ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ШАҲОМАТИ «РОҒУН»

ШАҲОМАТИ «РОҒУН»

06 феврал 2024, Сешанбе
18
0


Бо дастуру мусоидати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони ташкилоту муассисаҳои гуногуни кишвар барои аз наздик шинос гардидан бо рафти сохтмони иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба ин корзор борҳо ташриф овардаанд, аз ҷумла 170 нафар устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли рафта ба ин арсаи меҳнати шуҷоатмандона омада, чанд соате меҳмони коргарони техникию муҳандисӣ шуданд. 
Сафари онҳо дар ду гурӯҳ сурат гирифт. Аз дидани иншооти бунёдшаванда, ду агрегати нерудиҳанда ва суҳбат бо коргарон, роҳсозон, ронандагон, кафшергарон, бетонрезон, арматурбандон, таббохон, муҳандисони ботаҷриба ва ашхоси дигар касбу кор таассуроте бардоштанд, ки боиси эҷод гаштан ва ба нашр расидани ҳамин маҷмуаи ёддоштҳо, лавҳаву мақолаҳои публитсистӣ бо номи «Шаҳомати «Роғун»» гардид. 
Академик Қобилҷон Хушвахтзода бардошти худро аз ин саёҳати таърихӣ ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» чунин ба риштаи тасвир кашидааст: «Неругоҳ ба тамоми маънӣ беназир аст ва он гувоҳи раднопазиру бузурге дар сиёсати бунёдкоронаву муваффақонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Роғун» ҳадафи чоруми стратегии кишвари моро амалӣ менамояд. Иқтисодиёт пеш меравад ва Тоҷикистон ба як давлати саноатӣ ва содиротии минтақа табдил меёбад».
Мақолаҳои «Шаҳомати «Роғун»» на танҳо таассуроти муаллифонро аз дидани иншоот дар худ рақам задаанд, балки тасвиргари дастовардҳои сохтмончиён, бунёдгарони заҳматқарин, ки дар зери борону барфҳои фасли зимистон ва офтоби гарми тобистон неругоҳ месозанд низ, мебошанду аз ҳар пешрафти созандагони манбаи нури пуриқтидор ҳарф мезананд, меболанд. Ана ҳамин маънӣ аз ёддошти доктори илмҳои химия Сафармамад Сафармамадзода бармеояд, ки гуфтааст: «Воқеан, сафари намояндагони ДМТ ба НБО «Роғун» саршор аз шӯру шавқ буд. Аз як тараф, табиати сабзу тозаи осебнадидаи Роғун, аз тарафи дигар, пеши маҷрои дарёро бастану синаи кӯҳро шикофтани коргарон ҳар бинандаро шефта мекунад. Бо мушоҳидаи созандагиҳои Роғун ба воқеияти созандагии ин миллат ва ба қадри истиқлолияту ваҳдати миллӣ, ки кафили пешрафту калиди дастовардҳоянд, мерасӣ ва дарк месозӣ, ки миллат вақте сарҷамъ шавад, тақдири худро чӣ гуна месозад. 
Нашри «Шаҳомати «Роғун»», нигоштааст муҳаррири китоб, доктори илмҳои филология, профессор Мурод Муродӣ, кӯшише дар шинохти Неругоҳи барқи обии «Роғун» буда, мутолааи он барои коршиносон, муҳаққиқон, таърихнигорон, омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, хонандагону донишҷӯён баманфиат хоҳад буд.  

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 06.02.2024 №: 26
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив