ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН, ЭЙ УМЕДИ ОХИРИН (ДАР ПАСОПАРДАИ ФОҶИАБОРИ ҶАҲОНИ МУОСИР)

ТОҶИКИСТОН, ЭЙ УМЕДИ ОХИРИН (ДАР ПАСОПАРДАИ ФОҶИАБОРИ ҶАҲОНИ МУОСИР)

13 феврал 2024, Сешанбе
18
0
Тоҷикистон,
Эй умеди охирини охирин.
Охирин анвори ишқу меҳр дар чархи барин,
Охирин тасвири ҷаннатбор 
Дар канори бораҳои  кӯҳсори нозанин.
Тоҷикистон,
Эй тулуи озарину эй ғуруби оҳарин,
Охирин акси муҳаббат рӯи таблои Замон,
Охирин тасвири некӣ дар саропои Замин.
Бо фурӯғи қуллаҳои барфи симин,
Бо зулоли обшори мармарин,
Бо фурӯғи Офтоби зарҳалин андар ҷабин...
Тоҷикистон, эй умеди охирини охирин!
Аз тамоми пайкари он Ориёнои бузург,
Ориёнои муқаддас, қалъаи шаъну шаҳомат
Монда як ангуштари зарриннигин.
Охирин як чашмаи поку зулолу руҳбахш,
Як умеди охирини одамин...
Эй дареғо,
Ҳирс акнун ҳокими дунёст, 
Аҷз акнун як вабои бедавост,
Эй Худои мутаол, оё куҷоӣ?
Ку дигар самти наҷоти одамият?
Ку дигар самти раҳоӣ?
Оҳ, оламро бубин,
 ин кинаву ғамро бубин,
Модарони кушта дар болои тифл,
Тифлакони кушта дар болои модар,
Кишвари бар хок яксон, ғарқаи хун,
Синаи чоки Замин аз дасти одамро бубин...
Нолаҳо аз зери бетони фурӯрафта,
Нолаҳо дар рӯи хоки зиндадаргӯрон,
Лоилоҷӣ.., 
Даҳшати чашмони пурнамро бубин... 
Оҳ, дидӣ, ноаён,  пайваста оламро
Ҷанги бемаънои мазҳабҳо ба комаш бурд,
Фитнаву найранги ин дунё ба комаш бурд,
Турктозиҳои бемаъно ба комаш бурд.
Як ту мондӣ инчунин поку мубарро,
Як ту минӯи хирад дар гунбади мино.
Як ту мондӣ бо зулоли обҳои пок,
Чун навори ишқ андар домани афлок
Бо ҳазорон ранги идрок,
Бо фари фарзонагону панду андарзу футувват,
Бо муҳаббат, дӯстдорӣ,
Бо дили бебок, 
     бо домони пок.
Эй вуҷуди монда аз сад ҷабри таърих,
Бо ниҳоди реш-решу бо сиришти чок-чок...
Тоҷикистон – меҳани Наврӯз, яъне,
Меҳани шеъру суруд,
Меҳани ишқу дуруд,
Тоҷикистон – меҳани Наврӯз , яъне 
Меҳани сулҳу салоҳу оштӣ,
Миллате, ки асрҳои аср
Тухми некӣ, тухми шафқат, тухми нусратро
Дар сиришти одамият коштӣ.
Суннату ойини чун оина покатро
Суннати аҳли башар бояд намуд,
Дини дунёро дигар бояд намуд,
Дини ишқу дӯстдорӣ, дини некӣ, дини ҷуд.
Бо ҳамин дини муқаддас,
Бар фасоду ҳирсу ҷабру зулмати дунё зафар бояд намуд.
Одамон беҳуда меҷӯянд аз олам
Манзили Додорро.
Манзили ӯ дар ниҳоди мост,
Дар муҳаббат, дар видоди мост.
Як Худо моро дар ин дунё нигаҳбон аст,
Як Худое, ки чу меҳр андар дили мо, мисли  виҷдон  аст,
Дар сиришти одамон аст,
Як Худое, ки худаш ҷон аст! 
Мекушӣ вақте ки инсонро, сафоро мекушӣ,
Ақлро, андешаро, сидқу вафоро мекушӣ,
Балки худро мекушӣ,  асли бақоро мекушӣ,
Ибтидову интиҳоро мекушӣ!
Ҳеҷ мефаҳмӣ?  Намефаҳмӣ? Худатро на,
 Худоро мекушӣ!?
Суннати дерини Наврӯзи Аҷам ин аст, андар рӯзи Наврӯз
Одамон берун раванд аз банд-банди хештан, 
аз ҷилди пӯст
Одамон бар ҳам  гуноҳи ҳамдигар бахшанд,
Пок гарданд аз кудурат,
Аз ғубори кинаву найранг як гарде намонад,
Як фақат монад муҳаббат.
Ногапон гарданд ҳамгап,
Душманон гарданд дӯст.
Суннати Наврӯз ин аст,
Дар ҳамин суннат наҷоти одамин аст.
Ҷашн мебояд гирифтан баъд аз ин Наврӯзро
Дар ҳама дунё,
Дар Япону Русу Аврупо, 
Дар Араб, дар Чину Амрико...
То ки ин суннат ба базми сулҳу ишқу дӯстӣ
Раҳнамо бошад,
То ҳама аҳли ҷаҳонро як муҳаббат, як асолат, як Худо бошад!
То шукӯҳу файзи Наврӯзи Аҷам гетинамо бошад
Зиндагониро  бақо бошад, бақо бошад, бақо бошад!
Камол НАСРУЛЛО,  Шоири халқии Тоҷикистон
Санаи нашр: 12.02.2024 №: 30
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив