ҳисор хизмат мерасонад. Инчунин, барои кашондани партов бо 9 ташкилоту муассисаи давлатии буҷетӣ ва 4 худмаблағгузори шаҳр қарордод бастаем. Барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта талош дорем. Бахусус, ният дорем, ки бинои маъмурии Корхонаро таъмир созем. Нақшаи имсолаи даромад аз ҳисоби ҷамъоварии маблағи хизматрасониро 511 ҳазору 812 сомонӣ муқаррар кардем. Ҳар моҳ 8 фоизи маблағи ғуншударо ба суратҳисоби Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и ҷумҳурӣ мегузаронем, – афзуд М. Ҳусейнов.
Собиқ масъулони шаҳр шуруъ аз соли 2018 поккорию партовкашонӣ ва ҷамъоварии маблағҳои ҳаққи хизматрасонӣ аз муштариёни дигар ҷамоатҳои деҳоти шаҳрро дар ихтиёри Муассисаи давлатии ободонию кабудизоркунии шаҳр гузоштаанд. Ба ҷойи Корхонаи хоҷагии манзилию коммуналиро дастгирӣ намудан ва онро аз буҳрон берун кашондан, баръакс, мавқеи фаъолияту хизматрасониашро тангтар намуда, фақат ба он Ҷамоати шаҳраки Ҳисорро вогузор кардаанду халос. Корхона дар назди шабакаҳои барқи шаҳри Ҳисор 40 ҳазор сомонӣ аз ҳаққи истифодаи неруи барқ вомдор мебошад. Ба замми ин, аз нозироти андози шаҳр низ 630 ҳазор сомонӣ қарздор аст. М. Ҳусейнов бо итминон гуфт, ки дар пайи ба низом даровардани фаъолияти Корхона талош меварзад. КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ваъда додааст, ки соли ҷорӣ ба Корхона техника медиҳад. Барои хариди қисмҳои эҳтиётии мошинҳои таъмирталаб ва таҷдиди биною беҳтарсозии шароити Корхона лоиҳа таҳия намуда, ба шарикони хориҷӣ пешниҳод намудаанд. Аз ваъда ба амал гузаштанро танҳо вақт нишон хоҳад дод. «Ҷумҳурият» мавзуъро пайгирӣ мекунад…
Ёқуби СОДИҚ, «Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26