АРМИНИЙ ВАМБЕРИ АЗ “САЁҲАТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ” ТО ЭЪТИРОФИ ТОҶИКОН
Арминий Вамбери, шарқшиноси номвари маҷории яҳудитабор, 19-уми марти соли 1832 дар пойтахти Венгрия – шаҳри Будапешт чашм ба дунё боз кард. Ӯро дар олам ҳамчун сайёҳи зираку доно ва нобиғаи забондон мешиносанд. Донандаи сӣ забон, аз ҷумла тоҷикии порсӣ, туркӣ, арабӣ, олмонӣ, англисӣ, фаронсавӣ, буд.
Ёдовар бояд шуд, ки асари “Таърихи Бухоро ё Мовароуннаҳр аз қадимулайём то замони муосир”-ро Вамбери ба забони олмонӣ навиштааст. Онро А. И. Павловский ба забони русӣ тарҷума карда, бо номи “История Бохары или Трансоксании с древнейших времён до настоящего” дар Санкт-Петербург соли 1873 чоп намуд. Вамбери ба ҷаҳони Аврупо аз аввалинҳо шуда гӯшзад кард, ки сабаби ҳамчун гаҳвораи тамаддун боқӣ мондани Осиёи Марказӣ, махсусан дилу ҷигари он – Самарқанду Бухоро, тоҷиконанд: “Бухоро танҳо барои он маркази тамаддуни осиёимиёнагӣ гардида буд, ки дар он аз давраҳои қадим тоҷикон қисми калони аҳолии онро ташкил медоданд” (Вамбери А. История Бухары или Трансоксании с древнейших времён до настоящего времени. 1873. С. 95). Мавсуф то охири умр дар Будапешт омӯзгор буд. 15-уми сентябри соли 1913 дар ҳамон ҷо аз ҷаҳон гузашт.
ТАЪРИХИ ИНШОИ КИТОБИ “САЁҲАТ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ”
Вамбери аввалин гардишгари аврупоӣ буд, ки қариб тамоми Осиёи Марказиро давр зад, ба гӯшаю канори дурдасти Шарқ сафар карда, дар бораи он ба таври муфассал ва романтикӣ асаре навишт бо номи “Саёҳат дар Осиёи Марказӣ”. Он соли 1864 чоп шуда, дар Аврупо ғулғула афканд. Китоб қариб ба ҳамаи забонҳои қитъаи Аврупо тарҷума гашта, ба табъ расид.
Вамбери дар “Саёҳат дар Осиёи Марказӣ” шароити табиию экологӣ, хусусиятҳои вижаи зиндагии мардуми Туркманистон, хонигарии Хива ва аморати Бухоро, ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии онҳоро дар садаи XIX ба таври зинда ва равшан тавсифу тасвир менамояд. Асари мазкурро адабиётшиноси маъруф Абдунабӣ Сатторзода барои омӯхтани табиат ва мардуми Афғонистону Эрон низ боарзиш мешуморад.
– Вижагии кори ӯ дар бораи тоҷикон ва халқу қавмҳои дигари Осиёи Марказӣ боз дар он муассир аст, ки нахустин маротиба як аврупоӣ ба тамаддуни тоҷикон ва эрониён назар медиҳад, – изҳор медорад Абдунабӣ Сатторзода.
Бояд афзуд, ки на ҳама навиштаву гуфта ва далелу арқом ва номҷойҳои овардаи Вамбери дар ин китоб ва дигар осораш дурусту дақиқанд. Аксари пажӯҳандагони таърих ва мардумшиносӣ ба ин заъфи кораш ишора кардаанд. Бартарии китоб аввалин сарчашма дар Аврупо будани он аст.
ТОҶИКОН ДАР ОСОРИ ВАМБЕРИ
Вамбери, пеш аз ҳама, бо вожаи “тоҷик” робитаи мустақим дорад ва омӯхтаву навиштаҳои мавсуф барои шарқшиносону омӯзандагони Осиёи Марказӣ мисли дастурест. Вамбери, ба андешаи мо, солҳои хидмат дар Академияи илмҳои Усмониён бо номи “тоҷик” шинос шуд ва дастнависи уйғурии «Кутадғу билиғ» (“Дониши хушбахтиовар”)-ро биомӯхт. Дар ин дастнавис (манускрипт), ки соли таълифаш 465-и ҳиҷрии қамарӣ мебошад, калимаи “тоҷик” зиёд истифода мегардад.
Ӯ дар офаридаҳои худ забони тоҷикии порсиро ҳамчун забоне шинохтааст, ки дар асри XIX ҳам нафосати аввалияи худ ва ҳам нафосати гуфтори ашъори Рӯдакиро нигоҳ доштааст: “Забонҳои аз ҳама бештар истифодашаванда дар Бухоро забонҳои порсӣ ва туркист. Бо забони якум тоҷикон, аҳолии шаҳр ва, умуман, ҳамаи бухориҳое, ки камтарин маълумотро доранд, гуфтугӯ карда, бо он корбарӣ ва мукотибот анҷом медиҳанд” (Вамбери А. Очерки Средней Азии. М., 1868. С. 403).
Устод Айнӣ соли 1928 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (№ 4-5) суханони худро бо хулосаи Вамбери қувват медиҳад: «Лаҳҷаи форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап мезананд, то имрӯз аз тарафи донишмандони забони форсӣ тафтиш нашудааст. Дар ин лаҳҷа аз ҷиҳати луғат ва аз ҷиҳати эъроб бисёр хосиятҳо ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба ёд меоранд, дар ин лаҳҷа замирҳо ва феълҳо назар ба лаҳҷаи ҳозираи Эрон ба таъсири забони бегона камтар дода шудаанд...».
Дар ҷои дигар қайд мекунад, ки тоҷикон аз рӯи аслу насаби худ ба қавмҳои бостонӣ – бохтариҳо, суғдиҳо, нисбат доранду дар манотиқи Осиёи Марказӣ сокинони аслиянд: «Тоҷикон аз замонҳои кадим аксарияти кулли аҳолиро ташкил медоданд, ки тамоюлҳои фарҳангии то исломиро идома медиҳанд, ҳарчанд аз ҳукумат маҳрум буданд, вале нисбат ба ҳокимони худ нақши фарҳангварӣ доштанд. Мисли қарнҳои нахуст, баъд аз пазируфтани ислом дар арсаи донишҳои мазҳабӣ ва фалсафа, тоҷикон аз дигарон фарқ доштанд, ҳамчунон, ки ҳоло дар Бухоро, Хуканду Қошғар тақводорони маъруф ва шайхҳо ба ин миллат тааллуқ доранд». Ҷои дигар: “Тоҷикро аз ҳаракати ҷаззоб ва зарангиву кордонияш метавон шинохт”.
Дар Тоҷикистон ҳанӯз соли 1986 филми мустанади “Дарвеши ланг” (“Тоҷикфилм”)-ро ба навор гирифтанд. Ин ном ба он хотир аст, ки Вамбери аз кӯдакӣ ланг буд ва гоҳе асобағал ҳам мегирифт. Ин норасоӣ ҳангоми сафарҳояш ӯро сахт ранҷ медод, вале вай аз саёҳат барнагашт.
Бо гузашти сиву шаш сол – моҳи феврали соли 2022, дар Будапешт ба ифтихори 190-солагии Вамбери ва 30-умин солгарди бароҳмонии равобити дипломатии Тоҷикистону Венгрия филми мустанади таҳиягарон ва коргардонҳои тоҷику маҷор аз ҳаёту фаъолияти Вамбери намоиш дода шуд. Филм дар асоси ёддоштҳои Вамбери ва таассуроти ӯ аз сафараш ба Осиёи Марказӣ дар солҳои 1863-1864, ошноии ӯ бо мардуми тоҷик, таъриху забону фарҳанг ва расму оинҳои он қисса мекунад. Доираҳои илмӣ ва фарҳангии Венгрия, ҳайати дипломатии шаҳри Будапешт филмро хуш пазируфтанд. Ҳамон сол аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мизи мудаввари илмии онлайнӣ таҳти унвони «Тоҷикон дар асарҳои шарқшиноси маҷористонӣ Арминий Вамбери» баргузор гардид.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”
Санаи нашр: 08.02.2024 №: 28