ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ. АВЛАВИЯТ БА ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОН

СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ. АВЛАВИЯТ БА ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОН

06 феврал 2024, Сешанбе
12
0

 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ перомуни беҳтар гардидани некуаҳволӣ, сатҳу сифати зиндагии мардум ишора карда, таъкид намуданд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи аҳолии мамлакат ду баробар зиёд шуда, аз 5,3 миллион нафари соли 1991 то ба 10,2 миллион нафар дар соли гузашта расидааст. Ин аз ҳисоби афзоиши табиии аҳолӣ, паст гардидани фавт буда, умри миёнаи аҳолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз шаш сол афзоиш ёфта, нишондиҳандаи мазкур далели равшану возеҳи беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мебошад.

Мо – собиқадорони ҷангу меҳнат, аз он сарфарозу ифтихормандем, ки Пешвои муаззами миллат ҳамеша дар ҳаққамон ғамхорӣ зоҳир намуда, таъмини шароити иҷтимоӣ, пайваста баланд бардоштани ҳаҷми нафақа ва роҳандозии дигар ёриҳои моддиро дар меҳвари таваҷҷуҳи хеш қарор додаанд. Илова ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба собиқадорони ҷангу меҳнат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд низ ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг, ҳамсарони саробонашон дар ҷангҳо ҳалокшуда, маъюбону ҷанговарони қаламрави давлатҳои дигар, иштирокчиёни барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва чернобилчиён кумакпулиҳои ҳармоҳа муқаррар намудааст. Ин дар ҳолест, ки дар вилоят 336 нафар гирандаи нафақа барои хизматҳои махсус, 117 гирандаи нафақаи вилоятӣ зиндагӣ мекунанд, ки айни ҳол аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят ба андозаи аз 70 то 200 сомонӣ ба нафақаашон иловапулӣ пардохта мешавад. 
Дар арафаи 78-солагии Ғалаба дар ҶБВ аз ҷониби мақомоти вилоят ба иштирокчиёни ҷанг 7000 сомонӣ, ба собиқадорони ақибгоҳи солҳои ҷанг 4000 сомонӣ кумакпулиҳои яквақта пардохт шуданд. Гузашта аз ин, роҳбарияти вилоят баҳри баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббии собиқадорони ҷангу меҳнат чораҳои амалӣ меандешад. Аз ҷумла, соли 2023 дар вилоят бо ин мақсад 20 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо ва эҳтиёҷи собиқадорон ба аробачаҳои маъюбӣ, дастгоҳи шунавоӣ, шинондани дандонҳои сунъӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ қонеъ гардонда шуданд. 
Дар баробари ин, аз ҷониби МИҲД вилоят барои харидани роҳхати осоишгоҳ барои собиқадорони ҷанг ва заҳматкашони ақибгоҳи солҳои ҷанг Шурои собиқадорони вилоят маблағгузорӣ мешавад. Чунончи, соли 2023 бо дархости Шуро ва дастгирии раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои харидани 92 роҳхати осоишгоҳи «Шифо» дар нақшаи хароҷотии Шуро барои соли 2023-юм 162100 сомонӣ маблағ пешбинӣ ва роҳхатҳо ба эҳтиёҷмандон дастрас гардиданд, ки ин ҳама аз файзи сиёсати хирадмандонаву инсонпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.

Шавкат АЛИЕВ, муовини раиси Шурои собиқадорони вилояти Суғд, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив