ҶУМҲУРИЯТ » БАХШҲО » ТОҶИКИСТОН. ТАВСЕАИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ СУДИ  БЕШТАР ХОҲАД ДОШТ

ТОҶИКИСТОН. ТАВСЕАИ САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ СУДИ  БЕШТАР ХОҲАД ДОШТ

01 март 2023, Чоршанбе
81
0
 
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ– Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ оид ба дастовардҳои соҳаи сайёҳӣ сухан ронда, зарурати рушди сайёҳии экологиро дар кишвар махсусан таъкид доштанд. 
 
Имрӯзҳо сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои нави сайёҳӣ маҳсуб ёфта, дар бисёр кишварҳои ҷаҳон босуръат рушд меёбад. Сайёҳии экологӣ ягона самте мебошад, ки ба ҳифзи захираи асосии худ – муҳити табиӣ ва ҷузъҳои алоҳидаи он манфиатдор мебошад. Тааҷҷубовар он аст, ки, аз як тараф, дар саросари ҷаҳон талабот ба роҳат ва манфиатҳои тамаддуни башарӣ ва, аз тарафи дигар, зарурати ҳадди ақал барои муддате аз ин дороиҳо даст кашидан ва рафтан ба ҷойе, ки табиат дар шакли пештара ҳифз шудааст, меафзояд.  
Натиҷаи ҳамин тамоюл аст, ки сайёҳии экологӣ ба яке аз бахшҳои босуръат рушдёбандаи иқтисоди ҷаҳонӣ табдил ёфта, экосайёҳон қариб сеяки тамоми сайёҳони ҷаҳонро ташкил медиҳанд. Баъзеҳо табиатро меомӯзанд, дигарон ба саёҳат ва дучархаронӣ мераванд, қисми дигар тамошои минтақаҳои дорои хусусиятҳои хоси миллӣ ва фарҳангу анъанаҳоро афзал медонанд. Самтҳои алоҳидаи сафар ба мамнуъгоҳҳо ва боғҳои миллӣ, шиносоӣ бо зиндагӣ дар деҳот, кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошанд. Дар ҳамин ҳол, ин барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ воситаи ба даст овардани асъори хориҷӣ бо камтарин зарар ба захираҳои табиӣ гашт. Имрӯзҳо кишварҳое чун Финляндия, Шведсия, Бразилия, Канада, ИМА, Норвегия, Испания, Олмон, Фаронса, Австралия, Швейтсария ва ғайра аз ҷиҳати сайёҳии экологӣ дар ҷаҳон пешсаф мебошанд.
Тоҷикистон   аз рӯйи имкониятҳои фаровону табиати бойи худ дар ин самти сайёҳӣ метавонад бо кишварҳои болозикр рақобатпазир бошад. Дар сурате, ки агар инфрасохторҳои зарурӣ дар мавзеъҳои ҷолиби сайёҳӣ бунёд ёбанд ва хизматрасонӣ дар сатҳи муносиб роҳандозӣ шавад. Барои ин ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ лозим меояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи сайёҳӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ин самт чораандешӣ мешавад. Аз ҷумла, сайёҳии экологӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ҳамчун як намуди сайёҳӣ муқаррар шуда, тибқи Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад. 
Гуфтан ба маврид аст, ки кӯҳҳо на танҳо як қисми зиёди заминро ишғол мекунанд, инчунин, макони асосии сайёҳии экологӣ мебошанд. Мувофиқи маълумоти Маркази ҷаҳонии мониторинги ҳифзи муҳити зист, майдони замини кӯҳҳо 35,9 миллион километри мураббаъро ташкил медиҳад, ки ин ба  24,3 фоизи тамоми сатҳи сайёраи  мо баробар мебошад. Тақрибан 24 дарсади аҳолии кураи Замин дар кӯҳҳо зиндагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, маҳз минтақаҳои кӯҳсор бо нишондиҳандаҳои пасти иҷтимоӣ ва иқтисодӣ фарқ менамоянд. Бисёре муҳаққиқон бар ин назаранд, ки рушди сайёҳии экологӣ метавонад барои бартараф кардани фарқияти байни минтақаҳои баландкӯҳ ва водиҳо мусоидат намояд. 
Тоҷикистон ҷойи мувофиқ барои экосайёҳон мебошад. Ҳамасола кӯҳҳои кишвар ҳазорон сайёҳро аз гӯшаҳои гуногуни кишвар ба худ ҷалб менамоянд. Мутаассифона, мавҷуд набудани роҳҳои пиёдагард ва пайроҳаҳо дар баъзе мавзеъҳои сайёҳгузар амалисозии ҳамаи имкониятҳои сайёҳии экологӣ, аз қабили асптозӣ, дучархаронӣ ва сайругашт дар маконҳои сайёҳиро мушкил мегардонад. 
Боғи миллӣ бо манзараи воҳиди кӯҳӣ, ёдгориҳои табиӣ ва олами ҳайвоноти нодир ҷалбкунанда аст. Боғи таърихӣ - табиии Ширкент хатсайри нав дар сайёҳии экологӣ буда, бо дараҳои кӯҳӣ, гуногунии олами ҳайвонот, изи динозаврҳо барои сайёҳон ҷолибу аҷиб аст. Ҳамчунин, мамнуъгоҳи навташкили «Хуталон» дар ноҳияи Данғара ва мамнуъгоҳи ҳайвоноту парандагони нодир дар Ҳисор аз самтҳои нави сайёҳии экологӣ ба ҳисоб мераванд. 
Бо вуҷуди баъзе камбудиҳои ҷойдошта, сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои охир рушд дорад. Дар минтақаҳои истироҳатии Ромит, Балҷувон, Варзоб ва дигар минтақаҳои сайёҳии кишвар дар баробари боздид аз мавзеъҳои зебои табиат метавон дар осоишгоҳҳо, меҳмонхонаҳо, ошхонаҳо истироҳату фароғатро пурра гардонд. 
Шароити беназири иқлимӣ ва ҷуғрофии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар як вақт навъҳои гуногуни сайёҳӣ, аз қабили сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, саргузаштӣ, табобатӣ ба роҳ монда шаванд. Маҷмуи кӯҳҳо, кӯлҳо, чашмаҳои обҳои шифобахш бо иқлими мусоид дар як минтақа, ки то имрӯз пурра истифода нашудаанд, рушди устувори фаъолияти сайёҳиро таъмин менамоянд. 
Иқтидори сайёҳии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан, бемаҳдуд мебошад, вале сайёҳии экологӣ дар Ғарб ва Тоҷикистон ду чизи гуногунанд, аммо бо вуҷуди ин, маҳз бо такя ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ, дар маҷмуъ, мебинем, ки маҳз экосайёҳӣ ба яке аз навъҳои пешрафтаи сайёҳӣ тааллуқ дорад, ки дар солҳои наздик шуҳраташ меафзояд. 
 
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
Санаи нашр: 01.03.2023 №: 46
Муҳокима кунед
Эзоҳ илова кунед
Шарҳҳо (0)
Шарҳ
Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив