САНОАТ. БУРДУ БОХТИ СОҲАИ ҚОЛИНБОФӢ
Саноатикунонии босуръат яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар маҳсуб ёфта, барои ноил шудан ба он, бахусус тайи чанд соли охир, тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ мегарданд. Бунёди коргоҳу корхонаҳои нави пуриқтидор мисоли равшани ҳамин гуфтаҳоянд. Дар ин миён, саҳми корхонаҳои қолинбофии кишвар, ки кӯшиш доранд истеҳсоли ватаниро рушд дода, мавқеи худро дар бозори дохиливу хориҷӣ устувор гардонанд, назаррас ва боварбахш аст. Хоса, ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуди “Қолинҳои Қайроққум”, “Мавлонои Румӣ”, “ТоҷФейза”, “Қолинҳои Диёр” ва “Қолинҳои Душанбе” дар ин самт бештар аз пештар кӯшиш доранд. Вале тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, бо вуҷуди пешрафти соҳа, ҳанӯз ҳам муаммо ё монеаҳое ҷой доранд, ки барои расидан ба ҳадафи ниҳоӣ халал ворид мекунанд. Акмал Шарипов, муовини сардори раёсати саноати сабук ва пиллаи Вазорати саноат ва технологияҳои нав, бурду бохти имрӯзаи соҳаи қолинбофиро дар суҳбати ихтисосӣ бо хабарнигори рӯзнома чунин шарҳ дод:
– Давоми соли 2023 аз ҷониби корхонаҳои соҳа, дар маҷмуъ, 6 миллиону 688,3 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол шудааст. Мутаассифона, ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2022-юм 633,5 ҳазор метри мураббаъ кам буда, талаботи умумии аҳолиро, ки ба 10 миллион метри мураббаъ баробар аст, қонеъ гардонда наметавонад.
Яке аз сабабҳои асосии камшавии истеҳсоли қолин ин ба ҷумҳурӣ ба таври ғайрирасмӣ, яъне қочоқ, ворид гардидани ин навъи маҳсулот мебошад. Воқеан, бо мақсади коҳиш додани воридот ва дар баробари ин, рушд бахшидан ба истеҳсолоти ватанӣ ба қолинҳои воридшуда 30 дарсад меъёри аксизӣ ҷорӣ карда шуд, ки, аллакай, самаровар аст. Барои мисол, соли гузашта ба ҳудуди мамлакат ба маблағи 1 миллиону 186,1 ҳазор доллари ИМА қолин кам ворид гардидааст. Дар маҷмуъ, агар ба нишондодҳои расмӣ назар андозем, воридоти маҳсулоти қолинӣ дар соли 2023 назар ба соли қаблӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. Аммо аз рӯйи воридот бо роҳи қочоқ маҳсулот бозори ватаниро бештар фаро гирифтааст, ки боиси нигаронист. Маҳз бо ҳамин сабаб, корхонаҳои қолинбарории мо натавонистанд дурнамои худро пурра иҷро кунанд. Аз ҷониби дигар, вақте маҳсулот тариқи қочоқ ворид мегардад, аз он ситондани меъёри аксизӣ (30%) низ ғайриимкон мешавад. Бо ҳамин роҳ, баъзе масъулони манфиатҷӯ ба воридоти ғайрирасмӣ мусоидат намуда, соли гузашта ба буҷети давлат 9 миллиону 100 ҳазор сомонӣ зарар расонданд.
Омили дигари коҳиш ёфтани ҳаҷми истеҳсолот ин мушкил дар дастрасӣ ба ашёи хом маҳсуб меёбад. Гап сари он меравад, ки барои истеҳсоли қолин ва маснуоти қолинӣ ашёи хоми ватанӣ истифода мешавад. Бинобар ин, барои таъмини рақобатпазирии маҳсулот зиёд намудани истеҳсоли ашёи хоми босифат зарур аст. Дар ҳоле, ки технологияи муосир низ, истифодаи ашёи хоми босифатро тақозо менамояд. Воқеият ин аст, ки айни ҳол дар корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ норасоии ашёи хом аз мушкилоти мубрам маҳсуб меёбад. Барои истеҳсоли қолин, ки, асосан, навъи риштаи ҷут лозим аст, ашёи хом аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Бангладеш, ворид мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки ҳарчанд ҶДММ “Қолинҳои Қайроқум” 60 дарсади талаботи корхонаро бо ашёи хоми худӣ таъмин мекунад, дар маҷмуъ, норасоии ашёи хом барои рушди дилхоҳи соҳа мушкили ҳалталаб боқӣ мемонад.
Вазорат ҷиҳати ҳалли ин ва мушкилоти дигари соҳа тасмим гирифтааст, то дар семоҳаи аввали соли 2024 аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор гурӯҳи корӣ созмон дода, барои таъмини рушд ва рақобатпазирии қолинбофӣ ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодсози саноатӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.
Албатта, давлату Ҳукумати мамлакат ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, хоса саноатикунонии босуръат, заминаҳои муҳими рушдро таъмин намудааст. Дар ин замина, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба соҳибкорони соҳаи саноати сабук, махсусан қолинбофон, имтиёзҳои зиёд дода шудааст. Масалан, ҳангоми содироти қолин ба кишварҳои хориҷӣ соҳибкорон аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод мебошанд.
Қолинҳои истеҳсоли ватанӣ, воқеан, сифати хеле хуб ва харидорони худро доранд. Барои рафъи баъзе мушкилоти мавҷуда, ки ба рушд ва рақобатпазирии онҳо халал мерасонанд, танҳо аз тадбирҳои нисбатан муассир истифода бурдан лозим аст. Аз ҷумла, дар сурати ҷилавгирӣ аз қочоқи маҳсулоти хориҷӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти ватанӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Руҳафзо МУРОДОВА,
“Ҷумҳурият”